ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Гулистон беш аз 180 иншооти гуногун бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Гулистон беш аз 180 иншооти гуногун бунёд мешаванд. Алҳол дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ тавсеа ёфта, тибқи нақша ҷараён доранд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар ин бора гузориш медиҳад:
Баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ таъсис ёфта, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда шудаанд. Дар шаҳри Гулистон роҳбарии гурӯҳи кориро директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лолахон Раҳмонзода ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагии ин ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.
Ба рӯйхати иншооте, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон, корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорони ватандӯст давоми се сол бунёд мегарданд, асосан биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактаб, биноҳои истиқоматии миёнаошёна, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сарторошхона, толори ҳусн, майдончаҳои варзишӣ ва гулгашту хиёбонҳо шомил гардидаанд.
То ба имрӯз дар шаҳр бинои нави меҳмонхонаи сеошёна барои 50 ҷой ва коттеҷи чӯбини дуошёна дар ҳудуди осоишгоҳи «Баҳористон», коргоҳи истеҳсоли риштаи ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» бо 70 ҷойи нави корӣ ифтитоҳ гардиданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз истеҳсоли 8,5 тонна, дар як моҳ 250 тонна ва дар як сол 3 ҳазор тонна риштаро ташкил медиҳад. Коргоҳи нави истеҳсолӣ бо маблағи умумии 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст.
Майдони варзишӣ дар кӯчаи Истиқлоли шаҳр бо андозаи 14,5 х 31,5 м ва истгоҳи нақлиёт аз ҷониби ҶСК «Колинҳои Гулистон» бо сарфи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ бунёд карда шуд. Майдони варзишӣ (баскетбол, теннис) бо андозаи 14,5 х 31,5 м ва таваққуфгоҳҳои нақлиёт, аз ҷониби КДФ «ХМК»-и шаҳр бо харҷи зиёда аз 510 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Майдони бачагона дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бо андозаи 21,5 х 32,0 м аз ҷониби ҶДММ «Фаровон-1» бо сарфи зиёда аз 66 750 сомонӣ бунёд карда шуд. Майдони варзишӣ, бачагона ва машқҳо дар кӯчаи Истиқлоли шаҳр бо андозаи 20,0 х 60,0 м аз ҷониби ҶДММ «Апреловка» бо харҷи зиёда аз 1 400 000 сомонӣ бунёд карда шуд.
Коргоҳи дӯзандагии «Ситора» барои 8 ҷои корӣ бо сарфи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ ташкил карда шуд. Бинои иловагии меҳмонхонаи ҶДММ Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил» дорои 24 ҳуҷраи дунафара барои 48 ҷой дар соҳили «Баҳри тоҷик» барои 10 ҷои корӣ бо сарфи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи истеҳсоли мебели соҳибкор Ғайрат Анорбоев бо масоҳати 205,8 м2, ба маблағи 113231,0 сомонӣ бо ташкили 8 ҷои корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ин давра кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Суғдиёни шаҳри Гулистон ба миқдори 4 километр роҳи асосии маркази шаҳр мумфарш гардида, онҳо навсозӣ ва чароғон карда шуданд. Инчунин даромади шаҳр аз нав таҷдид гардида, роҳрави пиёдагард ба масоҳати 350 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуд. Барои ободонии мавзеи мазкур зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шуд.
Дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ беморхонаи шаҳраки Консой ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд. Дар беморхона тамоми шароит барои табобати мизоҷон, таъмини доруворӣ дуруст ба роҳ монда шуда, ҳамзамон утоқи хатна мавриди истифода қарор дорад.
Дар муассисаи таълимии № 7 506 нафар хонандагон таҳсил намуда, дар соли нави хониш 68 нафар ба синфи 1-ум қабул карда шудаанд. Кабинетҳои фанҳои химия, физика ва биология бо таҷҳизот ва аёният муҷаҳҳаз буда, хонандагон дар раванди таълим аз таҷҳизоти лабораторӣ пурра бархӯрдоранд.
Дар шаҳр коргоҳи дӯзандагӣ бо 10 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин маросими ифтитоҳи фаъолияти Хонаи маданияти «Дӯстӣ»-и шаҳраки Адрасмон ба вуқӯъ пайваст. Пас аз таъмиру тармими пурра хонаи маданият бо 220 ҷойи нишаст, китобхона, утоқҳои ҳунарҳои мардумӣ мавриди истифода қарор гирифт.
25 октябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон Мактаби санъат, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид.
Бинои мактаби санъат аз ду ошёна, бист утоқи дарсӣ ва китобхона иборат мебошад. Дар мактаби санъат инчунин як толори намоиш, толори консертӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, роҳбарияти мактаб ва ҳуҷраҳо барои омӯзиши дигар асбобҳои мусиқӣ, толори рақс, рассомӣ ва кулолгарӣ мавҷуданд. Дар таҳхонаи бинои мазкур синфхонаи кулолгарӣ, ҳайкалсозӣ, омӯзиши санъати рақс, синфи карнай, доира ва толори намоиш сохта шудааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз Шабакаи обрасони шаҳр ба фаъолият оғоз намуд. Лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи обрасонии шаҳри Гулистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон-1» амалӣ гардид. Барои тадбиқи ин ҳадафҳо қариб 23 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 15 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Гулистон, ки аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, дастрасӣ пайдо карданд.
Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон ба бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.
Майдони Парчами давлатӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, тибқи лоиҳа баландии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил медиҳад. Инчунин дар майдон бунёди гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳусни шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» зебоии хосса мебахшад.
Ҳамзамон ба бунёди осоишгоҳи замонавӣ дар соҳили «Баҳри тоҷик» санги асос гузошта шуд. Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки осоишгоҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова сохта шуда, масоҳати умумии он 2,6 гектарро ташкил медиҳад. Осоишгоҳ барои истироҳату табобати 250 нафар пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он даҳҳо нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Дар айни замон дар шаҳри Гулистон корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла, корҳои таъмиру навсозии муассисаи томактабии «Дилноз» дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Имрӯз корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии шаҳру шаҳракҳо идома дошта, гулгашту сабзазоркунӣ дар тамоми маҳалли зист тақвият меёбанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо, соли 2018 бояд 37 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шаванд, ки то ба имрӯз зиёда аз 20 иншоот пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ симои шаҳр сол аз сол зебову дилработар гардида, сокинону соҳибкорони бонангу номуси он кӯшиш доранд дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳми назаррас гузоранд.