«УСЛУБИ АВРУОСИЁӢ ДАР СОХТМОН ДУШАНБЕРО БА ПОЙТАХТИ ЗАМОНАВИЮ БЕНАЗИР МУБАДДАЛ МЕГАРДОНАД…». Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз, дар Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ, ба чанд суоли АМИТ «Ховар» посух гуфт

Октябрь 1, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 октябр, дар саросари олам  Рӯзи  умумиҷаҳонии меъморӣ таҷлил карда мешавад — соли 1985 Иттиҳоди байналмилалии меъморон дар ҷаласаи худ оид ба ҷашн гирифтани ин ид қарор қабул карда буд.  

 Дар робита ба ин мавзӯъ, раванди корҳои ободонию созандагӣ,  дастоварду нақшаҳои меъморони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР бо     раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед  АҲМАДЗОДА  ҳамсуҳбат шуд. 

АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба роҳбарони мақомот ва вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки иброз доштанд, ки то 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд симои деҳот ба шаҳр наздик карда шавад. Лутфан мегуфтед, ки дар 27 соли истиқлолияти  мамлакат меъморони тоҷик чӣ корҳоро ба анҷом расониданд ва барои  иҷрои ин дастури Сарвапри давлат  расидан чӣ бояд кард?

Ҷамшед Аҳмадзода: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 12 майи соли равон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар баён доштанд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Кумита   раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳаю маҳаллаи аҳолинишини мамлакатро зери назорати доимӣ қарор додааст.  Инчунин ҷараёни бунёд ва таъмири муассисаҳои иҷтимоие, ки аз тарафи соҳибкорон амалӣ мешаванд, таҳти назорати сохторҳои Кумита қарор дошта, нисбат ба иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои намунавии бинои маркази саломатӣ бо таваллудхона, боғчаи кӯдакон, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо дар ин самт шахсони масъул вазифадор гардидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати иҷрои супориши зикршуда аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои ангоравии маркази саломатӣ, боғчаи кӯдакон барои аз 25 то 220 нафар, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маркази таълимӣ – истеҳсолии занона, нонвойхона, коргоҳи дӯзандагӣ, таваллудхона, ҳаммом бо сартарошхона ва кошонаи ҳусн, мактаб барои 150 ва 320 ҷойи нишаст, бинои иловагии таълимӣ, коргоҳи қаннодӣ ва чойхона, китобхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ таҳия гардида, дар  сомонаи электронии Кумита (www.tajsohtmon.tj) барои корбарӣ пешниҳод карда шуд.

Наименование проекта

Бошишгох 1 _ 1. 1-й этаж

Инчунин айни замон аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ лоиҳаи кории қисми зиёди биноҳои зикршуда омода шуда, корҳо дар ин самт дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.

Ҷойгиркунии бинову иншооти интихобшуда дар маҳал тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и Кумита, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешаванд.

Тазаккур бояд дод, ки дар 27 соли соҳибистиқлолии мамлакат меъморони тоҷик баҳри ободу зебо намудани ватани азизамон саҳми зиёд гузоштанд, ки бунёди иншоот ва биноҳо баёнгари дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешравии мамлакати мо мебошад.

Дар пойтахти Тоҷикистон– шаҳри Душанбе сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо ва иншооти иҷтимоию фарҳангӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар муддати начандон тӯлонӣ симои пойтахтамон дигаргун, зебо ва боҳашамат гардид. Услуби якҷояи Ғарб ва Шарқ ё авруосиёӣ,  ки дар сохтмони иншоот истифода мешавад, шаҳри Душанберо ба пойтахти замонавию беназир мубаддал мегардонад.

АМИТ «Ховар»: Қобилият, дониш, имконияти маънавӣ ва касбии  меъморону  сохтмончиёни тоҷик алҳол мушаххасан ба чӣ равона карда шудааст?

Ҷамшед Аҳмадзода:  Барои беҳбудии зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон —  ман инро бо боварии комил гуфта метавонам.

Бунёд гардидани бинову иншооти маъмурӣ, фарҳангиву  фарғатӣ, маишиву хизматрасонӣ, варзишгоҳҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гувоҳи он аст, ки рӯз аз рӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол шукуфон шуда, шароити зиндагӣ ва фаъолияти мардум беҳтар гашта истодааст.

Ҳарчанд, ки бисту ҳафт сол дар муқоиса бо таърихи тӯлонии халқи куҳанбунёдамон фосилаи зиёд нест, вале роҳе, ки мо дар ин марҳалаи кӯтоҳи таърихӣ паймудем ва корҳое, ки ба шарофати истиқлолият ва аз баракати заҳмату фидокории мардуми сарбаландамон ба анҷом расонидем, бемуболиға, ба даҳсолаҳои зиёд баробар мебошад.

Барои  расидан ба ҳадафҳое, ки  дар наздамон гузошта шудаанд,   меъморон ва лоиҳакашонро зарур аст, ки бо истифода аз қобилияту дониши худ беҳтарин лоиҳаҳоро таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани онҳо саъй менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони чанд иншооти муҳими ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома дорад?

Ҷамшед Аҳмадзода: Тибқи маълумоти дастрасгардида, ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 11 ҳазору 261 иншоот ва биноҳои таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки  бунёди қисме аз онҳо аллакай ба охир расидааст.

АМИТ «Ховар»: Ободиву пешрафти ҳар мамлакатро аз пойтахти он баҳо медиҳанд.  15 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко зимни сафари худ ба  мамлакати мо чунин иброз дошт: «Дигаргуниҳоро дар пойтахти Тоҷикистон бо як назар метавон дид. Ман инро ҳатто шабона вақти инҷо расиданам дидам. Ва имрӯз ба ман бори дигар собит шуд, ки шумо роҳи дурустро интихоб кардаед. Ман  ҳамеша бо қаноатмандӣ мушоҳида менамоям, ки аз рӯи суръати рушд шумо бар Ҷумҳурии Мардумии Чин бартарият доред. Ин сазовори аҳсан аст».

  Бо мақсади ободу зебо гардонии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе 28 апрели соли 2017 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи генералии шаҳр тасдиқ гардид. Мегуфтед, ки то ин дам дар асоси ин нақша чӣ корҳо анҷом дода шуданд ва пас аз пурра мавриди амал қарор гирифтани он шаҳри Душанберо чӣ гуна метавон дид?

 Ҷамшед Аҳмадзода:  Ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе” таҳти назорати доимии Кумита қарор дорад. Айни замон масъалаи воридшавии қитъаҳои замин аз ҳисоби марҳилаҳои якум ва дуюми амалисозии нақшаи зикршуда дар масоҳати 7 ҳазору 476 гектар аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади иҷрои қарори мазкур лоиҳаи ангоравии нақшаҳои иморатсозии як қатор қисматҳои алоҳидаи маҳалҳои аҳолинишин аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ таҳия ва дар Шӯрои шаҳрсозии муштараки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати  меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ  қарор дода шуд. Бо итминон метавон гуфт, ки пас аз амалигардии он пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба куллӣ симои худро дигар намуда, ба яке аз шаҳрҳои пешқадам ва зебои ҷаҳон табдил меёбад.

АМИТ «Ховар»: Дар баробари он, ки 1 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии меъморӣ ҷашн гирифта мешавад, ҷаҳониён Рӯзи умумиҷаҳонии манзили зистро низ таҷлил менамоянд. Чун аҳолии сайёра, аз ҷумла мамлакати мо сол аз сол бештар шуда иситодааст, Ҳукумати мамлакат масъалаи дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо намудани замин барои сохтмони  хонаҳои истиқоматиро манъ намуд. Тавсия дода шуд, ки ба ҷойи хонаҳои як ва дуошёнаи маркази шаҳру ноҳияҳо биноҳои баландошёнаи замонавӣ сохта шаванд. Ба андешаи Шумо, ин тадбир чӣ манфиат оварда метавонад?

Ҷамшед Аҳмадзода: Кумита тибқи иҷрои банди 11 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2017  ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2018 ҷиҳати ба роҳ мондани талаботи шаҳрсозӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, минбаъд бунёд намудани танҳо биноҳои баландошёна бо манъ кардани сохтмони биноҳои якқабата, лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд.

Бо мақсади иҷрои қарори мазкур корхонаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматии аз 5 то 12- ошёнаро омода ва пешниҳод намуданд. Лоиҳаҳои омодашуда барои корбарӣ дар сомонаи Кумита ҷой дода шуданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ метавонанд баъд аз интихоби лоиҳаи ангоравӣ ба ташкилоти лоиҳакаш барои дастрас намудани лоиҳаи корӣ муроҷиат намоянд.

Тадбири андешидашуда бо мақсади истифодаи самараноки қитъаҳои замин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, ба роҳ мондани таъмини аҳолӣ бо манзилҳои замонавӣ ва иншооти инфрасохторӣ буда, раванди корҳои сохтмониро дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба танзим медарорад.

Ҳамзамон тибқи қарори зикршуда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ вазифадоранд, ки мавриди сохтмони биноҳои на кам аз 5 — ошёнадор дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани санъати меъморӣ ва сифати корҳои сохтмонӣ, инчунин истифодаи масолеҳи сохтмонии босифат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АМИТ «Ховар»: 28 сентябри соли равон пас аз фарҷоми Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти мамлакати мо доир  шуд, дар бораи Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон намудани соли 2021 дар ИДМ қарор қабул гардид. Дар ин маврид чӣ гуфтаниед ва умуман дар ин сол чӣ корҳо дар назар дошта шудаанд?

Ҷамшед Аҳмадзода: Кумита қарори қабулгардидаро оид ба Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ эълон намудани соли 2021 ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон зикр менамояд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳар як деҳу маҳали аҳолинишини мамлакат, ки ба соли 2021 рост меояд ва сохтмони 11 ҳазору 261 иншоот ва биноҳои гуногунтаъйинот дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд,  ифодагари сиёсати шаҳрсозӣ ва рушди соҳаи меъморӣ мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки ҳамарӯза аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳия ва тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои замонавӣ, пешбурди корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як таконе дар рушду нумӯи на танҳо санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони кишвар, балки тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳамчунин фарҳангию маърифатии он мебошад.

Итминони комил дорам, ки меъморони Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо гаштани симои Ватани маҳбубамон ва таъмини шароити беҳтари кору зиндагии мардуми сарбаланд бо дили гарму бозуи қавӣ содиқона меҳнат мекунанд.

Бояд дар хотир дошт, ки барои ба ин нияти нек ва рӯзгори пурсаодат расидан хеле заҳмат кашидан зарур аст. Ободии Ватан ва осоиши мардум аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад. Барои ин бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкардаамон ва нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина пеш барем ва барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумамон заминаҳои мусоид фароҳам оварем.

       Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 1, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд