Рустами Эмомалӣ: «Ташаккур ба дастаи мунтахаби наврасон барои медалҳои нуқра дар Чемпионати Осиё-2018»
ДУШАНБЕ, 08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар Чемпионати Осиё-2018 арзи сипос намуд. Дар Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар кишвари Малайзия доир гашт, дастаи мунтахаби кишвари мо на танҳо медалҳои нуқра, ҳамчунин роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17) дар Перуро ба даст овард.
«Ба дастаи наврасони Тоҷикистон барои натиҷаи беҳтаринашон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия нишон доданд, изҳори сипос менамоям. Бачаҳои мо бозии олӣ нишон доданд ва барандаи медалҳои нуқра шуданд! Даста тавоноии худро на танҳо дар даври гурӯҳӣ, ҳамчунин дар даврҳои плей-офф ба муқобили беҳтарин дастаҳои Осиё, мисли Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония нишон дод. Дар бозии финалӣ муқобили дастаи Япония имконияти дастаи наврасони мо камтар буд. Вале бозингарон аз тамоми имконияташон то охир истифода бурданд, то сонияҳои охирин талош карданд ва ба мо эҳсоси зиёди гуворо туҳфа намуданд.
Чунин мешуморам, ки медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё-2018 барои мо арзиши тиллоро доранд. Дар замони баргузории чемпионат дастаро миллионҳо нафар дар Тоҷикистон дӯст доштанд, ки ин аз ҳама муҳим аст. Ташаккури зиёд ба ситоди мураббиён бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои кори арзандаашон. Ҳамчунин сипос ба мухлисон барои дастгириашон – бе дастгирии онҳо ба чунин натиҷа расидан номумкин буд. Бо истифода аз фурсат ба дастаи наврасони кишвар, ки ба наздикӣ дар Чемпионати Осиё дар Индонезия ширкат мекунад, муваффақият мехоҳам», — изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ.








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид






