Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши нигораҳое, ки таърихи 150-солаи муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Россияро инъикос менамоянд, ифтитоҳ гардид

Ноябрь 22, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Намоишгоҳи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ», ки ба 25–умин солгарди ба имзо расидани «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» аз 25 майи соли 1993 бахшида шудааст, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ботантана ифтитоҳ гардид.

Дар маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндагони   Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия, Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, Вазорати маорифи Федератсияи Россия, олимону устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок доштанд.

Дар ибтидо  номаи шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  ва  номаи шодбошии  Президенти Федератсияи Россия  Владимир Путинро сардори Раёсат оид ба робитаҳои байниминтақавию фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия Владимир Чернов қироат намуданд.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, чунин омадааст: «Чорабинии мазкур яке аз далелҳои равшани риштаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди миёни Тоҷикистону Россия мебошад.

Муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ миёни ду мамлакат давраи санҷиширо паси сар кардаанд ва бо шарофати талошҳои халқҳоямон ба мо муяссар шуд робитаҳои боэътимодро, ки бар шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос ёфтаанд, ба роҳ монем.

Мутмаинам, намоишгоҳи мазкур, ки барои возеҳ нишон додани талошҳои муштаракамон оид ба рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳамгироии мутақобила равона гардидааст, ба ташрифоварони он дар бораи дастовардҳо дар ин самт таассуроти зиёди мусбат мебахшад».

Президенти Федератсияи Россия  Владимир Путин низ дар  номаи шодбошиаш аз муносибатҳои неку дӯстонаи ду кишвари ба ҳам дӯст ёдовар шуда, таъкид намудааст: «Чунин намоишгоҳи миқёсӣ ба санаи муҳим – 25-умин солгарди «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн», ки баимзорасонии он барои тавсеаи назарраси робитаҳои байнидавлатии Россия ва Тоҷикистон шароит фароҳам овард, рост меояд. Тайи чорякаср муносибатҳои Москва ва Душанбе ба сатҳи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ баромаданд. Мутмаинам, ки намоишгоҳ дар ҳаёти фарҳангӣ ва ҷамъиятии кишварҳоямон рӯйдоди муҳим мегардад».

Дар маросими расмии намоишгоҳ инчунин раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати илм, маориф, фарҳанг ва ҷавонон профессор Лутфия Раҷабова, муовини Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия доир ба мудофиа Виктор Заварзин, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода, муовини Вазири маорифи Федератсияи Россия Павел Зенкович оид ба муносибатҳои неки дӯстона миёни ҳарду мамлакат сухан гуфтанд.

Баъд аз маросими расмии намоишгоҳ ширкаткунандагон нигораҳои  намоишгоҳ шинос шуданд, ки дар он нусхаҳои санадҳои муҳимтарини таърихӣ ва аксҳо, нақша ва мусаввараҳо гузошта шуда буданд. Бино ба маълумоти масъулин, ин нигораҳо таърихи 150-солаи муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Россияро инъикос менамоянд.

Ҳамчунин дар ҳошияи намоишгоҳ имрӯз Конференсияи байналмилалии илмӣ ба муносибати  110-солагии олими барҷастаи тоҷик, шахсияти сиёсӣ ва ходими давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров, муаррифии китоб-феҳраст бо номи «Тоҷикистон ва Россия: бо роҳи дӯстӣ ва созандагӣ» ва намоиши аксҳои мусаввирони Тоҷикистону Россия доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр ҷаласаҳои Конференсияи байналмилалии илмӣ бахшида ба 110-солагии академик Б. Ғафуров дар се бахш дар Академияи илмҳои Тоҷикистон идома меёбанд.

 

 

Ноябрь 22, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ