Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд ҳафтаи таҷлили Парчами миллӣ ҷараён дорад

Ноябрь 22, 2018 09:57

ХУҶАНД, 22.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи таҷлили он эълон гардида, дар ин самт корҳои муайян ҷараён доранд.  Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар қаламрави 18 шаҳру ноҳияҳо бахшида ба ин сана  барномаҳои оммавӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ доир гардида истодаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳафтаи гузашта байни тарбиятгирандагони 38 муассисаи томактабии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ ва расмкашӣ озмуни шаҳрии «Парчами мо-парчами иқболи мо» гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар доираи ҳафтаи таҷлили  Рӯзи Парчам дар ҳамаи муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, хосса мактабҳои олӣ,  омӯзишгоҳҳои санъат ва касбию техникӣ бо мақсади эҳтирому қадршиносӣ ба муқаддасоти миллӣ барномаҳои мухталиф, аз ҷумла  вохӯрию суҳбат ва конфронсҳои илмию назариявӣ  таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ», Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи «Эҳтироми рамзҳои давлатӣ – эҳтироми миллат аст», инчунин миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдории мост» гузаронида мешаванд.

Ҳамзамон дар варзишгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназия ва донишҷӯёни коллеҷҳову мактабҳои олӣ мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ дар назар дошта шудаанд.

Барои насб кардани парчам ва шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурӣ ва баргузор намудани намоишҳои идона дар маркази вилоят бо иштироки фаъолон, сокинону меҳмонон ва неруи созандаи кишвар- ҷавонон корҳои амалӣ ба анҷом расида истодаанд.

Ноябрь 22, 2018 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд