РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРДИ ТОҶИКИСТОН- АЗ БЕҲТАРИНҲО ДАР ИДМ. Чунин мешуморад шабакаи телевизионии амрикоии «Настоящее время»

Октябрь 29, 2018 08:50

 ДУШАНБЕ, 29.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Шабакаи телевизионии  «Настоящее время»  рейтинги вазъ  ва сифати роҳҳои кишварҳои ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки тибқи он Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Озарбойҷон мақоми дуюмро ишғол намудааст.  Дар рейтинги мазкур давлатҳои  Беларус, Туркманистон ва Ӯзбекистон пешниҳод нагардидаанд.

Дар сегонаи ававали рейтинги мазкур Аморати Муттаҳидаи Араб (зинаи якум), Сингапур (зинаи дуюм) ва Гонконг (ҷои сеюм) қарор  доранд.  Давлатҳои Мавритания, Конго, Гаити, Мадагаскар ва Гвинея кишварҳое   арзёбӣ мегарданд, ки роҳҳояшон вазъ ва сифати хуб надоранд. 

Телевизиони «Настоящее время» дар ин масъала ба сарчашмаи бешак муътамад- «Гузориши  рақобатпазирии ҷаҳонӣ, солҳои  2017-2018»-и  Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) такя  намудааст. Гузориши мазкур дар асоси методологияи нав, бо назардошти  тамоюлҳои глобалӣ таҳия шудаааст. Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузориши мазкурро «санади насли нав -4.0»  арзёбӣ намудааст.

Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ- ин созмони ғайридавлатии  Швейтсария буда, бештар ҳамчун вохӯрии солона  дар Даввос машҳур аст. То ҷое мусалам аст, дар вохӯрии Даввос роҳбарони шинохтаи доираҳои тиҷоратӣ, сарварони сиёсӣ, журналистон  ва  дигар чеҳраҳои шинохта даъват мегарданд.

«Настоящее время» («НВ») ин шабакаи 24 –соатаи телевизиони интернетӣ-моҳворавӣ бо фарогирии аудиторияи  русизабон дар Россия, кишварҳои Аврупои Марказӣ ва  Шарқӣ ва дар тамоми ҷаҳон мебошад. «Настоящее время»  -лоиҳаи муштараки Радиои Озодӣ /Аврупои Озод ва «Садои Амрико»-ст, ки соли 2014 бо барномаи телевизионии ҳамном пахш гардида, ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар муаррифии «НВ», ки дар  «Шӯрои Атлантика» дар Вашингтон доир гардид,   дар бораи оғози пахши бахши русизабони шабакаи телевизионӣ  эълони расмӣ садо дода буд. Лоиҳаи нави «НВ»-ро президенти Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ  Томас Кент  ва директори  «Садои Амрико» Аманда Беннет муаррифӣ намуданд.

Идораи «НВ» дар Прага (Чехия) воқеъ буда, журналистони «НВ» дар  Россия, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Қирғизистон фаъолият менамоянд.

***

Ҳамин тариқ Тоҷикистон дар миёни 137 кишвари ҷаҳон аз лиҳози сифати роҳҳои автомобилгард  дар асоси рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мақоми 70-умро касб намудааст.

Муаллифони рейтинг ҳолати инфрасохтори роҳҳои автомобилгардро дар ин ё он кишвари   ҷаҳон ба андозаи аз як то ҳафт дараҷа баҳогузорӣ  намудаанд.  Ба андешаи муаллифони рейтинг, Тоҷикистон ба 4,1 бал сазовор аст.

Ин дар ҳолест, ки ягон кишвари ҷаҳон аз ин баҳои баландро соҳиб нагардидааст. Дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ба  Озарбойҷон, ки дар ҷои 36-ум ҷойгир аст,  роҳ кушод. Литва дар зинаи 37, Эстония -38, Гурҷистон -82, Арманистон- 85, Латвия -107, Россия- 114, Қазоқистон -115, Қирғизистон- 122, Молдова -128  ва Украина дар зинаи 130 қарор доранд.

***

Мусаллам аст, ки нақлиёти автомобилгард  омили асосии ҳаракат, рафту омади одамон ва интиқоли бор дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  Дар солҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ дар аксар  ноҳияҳои Тоҷикистон роҳҳо  дар ҳолати ногувор қарор доштанд. Ин раванд барои дастрасӣ  ба фаврият маҳдудият ва барои рушди иқтисоди  кишвар монеаҳо эҷод мекард. Тавре чанде қабл Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуда буданд,  ҷумҳурӣ наметавонад бидуни  бунёд ва навсозии  шабакаҳои коммуникатсионии дохилӣ  дурнамои рушди бонизом ва устуворашро таъмин намояд». Аз солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ба масъалаи беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии мамлакат,  бунёду навсозии роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ аҳамияти  махсус медиҳанд. Беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ дар мамлакат  ба Стратегияи давлатии Тоҷикистон табдил гардидааст. То ба имрӯз ҷиҳати комилан аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ба қаламрави транзитӣ мубаддал гардонидани Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоявӣ  татбиқ гардидаанд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  дар мамлакат беш аз 45 лоиҳа дар бахши сохтмон ва барқароркунии роҳҳо ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ (як миллиард сомонӣ муодил ба яксаду шаст миллиону яксаду бистучор ҳазор доллари ИМА бо назардошти қурби воқеъии бозор дар санаи 28.10.2018)   татбиқ карда шудааст. Ҳукумати  Тоҷикистон роҳҳои мусоидро барои рушд ва барқароркунии роҳҳои мамлакат меҷӯяд, дар ин самт бархе аз кишварҳо кумаки молиявӣ  мерасонанд.

Нақби  Шаҳристон, ки аз ҷониби Чин соли 2012 ба истифода дода шуд, далели ин гуфтаҳост. Дарозии нақби мазкур 5 ҳазору 253 метр буда, тӯлонитарин нақби роҳи автомобилгард дар миқёси кишварҳои ИДМ эътироф гардидааст. Дар маросими ба истифода додани ин иншооти бузурги стратегӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисони Чин изҳори миннатдорӣ намуда, гуфта буданд, ки  «мо бо ифтихор изҳор менамоем, ки  ба анҷом расонидани сохтмони  нақби Шаҳристон, Шоҳроҳи бузурги абрешим комилан эҳё гардида, бо шарофати ин роҳ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарояд».

 

Ҷанбаи муҳими консепсияи Чин- камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ мебошад. Дар доираи ин раванд Чин ба рушди бонизоми инфрасохтори   нақлиётӣ, ки ин давлатро бо кишварҳои  Осиёи Марказӣ мепайвандад, таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Ҳамзамон моҳи сентябри соли равон дар маҳаллаи 82-юми пойтахт маросими ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

Эстакадаи мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд гардидааст.

Сохтмони  эстакада  ду сол қабл моҳи июли соли 2016 бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд. Чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад.

Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад. Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд. Дар роҳи сеқабата ҳамаи қитъаҳо бо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвие, ки рӯйпӯши роҳро устувору қавӣ ва ба лағжиш тобовар менамояд, истифода гардидааст. Ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода мегардад ва муҳлати баҳрабардорияш назар ба дигар намудҳо  4 – 5 сол зиёдтар  аст.

Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст. Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёт – Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо «Синдзян-Бейсин» –и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат бурдааст.

Баҳори соли равон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва гурӯҳи тадқиқоти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) протокол дар бораи ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди  Душанбе-Бохтарро ба имзо расониданд.  Таҳияи  лоиҳаи роҳи мазкурро аз самти  Бохтар JICA  ва Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ менамоянд.   Моҳи апрел мутахассисони гурӯҳи таҳқиқотии JICA ба омӯзиши қисмати ҷанубии қитъаи Қизилқалъа-Бохтар, ки дарозияш 10 километр мебошад, барои омода намудани лоиҳакашӣ  ба омӯзиш шурӯъ карданд.  Мувофиқи протокол, муҳлати корҳои тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва тарҳрезии ниҳоии қисмати роҳи автомобилгард  як солро дар бар мегирад.

Марҳилаи якуми корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии Бонки Рушди Осиё,  Фонди ОПЕК ва саҳми Ҳукумати Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Қаблан Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 90 миллион доллар ҳамчун грант барои барқарорсозии 40 километр  қитъаи роҳи автомобилгард, ки Душанбе ва Бохтарро бо шаҳрҳои калон ва марказҳои иқтисодии Тоҷикистон мепайвандад, кумак намуда буд.

Интизор меравад, ки таҷдиди  ин шоҳроҳи барои мамлакат муҳим  то соли  2023 ба анҷом расонида шавад.

Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон супориш додаанд, ки роҳи мазкур  аз муҷассамаи Абуалӣ ибни  Сино  то дарвозаи ғарбии Душанбе то ҳашт хат васеъ гардонида шавад,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президент.

Баъди таҷдид,  паҳноии роҳҳо дар Душанбе ба 68 метр расида, то дарвозаи ғарбӣ барои ҳаракати  нақлиёт ҳашт хат бунёд карда мешавад.

Ҳамзамон дар ин шоҳроҳ чор хати ҳаракат барои  ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад, ки  имкон медиҳанд  сатҳи танбашавӣ  коҳиш ёбад.

Сифати иҷрои корҳо  аз ҷониби ширкати машваратии Испания  «Эптиса» назорат карда мешавад.

Октябрь 29, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид
Ширкати Чин дар вилояти Хатлон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол менамояд