Бо мусоидати мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе 3 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Ватан баргаштанд

Ноябрь 21, 2018 09:39

ДУШАНБЕ, 21.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиби пайвастаи ватандӯстиву соҳибдавлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҳамкории судманди мақомоти милитсияи пойтахт бо сокинон, алалхусус бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта чанде қабл 3 нафар шаҳрвандон, ки бо моддаи 307 иловаи 3 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо изҳори пушаймонӣ ва хоҳиши худ ба Ватан баргаштанд.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдоми шаҳрвандон дар доираи ташаббусҳои инсондӯстонаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  ба Ватан баргардонидани шаҳрвандоне, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд, амалӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдори онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ба иттилоии манбаъ, шаҳрвандон Маҳмудов Назрӣ Назирмадович, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Ҷобиров Олимҷон Ҳотамович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи деҳаи Суғдиёни ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор, Қосимов Бахтиёр Шарифович, соли таваллудаш 1979, зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, ба Ватан баргаштанд.

«Мавриди зикр аст, ки ба ғайр аз худи Бахтиёр Қосимов бо кумаки мақомоти милитсияи пойтахт ҳамсар ва 3 нафар фарзандони ноболиғи 3, 6 ва 10-солаи номбурда ба Ватан баргардонида шуданд»,-хабар дод манбаъ.        Айни ҳол нисбат ба ин шаҳрвандон эзоҳи моддаҳои болозикри Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, онҳо дар ҳузури хонаводаи худ қарор доранд.

Ноябрь 21, 2018 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон