9 НОЯБР – РӮЗИ ЁДБУДИ МУҲАММАД ИҚБОЛ. Алломаи Шарқ, ситораи дурахшони осмони тафаккур ислоҳот дар Исломро ногузир медонист
ДУШАНБЕ, 09.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар тавқими санаҳои таърихии Ҷумҳурии Исломии Покистон 9 ноябр ҳамчун Рӯзи Иқбол сабт шудааст ва ин рӯзи фархунда ҳамасола дар ин ҷо ва дигар мамолики дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо ифтихору фараҳмандӣ ва ёде аз ёди ёри меҳрубон таҷлил мегардад.
Албатта шарт нест, ки мо ҳатман ба муносибат ва ё баҳонаи чизе аз бузургони гузашта ёд кунем. Онон ба мо ниёз надоранд, вале мо ба андешаи онҳо ниёз дорем. Мо медонем, ки шахсиятҳо меоянду мераванд, аммо мактаби илмӣ ва осорашон ҳамеша зиндаву поянда мемонад ва чун роҳнамо ба мардум роҳкушоӣ мекунад.
Шоир ва нависандаи машҳури Тоҷикистон Мирсаид Миршакар аввалин касе мебошад, ки Муҳаммад Иқболро ба Тоҷикистон шинос намуд. Аксари донишмандон ва олимони маъруфи Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон аз ашъор ва афкори Алломаи шарқ — Иқбол огоҳ мебошанд.
Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дарвозаҳои фарҳангии худро боз намуд ва зиёиёни он бо донишмандони ҷаҳон равобити фарҳангии худро оғоз намуданд. Кишварҳои зиёди ҷаҳон сафоратхонаҳои худро дар ин кишвар боз намуданд ва муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангиву иқтисодии худро шурӯъ намуданд. Дар ин асно, Академияи Иқболи Покистон робитаҳои фарҳангияшро бо кишварамон шурӯъ намуд. Тариқи Сафорати Покистон дар Душанбе ҳамасола иқболдӯстон ва иқболшиносони зиёд дар семинарҳо ва конфронсҳои дохилӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Аллома Иқбол ширкат меварзанд. Ҳамасола, 9 ноябр ва 21 апрел дар Душанбе маҳфиле доир ба осору фаъолияти Иқбол баргузор мегардад. Маҳфил бо ташаббуси Сафорати Покистон дар Душанбе ва ҳамкории донишгоҳи миллӣ баргузор гардида, меҳмонон аз марказҳои илмӣ оид ба осори гаронбаҳои Иқбол суханронӣ менамоянд. Ҳамаи онҳо оид ба Аллома Иқбол суханҳои латофатомезу орифона намуда, риштаҳои робитаи адабию фарҳангии Тоҷикистону Покистонро мавриди таҳсин қарор медиҳанд. Донишҷӯён ва устодони бахши урду ва ҳиндии мактабҳои олии Тоҷикистон маҳфилро бо шеъру суханронӣ зебо мегардонданд.
Ёдовар бояд шуд, ки профессор, доктор Аллома Муҳаммад Иқбол 9 ноябри соли 1877 дар оилаи тоҷир дар шаҳри Сиялкути Покистони имрӯза таваллуд шудааст. Иқбол тахсилоташро аз Коллеҷи давлатии Лоҳур шурӯъ намуда, аз соли 1905 то соли 1908 дар донишгоҳҳои Кембриҷи Лондон ва Мунихи Германия таҳсил намуд ва соҳиби дипломи олӣ гашт. Ӯ рисолаи докториашро дар донишгоҳи Муних оид ба рушд ва инкишофи метафизика дар сарзамини форс дифоъ намудааст. Баъди бозгашт аз давлатҳои Аврупо, ӯ ба ҳуқуқшиносӣ машғул шуд ва бо таълифоти шеърҳои форсӣ ва урду байни олами Шарқу Ғарб шуҳрат пайдо карда, чун файласуфу ориф ва шоир дар ҷаҳон ном пайдо намуд.
Қобили зикр аст, ки Аллома Иқбол бар иловаи файласуф ва ориф буданаш донандаи илми ҳуқуқ ва устоди забони арабӣ низ буд.
Тибқи сарчашмаҳо, замоне ки ӯ дар Англия ва Германия таҳсил мекард, аз афкори донишмандони аврупоӣ, ба монанди Фридрих Ҳенрӣ, Кант ва Гёте зиёд мутаассир шуд, аммо ин марди наҷиб ошиқу мафтуни забони форсии тоҷикӣ шуда, тавассути он роҳнамову роҳкушои худ, яъне мавлонои Румиро пайдо кард.
Иқбол дар шеърҳои «Шиква ва ҷавоби шиква», «Хизри роҳ» ва «Бонги дара» заъф ва беаҳамиятии инсони мусалмонро мавриди савол қарор додааст. Шеъри машҳури ӯ бо забони форсӣ, ки «Асрори худӣ» ном дорад, инсониятро ба сӯи худшиносӣ ва хирадмандӣ даъват мекунад.
Ашъори Иқбол инсониятро ба сӯи адолат ва инсоният даъват мекунад ва худшиносиро сарчашмаи роҳи ҳақиқат шинохта, башариятро аз ҳалокат нигоҳ медорад.
Соли 1927 «Забури Аҷам»-и Иқбол, ки пур аз панду насиҳат ва иқтибосҳои пандомези Ҳофиз, Аттор ва Румӣ аст, таҳия шуд. «Ҷовиднома»-и Иқбол, ки соли 1932 омода гардид, аз афкору кирдори Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ нақл мекунад. Шеърҳои дигари Аллома Иқбол, аз ҷумла «Зарби қалам» ва «Армуғони Ҳиҷоз» ба забонҳои урду ва форсӣ дар солҳои 1937- 1938 таҳия ва чоп шуданд.
Фалсафа ва фикри Иқбол баъди таҳияи китоби машҳури ӯ «Ислоҳоти дин дар ислом» (1934), ки иборат аз 6 суханронии Иқбол дар шаҳрҳои Мадрас, Ҳайдаробод ва Алигари Ҳиндустон ва дар шаҳри Лондон буд, дар ҷаҳон маъруф гашт. Ин китоб роҷеъ ба иҷтиҳод ва афкори тозаи мунсифона барои башарият баҳс ва муколама мекунад. Он бори аввал дар шакли пурра соли 1934 дар Оксфорд нашр гардид ва баъдтар чандин бор бо бисёр забонҳо олам тарчума шуд. “Ислоҳоти дин дар Ислом” –и Муҳаммад Иқбол аз машҳуртарин тафирҳои фалсафии Қуръон дар қарни 20 маҳсуб меёбад. Иқбол, ки “падари маънавӣ”-и Покистон ном бурда мешуд, бар он буд, ки таълимоти Ислом аз рӯи табиати худ як чизи шахшудамондаву куҳна не, балки ҳамеша дар ҳаракат ва ташаккул ва ҳамқадами давру замон аст. Зиндагинома, ақидву таълимот ва ботини рӯшану поки ҳазрати Муҳаммад (с) гувоҳи он аст, ки агар зинда мешуд, имрӯз, дар ибтидои асри 21, асри илму техника ва коинот ҳатман ба чунин ислоҳот дастур медод ва ва раҳнамоӣ мекард.
Муҳаммад иқбол бо шинохте, ки аз таърихи мусалмонони садри ислом дошт ва ҳамчунин бо бардоште, ки аз Қуръони карим ва аҳодиси Паёмбари аъзам дар зеҳнаш шакл гиифта буд, бовараш намеомад, ки уммате, ки ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари ӯст ва Қуръони карим китоби раҳнамояш, ин қадар хору залилу заифу нодон ба бор биояд. Аз назари Иқбол, ин на он халқест, ки Муҳаммад паёмбар ва Қуръон ҳидоятгараш аст. Дар қалби ин уммат аз он шукӯҳу ҷалол, сабру таҳаммул, илму фарҳанг, одобу ахлоқи хамида танҳо як иддао боқӣ мондааст.
Мусалмон фокамасту жандапӯш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст…
Муҳаммад Иқбол, ки дар Ғарб таҳсил кардааст, тақлид ба Ғарбро танқид мекард, вале дар фақру қафомондагӣ, таассубу хурофоти асримиёнагӣ ба сар бурдани мардуми Шарқро дар қарни бист низ боиси таассуф медонист. Ва навиштааст:
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.,
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.
Маҳкамии ӯ на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати Мағриб аз илму фан аст,
В-аз ҳамин оташ чароғаш рӯшан аст…
Аллома Иқбол баъди бемории дарозмуддат, 21 апрели соли 1938 вафот кард ва марқади ӯ дар назди масҷиди подшоҳии шаҳри Лоҳури Покистон қарор дорад.
Дар хулоса метавон гуфт, ки Лоҳур-шаҳри ин алломаи машриқзамин бо Душанбе аз солҳои 1972 бародаршаҳр буда, заминаҳои адабию таърихии Тоҷикистону Покистонро таҳкиму рушд мебахшад.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими илмии АИҶТ








«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СУЛҲОФАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар вазъи роҳҳоро омӯзанд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Раванди ислоҳоти низоми тандурустӣ то соли 2030 баррасӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Омилҳои пайдоиши диабети қанд ирсӣ, фарбеҳӣ ва фишорбаландӣ мебошанд
Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»






