БОЗОРИ ВАФОДОРИ ВАТАН. Мулоҳизаҳои Ҷӯрабек Мӯмин дар бораи ватансароию ватанхоҳии шоири шаҳири тоҷик Бозор Собир

Ноябрь 19, 2018 11:31

ДУШАНБЕ, 19.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоири маҳбуби тоҷик Бозор Собир, агар умр вафо мекард, 20 ноябри соли равон ба синни мубораки 80 медаромад. Аз ҳар мисра шеърӣ ӯ, ки умри худро барои офаридани беҳтарин ашъор дар васфи Ватан сарф кардааст, худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватанхоҳии устувор чун чашмаҳои баҳорон ҷӯш мезанад…

Бояд бигӯем, ки ӯ дар ватансароӣ ҳамчун донишманди комил ҷилва мекунад. Ба ёд меорем шеърҳои «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд», «Забони модарӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теғи Сино», «Дарвозаи Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Ғазои Восеъ»-ро, ки донишмандию таърихдонии ӯро собит месозанд. Ин ашъор бо истифода аз санъатҳои талмеҳ ва ишора даҳҳо номҳои таърихиро зикр менамоянд ва хонандаи закиро талқин мекунанд, ки фазилати андешаашро бедор намояду ба бузургии шоир тан диҳад.

Устод дар шинохти Ватан, эътирофу эҳтиром ва ситоиши бузургии он шарҳу баён намеҷуст, балки ибораю ифодаҳо ва образҳо аз дили саршори муҳаббати ӯ рӯ мезаданд:

Ман Ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,

Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам:

Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,

Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо самоъ.

Ӯ ба Америка баргашту таассуроти Ватанро рӯшантару гуворотар, таъсирбахштару аламовартар, яъне мафтун аз манзараҳои зодгоҳ сароид:

Бингарам чун ба хӯшаи гандум

Хоҳаронам маро ба ёд оянд,

Ҳарду обу чу хӯшаи гандум

Сафи мижгонашон аҷаб хушрӯ,

Ҳамчу мижгони хӯшаҳо анбӯҳ.

Устод бори аввали аз Америка омадан (феврали соли 2004) дар зодгоҳаш Файзобод  «қад-қади роҳи хокӣ» қадамзанон «дастҳои чанори пир», чашмаҳо, «ҳавзи оби найзор», «кавари пухтаи лаб-лаби ҷар», «дуди печони ошдонҳо», «зоғҳои ошёнагумкарда», «Қалъаи кофир»-у пуштаҳоро дида, ҳавасу ормон шикаст.

Ватансароию ватанхоҳии Бозор Собир хосса буда, бо олами андешаю тахайюлот, завқу салиқаи эҷодиаш фарқкунанда аст. Ҳунари шеърофариаш дар ватансароии ӯ бештар акс меёбад. Дар таҳқиқи банда устодони зиндаёд Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ҳақиқатан шоирони дардҳо, розҳою ниёзҳои Ватан ҳастанд. Бозор Собир аз барҷастатарин шоирони навовари адабиёти муосир буда, бо образҳои ҷаззоб, воқеан шоирона, андешаҳояшро рангоранг, дилнишину марғуб ифода мекунад. Хонандаи доимии Бозор Собир рӯшан дидааст, ки ӯ чӣ дар ватансароӣ ва чӣ дар мавзӯъҳои дигар, шеъри мушкилфаҳм надорад. Воқеан, дар тасвиргароӣ адабиёти имрӯза мисли Бозор Собир кам адиберо медонад.

Шеърҳои Бозор Собир маҳбуби халқанд ва аксарияти онҳоро оҳангсозону сарояндагон пазируфта, зам-зама мекунанд. Саидқул Билолов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ парчамбардори беғарази ашъори устод буда, дар сафи пеши тараннумкунандаҳои шеъри ӯ меистад. С. Билолов ба 60 шеъри ӯ оҳанг бастааст. Садои ӯро аз ин рубоии устод бишнавед:

Олучаи латтадор буд модари ман,

Қишлоқии хоксор буд модари ман.

Дар зиндагиаш мазор буд модари ман,

Яъне ки бузургвор буд модари ман.

Китобе, ки рубоию дубайтиҳои устодро ба таври мукаммал таҳти унвони «Чорпора» ва «Гулҷӯш» ҷой додааст, «Шоиру шеъре агар ҳаст» мебошад. Ин китоб соли 2006, ҳини дар Америка будани устод, аз ҷониби шоир Низом Қосим мураттаб гардид. «Чорпора» 414 рубоӣ ва «Гулҷӯш» 38 дубайтии устодро дар бар гирифта, қисме дар Америка эҷод шудаанд. Оҳангҳои ватандӯстона дар «Чорпора» хеле хушу гуворо садо додаанд, онҳо Ватан, Тоҷикистони азиз, обу ҳавои ҳаловатбахши онро инъикос менамоянд.

Дар ашъори дар Америка навиштаи устод Бозор Собир ёди Ватан, хумори зодгоҳ хеле равшан тасвир мешавад. Яке аз инҳо  шеъри  «Чаро намеоӣ» унвон дорад. Устод ба шахсияти худ нидо мекунад:

Дубора моҳ бадар шуд, чаро намеоӣ?

Дубора моҳи дигар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳазор лола ба дил лолазори Файзобод

Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?

Ҳамин тавр, дар ҳашт байти «Чаро намеоӣ?» ёди Ватан ба риштаи қалам кашида шудааст.

Шеъри устод Бозор Собир, дар кадом мавзӯе гуфта шуда бошад, навозиши рӯҳ аст, хосса дар мавзӯъҳои Модар ва Ватан, тарғиби арзишҳои суннатии миллӣ ва нангу номуси миллӣ.

Ҳар шоире, ки вориди адабиёт мегардад, албатта, дар бораи зодгоҳаш шеър эҷод мекунад. Устоди мо ҳам истисно нест. Ӯ, ба мушоҳидаи мо, дар 26-28 мавриди эҷод номи Файзободро зикр мекунад. Ва ишқу вафои худро ба зодгоҳаш бо таровату салосату нафосат, самимонаю ошиқона, бо ҳиссиёти ҳаяҷонбахш, зебову гуворо инъикос менамояду тараннум мекунад. Ба ин мисраъҳои дутақтеа таваҷҷуҳ кунед:

«Пурсояву пурмаҳтоб

Шаб хам-хами Файзобод.

Акси шаби маҳтобӣ

Дар шабнами Файзобод.

 

Шаббодаи саҳрояш

Бо бӯйи палак ояд,

Чун бӯйи малак ояд,

Аз авҷи фалак ояд.

 

Дар ҳар сари мижгонаш

Каҳрезаи Файзобод.

Моҳи лаби ҷарҳояш

Чун кӯзаи Файзобод».

Бояд гуфт, ки Бозор Собир рисолати бузурги миллатсароию ватанхоҳиро бар дӯш бардошта тавонист. Бо адои ин вазифаи бузурги маънавӣ дар адабиёт ҷойгоҳи хоссаро ишғол кард ва ба ифодаи Шоири халқии Тоҷикистон, муҳаққиқи варзидаи шеър Камол Насрулло, «шеъри Бозор барои худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ангезишҳои баланди ватандӯстона, шинохти ҳувияти миллӣ саҳми арзандаву босазо гузошт».

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши устод мегӯянд: «Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки дар тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст».

Устод Бозор Собир 1 майи соли 2018 дар Америка аз олам гузашт. Маъруфияти ӯву маҳбубияти ашъораш аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардид ва пайкари ӯ ба Тоҷикистон оварда шуда, дар мазористони Лучоб ба хок супурда шуд.

Устод дар остонаи 80 буд. Ӯ ҷисман аз миёни мо рафт, вале «Пайванд», «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Сангдевор», «Бо чамидан, бо чашидан», «Чашми сафедор», «Симхор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам», «Аз гули хор то симхор», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Хуни қалам», «Лолаи сиёҳ» ва дигар китобҳо, ки саропо вафодории ӯро нисбат ба Модар-Ватан нишон медиҳанд, номи Бозор Собирро ҷовидон нигоҳ медоранд.

Ин сатрҳо ба ифтихори 80-солагии устод Бозор Собир рӯи коғаз омаданд. Андешаҳои худро бо як-ду ҷумлаи дигар ҷамъбаст менамоям: Бозор Собир баробари шоири бузург будан инсони бузург буд. Устод дунёи хоссаи худро дошт ва дар ин дунё, новобаста аз касею чизе, озодонаю беҳарос ғарқи андешаҳои худ, бо мафкураи инқилобӣ, бо ғояю ақидаҳои озоду солим зиндагӣ кард. Ӯ дар хислат, рафтору муносибату муошират, дар одамият ба касе, ба ягон шоире монанд набуд. Бо ҳамин сифатҳои устувор, нисбат ба эҷоди худ серталабу сахтгир ба қуллаҳои баланди адабӣ расид.

     Ҷӯрабек МӮМИН,
шоир, рӯзноманигор,
Корманди шоистаи Тоҷикистон 

P.S. Дар зер як шеъри рӯзноманигор Ҷӯрабек  Мӯмин, ки дар сӯгвории  шоири зиндаёд Бозор Собир навишта шудааст, манзур мегардад.

ВОҲ, ГУЗАШТАСТ?!

Аз рафтани ӯ сол нашуд, моҳ гузаштаст,

Эй ёд, ба ёдам нарасон, воҳ, гузаштаст?!

Умри ӯ ба ҳаштод расам ё нарасам гуфт,

Эй вой, ки дар нимаи ин роҳ гузаштаст.

Бозори суханро ҳама дар зори суханҳош

Аз ин ҳама огаҳ буду ногоҳ гузаштаст.

Шоҳаншаҳи шеъри Ватану ишқи Ватан буд,

Фарзанди Ватан, шахси ватанхоҳ гузаштаст.

Аз хиргаҳи софи Ватанаш рафт ба ғурбат,

Дур аз Ватану софии хиргоҳ гузаштаст.

Дар пуштаи сабзи Ватанаш сабза дамидаст,

Аз пушти сари марқади ӯ коҳ гузаштаст.

Боре, ки ба вазни суханаш дар дили ӯ рафт,

Бо ҳар нафаси хоҳари арвоҳ гузаштаст.

Шахсияти таърих буду шоири миллат,

Барҷастатарин шахси худогоҳ гузаштаст.

Гуфтему ғиревида гиристем ба ҳасрат,

Аз синаи мо валвалаи оҳ гузаштаст.

 

Ноябрь 19, 2018 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад