Дар Кумитаи андоз масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирӣ он баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти андоз баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андоз хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия, татбиқи дурусти қонунгузории ҷорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки муқовимат ба коррупсия на танҳо вазифаи кормандони мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, балки вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмуъ ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.
Дар вохӯрӣ оид ба татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» ба иштирокчиёни вохӯрӣ тавсияҳои судманд пешниҳод гардид.
Гуфта шуд, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо коррупсия дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омада, барои расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ, таъмини муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия ва баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чораҳои дахлдор ба роҳ монда шуда истодааст.
Мақомоти андоз — ҳамчун субъекти дар муқовимат ба коррупсия иштирокунанда барои пурзур намудани фаъолияти худ дар самти мубориза бар зидди коррупсия, маҳдуд намудани омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандон, татбиқи дурусти муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваста гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар фаъолияти мақомоти андоз тадбирҳои иловагӣ меандешад.
АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






