Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2020-ро бо ғалаба оғоз кард
ДУШАНБЕ, 5.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол рақобатҳои марҳилаи муқаддамотии Бозиҳои олимпии-2020-ро дар гурӯҳи «А» бо пирӯзӣ оғоз кард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, ин рақобати ҷолиб дар ҳузури 20 ҳазор тамошобинон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд. Дар бозии аввалини хеш дастпарварони Сулаймон Бобокалонов дастаи мунтахаби бонувони Муғулистонро бо ҳисоби калони 4:1 мағлуб намуданд. Аз ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон голҳоро Мадина Фозилова, Гулсунбӣ Ҳалимова ва Лайло Ҳалимова ба ҳадаф расониданд.
Дар дидори дигар дастаи мунтахаби бонувони Филиппин бар дастаи мунтахаби бонувони Сингапур бо ҳисоби калони 9:0 ғолиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки даври дуюми мусобиқаи мазкур фардо, 6 ноябр байни дастаҳои мунтахаби бонувони Муғулистон бо Сингапур ва Тоҷикистон бо Тайбэйи Чин дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.
Бозиҳо соатҳои 13-00 ва 16-00 оғоз мегарданд.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






