Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Азим Иброҳим дар «Ҳафтаи Авруосиё»-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар «Ҳафтаи Авруосиё»-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР), ки 19 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия оғоз ёфт, иштирок дорад.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур роҳбари ҳайати кишвар комёбӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро муаррифӣ менамоянд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул шудааст. Дар заминаи ин ҳуҷҷатҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, суръати рушди солонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, Тоҷикистон тавонист дар даҳсолаи охир сатҳи камбизоатиро аз 53 то ба 30 фоиз расонад.
Илова бар ин, дар ин давра зиёда аз 2000 км роҳҳои мошингард, 190 км роҳи оҳан, 30 км нақб ва 93 адад пулҳо ба истифода дода шуданд. Чанд рӯз пеш агрегати аввали иншооти бузурги аср – НБО «Роғун» ба кор шурӯъ намуд, ки ин ҳам яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон дар доираи сафар мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳад. Аз ҷумла, дирӯз мулоқоти дуҷонибаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Директори муносибатҳои байналмилалии СҲИР Андреас Шаал баргузор гардид.
Зимни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, бахусус роҳҳои баланд гардонидани рақобатпазирии иқтисодиёт ва ҷалби сармояи хориҷӣ баррасӣ шуданд.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






