Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази саломатии деҳоти Зарафшон ба истифода дода шуд

Ноябрь 23, 2018 09:35

ДУШАНБЕ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.

Дар робита ба ин супориши созандаи Сарвари давлат ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ бовусъат ҷараён дорад.

Бо ин мақсад чанде қабл дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Маркази саломатии деҳоти Зарафшон ба истифода дода шуд. «Бинои Маркази саломатии деҳоти Зарафшон дар доираи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта шуд»,- дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар бинои мазкур барои фаъолияти кормандони соҳаи тиб шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, 11 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи Маркази саломатӣ гуфт: «Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар мамлакат ҳамасола даҳҳо иншооти соҳа мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ин раванд дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сохтмони садҳо иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешак барои беҳтар гардидани вазъи хизматрасонии тиббӣ ва таъмини солимии аҳолӣ мусоидат менамоянд».

Мавриди зикри хос аст, ки супоришҳои дигар ба масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватанпарастӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ дар ҳар як ҷамоату деҳоти кишвар, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ дода шуданд.

Имрӯз хурду бузурги мамлакат камари ҳиммат баста, ба бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудаанд ва итминони комил доранд, ки ба боварии Роҳбари давалати худ содиқ мемонанд.

Ноябрь 23, 2018 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад