21 НОЯБР – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Имрӯз барномаҳои шабакаҳои телевизиони Тоҷикистонро миллионҳо нафар дар мамлакат ва берун аз он тамошо мекунанд

Ноябрь 21, 2018 10:44

ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ  шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар ҷаҳон  21 ноябр ҳамчун  Рӯзи  умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day)  ҷашн гирифта  мешавад.

Телевизион ибтидои  асри  XX ихтироъ гардидааст. Соли 1930 ба  олимону муҳандисони шӯравӣ — Борис Розинг, Семен Катаев, Александр Константинов, Петр Тимофеев, Павел Шмаков ва   ихтироъкорони амрикоӣ  — Владимир Зворикин (амрикоии рустабор), Фило Фарнсуорт,  муҳандиси  британиявӣ — Алан Кэмпбелла-Суинтон муяссар гардид, ки  сохти  телевизионро   мукаммал  гардонида,  онро  мавриди  истифода қарор диҳанд.

Дар Аврупо  ба таври оммавӣ  фаъолияти  шабакаҳои телевизионӣ танҳо аз соли 1950  оғоз гардида, дар бисёре аз давлатҳои тараққикардаи  ҷаҳон  шабакаҳои давлативу хусусии телевизион  солҳои 60-70-уми асри  гузашта таъсис  ёфтанд.

Имрӯз дар ҷаҳон  давлате нест, ки дар он шабакаҳои телевизионӣ  фаъолият  надошта бошанд.

Шабакаҳои телевизионии  CBC, NBC, ABC — дар ИМА, BBC, ATV —  Дар Британияи Кабир,  РАИ —  дар Италия, NHK —  дар Япония, СДФ — дар  Германия, ОРТ, РТР, НТВ — дар Россия  аз бонуфузтарин ширкатҳои телевизионӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 аввалин бор  Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд, ки ин як рӯйдоди муҳими  фарҳангӣ дар ҳаёти мамлакат буд.  

Нахустин наттоқон, аз ҷумла  Рафоат Абдусаломова бо салому паёми худ ба барномаи «Ахбор»-и телевизон ҳусни оғоз бахшиданд. Он вақт барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буд ва  дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекарданд. То охири соли 1960 ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 1959 дар пойтахт-шаҳри Душанбе қариб 300 адад телевизор мавҷуд буда, аз он бинандагон ғизои маънавӣ мегирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки  2  феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият оғоз  кард ва  аз 1  июли ҳамин сол  пахши намоишҳо ҳамарӯза гардид. Соли 1961 Идораи «Тоҷиктелефилм» таъсис ёфта,  бо эҷоди филмҳои бадеӣ, мустанад, тасвирӣ ва филм-консертҳо фонди «тиллоӣ»-и Телевизиони Тоҷикистонро ғанӣ гардонид.

Аввали соли 1965 барномаҳои ҳаррӯзаи иттилоотии «Навигариҳои телевизионӣ» ба «Ахбор» бо забони русӣ («Новости»)  табдили ном кард. Тайи  солҳои 60-70-ум барои беҳтар намудани сатҳи намоишҳои телевизонӣ ва ҷалби тамошобинон заҳмати шоирону нависандагон Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Меҳмон Бахтӣ, Фотеҳ Исҳоқӣ, Баҳром Фирӯз, Муҳиддин Хоҷаев, Раҳмон Остонов, Ато Ҳамдам, Иноят Насриддин, ки дар идораи адабиёт ва фарҳанг вазифаи сармуҳаррирро ба уҳда доштанд, хеле назаррас мебошад.

Дар қисмати русии идораҳои Телевизиони Тоҷикистон шоирони русзабон Михаил Табачников, Сергей Корнеев, Эдуард Карпухин фаъолият дошта, барномаҳои гуногунмазмун таҳия мекарданд.

Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта намоишҳои «Чойхонаи Дилкушо», «Беғараз панд», «Театр ва тамошобин», «Клуби дугонаҳо»  барои тамошобинон маҳбубияти хосса доштанд ва ҳамзамон дар ташаккули маънавию тарбиявии мардум саҳми калон мегузоштанд. Барои ҷолибият ба ин барномаҳои телевизионӣ коргардонҳо Шодибек Ҳотамбеков, Наим Латифов, Соҷида Ғуломова, Музаффар Ғаниев, Иззат Самадов обуранги бадеӣ дода, диққати тамшобинро бештар ҷалб менамуданд.

Дар натиҷаи тараққиёти техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ ва талаботи замон аз 25 январи соли 1975 дар Телевизиони Тоҷикистон пурра таҷҳизоти техникӣ иваз гардида, стансияи сайёри телевизиони ранга ба кор даромад, яъне тамошобин имконият пайдо намуд намоишҳоро бо тасвири ранга бинад.

Аввали солҳои 1980-ум барои иваз намудани дастгоҳҳо барои сабту танзими барномаҳо дар студияи якум АСБ-4 «Перспектива»-и ранга гузошта шуда, дастгоҳҳои дукамеравӣ дар студияҳои дуюму сеюм ҷой дода шуданд. Кормандон бо камераҳои телевизионии журналистӣ (ТЖК) таъмин гардида, барои танзиму пахши оҷилии барномаҳо шароити мусоид фароҳам гардид. Ҳамчунин хатти радиорелеи Ленинобод-Нефтобод-Шӯроб сохта шуда, радиорелеи баландкӯҳи самти Душанбе-Ҷиргатол мавҷи телевизионро то Роғун расонид. Охири соли 1962 хатти радиорелеи Душанбе-Кӯлоб мавриди истифода қарор гирифт, дар Қӯрғонтеппаю Тошработ ретрансляторҳои телевизионӣ гузошта шуданд, ки аҳолии Кӯлобу водии Вахш имконияти тамошои Телевизиони Тоҷикистонро пайдо намуданд.

Алҳол  дар таҳияи барномаҳои телевизион намояндагони зиёда аз 40  касбу кори гуногун иштирок менамоянд, аз ҷумла, сармуҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррир, муҳаррири хурд, саркоргардон, коргардонҳои дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, ёварони коргардон, корсоз, наворбардорони дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, тасвирбардорон, садобардорон, пардозгарон, рӯшноидиҳандагон, рассомон ва ғайра.

Фаъолияти  телевизионҳо  дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар   рушд ёфта,  алҳол пешбури фаъолияти ин соҳаро  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии   Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Роҳбарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро   дар давраҳои гуногун  Атахон Сайфуллоев, Бобоҷон Икромов, Бобохон Маҳмадов, Сайф Раҳимзод, Убайдулло Раҷабов, Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Асадулло Раҳмон  ба уҳда доштанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 1962 шумораи телевизорҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он  29 ҳазор ададро ташкил медод.

Дар ин давра шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» ва «Шаҳнавоз» таъсис ёфтанд.

«Телевизиони Сафина» —  минбари  фарҳангиёни мамлакат

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 3 сентябри  соли 2005 ба фаъолият оғоз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими  тантанавии  кушодашавии он  ширкат варзида, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти ин шабакаи тозабунёди телевизионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшиданд.

Сарвари давлат дар ҷараёни суханронии мустақим  зикр карданд, ки «Телевизиони Сафина»  саҳнаи озоди афкору пайкори тамоми фарҳангиёни кишвар ва инъикосгару таблиғкунандаи фарҳанги волои миллӣ хоҳад гашт. Имрӯз роҳбарии «Телевизиони Сафина» — ро мутахассиси варзида Носир Саидов бар уҳда дорад.

«Телевизиони кӯдакону наврасон — «Баҳористон»  миллион нафар   тамошобин дорад

Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон»  бо ташаббус ва дастгирии Президенти  мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта,  4 сентябри соли 2006  ба пахши барномаҳои худ оғоз кард. Имрӯз кӯдакону наврасон ва падару модарон дар беш аз ҳафтод кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои аъзои ИДМ барномаҳои «Баҳористон» — ро дар қатори шабакаҳои сершумори ҷаҳон тамошо мекунанд.

Телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон»    ҳар рӯз аз соати 7 то соати 22 намоишҳои гуногуни омӯзишӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва барномаҳои шавқовари фароғатиро  пешкаши бинандагон менамояд.  Соли 2016 «Телевизиони «Баҳористон»   филми кӯтоҳметраи телевизионӣ таҳти номи «Чигилак»-ро пешниҳоди тамошобинон гардонид. «Чигилак» ба филми кӯтоҳметраи ҳаҷвии «Ералаш», ки аз саҳнаҳои хурд иборат аст, шабоҳат дорад.
Ҳамчунин шабакаи мазкур дар ин сол   идораи дубляж, аниматсинӣ ва филмҳои тасвириро таъсис дод, ки дар онҳо  таҳияи филмҳо  барои кӯдакону наврасон ба роҳ монда шудаанд.

МД «Телевизиони кӯдакону наврасон-Баҳористон»  бо забони тоҷикӣ ду адад студияи  сабти  овозро роҳандозӣ намуд, ки  ин имкон дод  давоми соли равон   беш аз 15 адад филмҳои тасвирӣ ва беш  аз 80 адад  филмҳои  тасвирии  кӯтоҳҳаҷми  омӯзиширо ба забони тоҷикӣ  баргардонад.

Дар Тоҷикистон 3,5 миллион ҷавонон, кӯдакону наврасони то 18-сола зиндагӣ мекунанд, ки тамошобини бевоситаи  ин шабака  мебошанд.

«Варзиш» ва  «Синамо» — таъсиси ду шабакаи телевизионӣ бахшида ба 25 –солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2016 бахшида ба 25 –солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  боз ду шабакаи телевизионӣ- муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Варзиш» ва  «Синамо»  ба фаъолият оғоз намуданд, ки   Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ онҳоро ифтитоҳ намуданд ва зикр карданд, ки муваффақиятҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шаванд.

Пахши барномаҳо дар шабакаҳои мазкур  мувофиқ ба талаботи имрӯза дар формати HD ба роҳ монда шудааст, ки ин омил имконият медиҳад намоишҳо бо сатҳу сифати баланди садову симо ба тамошобин пешкаш гарданд. Дастгоҳҳои наворбардорӣ, танзим ва пахши барномаҳо бо ин формати навтарини технологияи коммуникатсионӣ фаъолият менамоянд, ки аз дастовардҳои навтарини техникаи соҳаи телевизионӣ мебошад.

Барномаҳои шабакаҳои навтаъсиси телевизиони «Варзиш» ва «Синамо»- ро дар якчанд давлати дунё ба воситаи моҳвора тамошо намуда, наздики 60 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз пахши рақамӣ аз ин намоишҳо бархӯрдор мегарданд.

Шабакаи  мусиқии  «Шаҳнавоз»  —  санъати асили  тоҷикро таблиғ менамояд

13 ноябри соли  2017  дар   Кумитаи  телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз»  ба фаъолият оғоз намуд. Дар расми ифтитоҳи шабакаи нави телевизионӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён  иштирок намуданд. Мақсад аз таъсиси шабакаи нави мусиқӣ  таблиғ ва рушди санъати асили  мусиқии тоҷик  ва  фароҳам овардани шароити мусоид  барои ҳунармандону овозхонони тоҷик мебошад.

   Шабакаи нави мусиқии «Шаҳнавоз»  дар заминаи «Телевизиони  Тоҷикистон» таъсис ёфта,  дар канали алоҳида   фаъолият менамояд ва тавассути он  давоми  24 соат консерту барномаҳои мусиқӣ   таҳия ва пахш   мешаванд.

Яке аз дастовардҳои дигари соҳаи телевизион дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар  ба пахши рақамӣ гузаштани он мебошад.  Бо ин мақсад таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон пурра иваз гардида, дигаргуниҳо дар системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути компютерҳо ба ҷо оварда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки гузаштан ба пахши рақамӣ ҳанӯз аз оғози солҳои 2000-ум шурӯъ гашта буд, ки ба он ду санади муҳим — Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015   (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 тасдиқ шудааст) ва  Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009 қабул шудаст)  асос гузошта буданд.

Маҳз ҳамин санадҳо рушди шабакаҳои давлатии  телевизион ва радио, аз ҷумла гузаштан ба пахши рақамӣ ва фарогирии пурраи барномаҳои телевизион ва радиоро дар қаламрави мамлакат  пешбинӣ намудаанд.    Дар асоси ин санадҳо бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди пахши рақамии телевизион барои солҳои 2010-2015 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҶТ аз 27 феврали соли 2010 тасдиқ гардид.

Дар Барномаи мазкур аҳамият ва афзалияти пахши рақамӣ ва фарқи он аз пахши кӯҳнашуда (аналогӣ),  зарурати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани системаи аврупоии пахши рақамии телевизион (DVB – Digital Vidio Broadcasting), давраҳои амалисозии гузариш ба пахши рақамӣ зикр гардида буд: 6  давра аз соли 2010 то соли 2015.   Ба ибораи дигар, таҳкурсии асосии гузариш ба пахши рақамӣ аллакай то соли 2015 пурра бунёд ёфта буд ва минбаъд навгониҳо дар ин самт дар шабакаҳои навтаъсис, албатта, натиҷаи иҷрои Барномаи зикршуда мебошанд.

Аммо сатҳи истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда имрӯз беҳбудӣ металабад. Зеро тавре   иттилоъ дода шуд,  айни замон  фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамии барномаҳои давлатии телевизион  ҳамагӣ 60, 41 % -ро дар бар мегирад. Ин рақам  бо пахши аналогӣ чунин аст: «Телевизиони Тоҷикистон» -99, 72%,   «Телевизиони Сафина» 92, 7%, «Ҷаҳоннамо»  -78, 96%,  «Баҳористон»-89, 01%.

Фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ — Радиои Тоҷикистон -85, 32%, «Овози тоҷик» -55, 13 %, «Садои Душанбе»- 63, 45 % ва «Фарҳанг» -59%  аст.

Тибқи иттилои масъулин,   корҳо ҷиҳати таъмини бештари аҳолӣ бо пахши рақамии барномаҳои телевизион ва радио идома дошта,   айни замон тавассути 2 моҳвора- NSS12 ва Yahsat 1а беш аз  47 давлати дунё имкони дастрасӣ ба барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро доранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2018 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад