Сафари Пешвои миллат ба Суғд ва натиҷаи фаъолияти Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ,– шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Октябрь 25, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, мулоқоту гуфтугӯҳо бо сокинони ин вилоят ва ифтитоҳи иншооти навбунёд, гузориш аз натиҷаи фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ ин ҳафта дар сархати матбуоти даврии ҷумҳурӣ қарор доштанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» (24.10.2018, №207) мисли ҳарвақта сафари кории Сарвари давлатро ба таври васеъ инъикос намудааст. Аз ҷумла, дар гузориши «Боздиди Пешвои миллат аз Боғи миллии «Ваҳдат» гуфта мешавад, ки ин боғ 20 марти соли 2008 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, ҳамон сол дар майдони 100 гектар ниҳоли зардолу шинонда шуд. Майдони умумии боғ 631 гектарро ташкил медиҳад ва дар 364 гектар зардолу, 48 гектар шафтолу, 35 гектар себ, 5 гектар гелос, 12 гектар олу ва 10 гектар ангур парвариш карда мешавад. Дар ҳудуди боғ аз ҷониби Сарвари давлат дар масоҳати 0,9 гектар ду гармхона барои парвариши помидору бодиринг ифтитоҳ шуд.

Нашрия менависад, ки дар муассисаи давлатии мазкур бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Ин имкон медиҳад, ки ҳосили боғот талаф наёфта, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба харидорон пешниҳод гардад. Дар муассиса 80 нафар ба таври доимӣ ва 60 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Инчунин дар ин шумора доир ба фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ зери сарлавҳаи «Таъмини волоияти қонун дар ВМКБ» гузориш нашр шудааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки «ба ҳолати то 16 октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгор Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4 700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 грамм маводи тарканда мусодира карда шуд».

Нашрия менависад, ки «ҳанӯз ҳам дар дасти саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва ашхоси алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад. Аз ин лиҳоз, Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки тамоми силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ  супорида шавад. Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбат ба онҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ мегардад».

Дар шумораи мазкур гузоришу мақолаҳои дигар бо сарлавҳаҳои «Душанбе. Омодагӣ ба фасли сармо», «Лахши сафобахш мавзеи камназири сайёҳӣ», «Истиқлолият ва арзишҳои фарҳангӣ», «Эҳтиёт! Интернет василаи ошноӣ бо терроризм» нашр шудаанд.

Нашрияи Маҷлиси Олӣ «Садои мардум» (25.10.2018, №129) суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи гимназияи рақами 1 дар шаҳри Хуҷандро таҳти унвони «Ин муассиса наслеро ба воя расонидааст, ки дар таъсису ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд» чоп кардааст. Сарвари давлат зимни суханронӣ дар назди аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд таъкид намуданд, ки ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ далели таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватанамон мебошад: «Муассисаи нави таълимие, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, дар заминаи муассисаи таълимие бунёд гардидааст, ки ҳанӯз як аср муқаддам, яъне соли 1918 ҳамчун мактаби таҷрибавии меҳнатӣ таъсис ёфта, баъдан, соли 1924 дар он барои 570 нафар хонанда бинои алоҳида бунёд карда шуда буд. Муассисаи мазкур аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таълимие мебошад, ки нахустин хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифта, наслеро ба воя расонидааст, ки минбаъд дар таъсису ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Шахсиятҳои маъруф, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва олимони номдор, аз қабили академикҳо Бобоҷон Ғафуров, Солеҳ Раҷабов, Ҷаббор Расулов, нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва чандин нафар олимону табибони машҳур дастпарварони ҳамин мактаб мебошанд».

«Роғун – равзанае аз нур ба сӯйи фардои дурахшон» нигоштаи Абдусалом Мирализода, профессор, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст, ки дар арафаи ба истифода додани аввалин агрегати НБО «Роғун» ба чоп расидааст. Дар ин нигошта муаллиф дар бораи таърихи ин неругоҳ, талошҳои Пешвои миллат дар самти бунёди ин иншооти тақдирсоз ва аҳамияту муҳимияти НБО «Роғун» дар рушди минбаъдаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро баён карда, зикр мекунад, ки ба истифода додани он барои таъмини зиндагии сазовори мардуми ҷумҳурӣ зарур шуморида мешавад.

Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» (24.10.2018, №43) бо сарлавҳаи «Рабочая поездка Главы государства Эмомали Рахмона в города и районы Согдийской области» дар бораи сафари Пешвои миллат ба Суғд хабар чоп кардааст. Инчунин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарлавҳаи «Сходки» запрещены» гузориш ба нашр расидааст.

Маводи шореҳи сиёсии АМИТ «Ховар» А.Сангзода таҳти унвони «Настало время» нашр гардида, дар он конференсияҳои байналмилалии дар шаҳрҳои Истанбул ва Қоҳира баргузоргардида таҳлил карда шудааст.

Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонони Тоҷикистон» (25.10.2018, №43) мақолаи Манзумаи Фирӯзро бо сарлавҳаи «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ! Ё чаро падару модар бармаҳал аз масъулияти доштаашон халос шудан мехоҳанд?» чоп намудааст. Дар ин мақола муаллиф проблемаи издивоҷи бармаҳалро мавриди баррасӣ қарор дода, кӯшиш намудааст, ки сабабҳо ва пайомадҳои онро мушаххас намояд.

Рӯзноманигорон Хуршед Мавлонов ва Бахтиёр Раҳмониён оид ба сурудҳои бемаъниву кӯчагӣ мақола навишта, сарлавҳаи матлаби худро ҳам аз мазмуни ин гуна сурудҳо гирифтаанд: «Пиш-пиш мегум, «пишако»-и дарара…».

Инчунин дар ин шумора навиштаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оид ба баргузории Форуми ҷумҳуриявии хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ чоп гардидааст.

Октябрь 25, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад