Германия барои самтҳои афзалиятноки тандурустӣ, бахшҳои молия, энергетика, таълимоти касбӣ ва рушди инноватсионии Тоҷикистон 27 млн. евро ҷудо менамояд

Ноябрь 21, 2018 16:54

ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Германия барои самтҳои афзалиятноки тандурустӣ, бахшҳои молия, энергетика, таълимоти касбӣ ва рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 млн. евро ҷудо менамояд. Ин матлабро сардори шуъбаи «Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбоҷаи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) Катрин Оллерс зимни баргузории гуфтушуниди байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия, ки имрӯз дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Гуфтушуниди байниҳукуматӣ бо ширкати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Германия ҳамчунин бо мақсади рушди муносибатҳо байни ду кишвар, баррасии муштараки ҳамкории ҷорӣ ва омодакунии гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2019-2020, ки баргузории он соли 2019 пешбинӣ мегардад, доир шуд.

Ҳайати Тоҷикистонро  муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва ҷониби Германияро сардори шуъбаи «Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбоҷаи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) Катрин Оллерс роҳбарӣ карданд.

Дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Германия маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла, таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳои бемориҳои сил ва сохтмони дармонгоҳи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитон, беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ  ба занони ҳомила ва кӯдакони навзод, беҳтар намудани сифати ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои машварат санади дахлдор ба имзо расонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки яке аз натиҷаҳои бобарори гуфтушунидҳо- ин ба мувофиқа омадани ҷонибҳо дар самти энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» мебошад, ки дар амалӣ гардидани он қаблан ҷониби Германия омодагии   худро барои иштирок иброз намуда буд.

Ноябрь 21, 2018 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид