ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ СИФАТ. Бо пешниҳоди Тоҷикистон стандартҳои нави байналмилалӣ оид ба меваи хушк қабул гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») стандартҳои нави миллии КАИ СММ «Себи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) таҳия карда шуданд, ки пас аз баррасӣ дар ҷаласаҳои гурўҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзии сифати Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии давлатҳои аъзо қабул гардиданд. Инчунин стандарти нави ТҶ.FFV-63 «Хурмо» низ дар ҳоли таҳия қарор дорад. Ин тадбирҳо имкон фароҳам меоранд, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бе монеа ба мамлакатҳои хориҷи дур содирот шаванд. Албатта, барои рақобатпазирӣ ва содироти маҳсулот, пеш аз ҳама, сифатнокии он аҳамияти муҳим дорад. Зеро масъалаи сифат — яке аз масъалаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакатҳои пешрафта маҳсуб мешавад.
Дар Рўзи ҷаҳонии сифат (World Quality Day), ки ҳамасола рўзи паҷшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи ноябр таҷлил карда мешавад, доир ба пешгирии бозори ватанӣ аз маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ва ба рақобатпазирӣ тобовар намудани маҳсулоти ватанӣ ҷиҳати содироти минбаъдаи он ба хориҷи кишвар дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикстандарт» маводе таҳия намудем, ки пешкаши хонандагон мегардонем.
Дар Тоҷикистон сиёсати давлатӣ дар самти сифат ба таъмини рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасониҳо, чӣ дар бозори дохилӣ ва чӣ дар бозори беруна барои рушди муътадили иқтисоди Тоҷикистон, таъмини шуғлнокии аҳолӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва ниҳоят баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон равона гардидааст.
Тавре дар «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуданд, мутахассисони ин ниҳоди марбут ба таъмини сифат дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ҳамарӯза молу маҳсулот ва хизматрасониҳоро зери назорати доимӣ қарор дода, дар ҳолатҳои муқарраргардида ва зарурӣ санҷишҳо гузаронида, маҳсулоти ғайристандартӣ ва пастсифатро аз муомилот мегиранд ва нисбат ба соҳибони онҳо мутобиқи қонунгузорӣ чораҷӯӣ карда мешавад.
«Аз ҷумла, давоми нуҳ моҳи соли равон ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти бозичаҳои пастсифат ва хатарнок, ки асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд, нозирони «Тоҷикстандарт» дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, ба миқдори 69 850 дона бозичаҳои ба тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар воридшударо аз муомилот гирифтанд, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 66 301 дона зиёд мебошад», — зикр кард манбаъ.
Дар доираи таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон 121 аризаи шикоятии шаҳрвандон, ки мазмуни аксарияти онҳо оид ба сифати молу маҳсулот ва фиреби харидорон мебошад, аз тарафи масъулин баррасӣ гардида, дар муҳлати муқарраршуда ба таври мусбат ҳал карда шуданд. Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, вориду фурўши маҳсулоти бесифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 4717 ҳолат, ба маблағи умумии 1 232 550 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуда, маблағҳо ба буҷаи давлатӣ пардохт гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳама гуна шуғлу амали мо бояд тартиб, этика, меъёр ва сифату зебоӣ дошта бошад ва пеш аз он ки мо маҳсулоти хушсифату бозоргир истеҳсол намоем, бояд аввал соҳиби чунин табъ бошем, яъне куллан зебоипараст бояд буд.
Болоравии сифати маҳсулот ва кору хизматрасониҳо аз ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат вобаста аст
Агентии «Тоҷикстандарт» бар он аст, ки баҳри боло бардоштани сифатнокии маҳсулоти ватанӣ ва рақобатпазир намудани он дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ иҷори низоми менеҷменти сифат зарур аст. Зеро мақсади асосии ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат дар корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасониҳо- ин пеш аз ҳама, фароҳамсозии шароити мусоид барои тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, дар оянда пур намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифат, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои муосир, солимгардонии муҳити зист ва сарфи ашёи хоми истеҳсолӣ ва ҳамзамон тақвияти иқтидории содиротии мамлакат мебошад.
Дар натиҷаи ҷорӣ намудани «Низоми менеҷменти сифат» дар раванди истеҳсолот, корхона имконият пайдо менамояд, ки дар миқёси байналхалқӣ шарикони боэътимоди худро пайдо намуда, аз ҳисоби сифатнокии маҳсулоташ даромади молиявӣ, яъне фоидаи иқтисодиашон зиёд гардад. Яъне дар натиҷаи татбиқи дурусти низоми менеҷменти сифат манфиатҳои иқтисодӣ зиёд мегарданд. Дар ин маврид камшавии хараҷот ва зиёдшавии истеҳсолот ба амал меояд. Ин натиҷаҳои хуб танҳо ҳангоми риоя намудани талаботи «Низоми менеҷменти сифат» ба даст меояд. Барои расидан ба ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, шахсони масъули корхонаву ширактҳо бояд талаботи стандартҳои байналхалқии силсилаи ИСО 9000-ро ба хубӣ дарк намуда, ҳарчи зудтар дар корхонаҳои худ низоми мазкурро ҷорӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки стандарти байналхалқӣ барои ёрӣ расонидан ба ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати истифодаи нуфузи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ воситаи қавӣ ба ҳисоб меравад.
Шартҳое, ки дар стандартҳои байналмилалӣ мавҷуданд, барои ҳама дастрасӣ доранд, аз ҷумла ба давлатҳои дар ҳоли рушд буда ва ба онҳо барои беҳтар истифода намудани захираҳои молиявӣ, моддӣ ва инсонӣ кумак менамоянд. Пеш аз ҳама, равандҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ, ки ин стандартҳо пешбинӣ намудаанд, ба манфиат мебошанд.
Стандарти байналхалқӣ силсилаи ИСО 9000 на танҳо барои тиҷорат хуб мусоидат менамояд, балки ба ҷамъият барои самаранок истифода намудани захираҳои худ ва мусоидат ба рушди устувори ҷаҳонӣ кумак менамояд.
Айни ҳол дар 170 кишвари сайёра зиёда аз 1 миллион ширкатҳо ва ташкилотҳо моҳияти ин стандартро ба хубӣ дарк намуда, тибқи талаботи стандарти ИСО 9001 Низоми менеҷменти сифатро ҷорӣ намудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар асоси силсилаи стандарти ИСО 9000 дар 229 корхонаи ватанӣ ҷорӣ намудани низоми менеҷмент ва корҳои сертификаткунонӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии ИСО 9001, ИСО 22000, НАССР, СБД Б ҶТ 1470:2013 ва ОНSAS ба сомон расонида шуд. Ин раванд идома дорад.
Аз таърихи Рўзи ҷаҳонии сифат
Рўзи ҷаҳонии сифат (World Quality Day) ҳамасола рўзи паҷшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи ноябр гузаронида мешавад. Таҷлили ин рўз бо ташаббуси Ташкилоти аврупоии сифат (ТАС) (European Organization for Quality. EOQ) ва бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст. Рўзи ҷаҳонии сифат соли 1990 қабул гардида, пас аз шаш сол Ташкилоти аврупоии сифат ҳафтаи онро, ки ба панҷшанбеи дуюми моҳи ноябр рост меояд, Ҳафтаи аврупоии сифат (European Quality Week) эълон намуд.
Мақсади таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сифат ба баланд бардоштани мавқеи сифати олии молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, инчунин фаъолгардонии намудҳои фаъолият, ки таваҷҷуҳи бештарро ба масъалаҳои сифат ҷалб менамояд, нигаронида шудааст. Зеро сухан на танҳо дар бораи бехатарии молу маҳсулот барои инсон ва муҳити зист, балки оид ба сатҳи қонеъ гардидани талабот ва қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон меравад.
Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»