КОНФЕРЕНСИЯ ИЛМИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: Таълифоти Тӯрақул Зеҳнӣ то кунун қимати худро гум накардаанд

Ноябрь 2, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти осори илмию фарҳангии рӯзноманигор, олими забоншинос, адабиётшинос ва адиб Тӯрақул Зеҳнӣ Конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷик» баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конференсия олимону муҳаққиқон ва адибон аз давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия, ҳамчунин пайвандону алоқамандони эҷодиёти Тӯрақул Зеҳнӣ иштирок доштанд.

Ҳамоишро муовини президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳикмат Муъминов ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки саҳми Тӯрақул Зеҳнӣ дар рушди забону адабиёт ва илму маорифи тоҷик хеле назаррас аст. Нахустин дастури саҳву наҳви забони тоҷикиро Тӯрақул Зеҳнӣ омода кардааст. Инчунин Тӯрақул Зеҳнӣ аз ҷумлаи аввалин нафаронест, ки барои гузаштан ба хати нав ва мубориза бо маҳви бесаводӣ хизмати бузург кардааст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода зимни суханронӣ ба зарурату муҳимияти бузургдошти хотираи фарзандони барӯманди миллат ишора карда, зикр намуд, ки дар сиёсати имрӯзаи давлати мо арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, гузаштагони миллат ва заҳматҳои онҳо нақши муҳим дорад. «Баргузории ёдбуди фарзандони фарзонаи миллат, аз ҷумла Тӯрақул Зеҳнӣ гувоҳи он аст, ки мо ба таъриху гузаштаи худ арҷ мегузорем.  Рӯзгори Тӯрақул Зеҳнӣ барои ҳар яки мо ибратомӯз аст. Китоби «Санъати сухан»-и устод Зеҳнӣ имрӯз китоби рӯйимизии ҳар як муҳаққиқи забон ва суханвари ҷумҳурӣ аст. Имрӯз мо имкон дорем аз асарҳои офаридаи устод бе мушкилӣ истифода барем ва омӯзем. Замони шӯравӣ ин имкон набуд, зеро бисёре аз китобҳои устод чоп нашуда буд ё дастраси ҳамагон набуданд. Имрӯз тамоми китобҳои устод нашр шудаву барои олимону хонандагон дастрасанд»,-гуфт Ш. Орумбекзода.

Воқеан, мавриди зикр аст, ки Тӯрақул Зеҳнӣ аз қабили нафароне буд, ки дар ягон сарчашма, адабиёти илмӣ, ёддоштҳо ва ё мақолаҳои алоҳида то солҳои 90-уми асри XX нашршуда оид ба зиндагинома ва фаъолияти илмиву адабии ӯ маълумот дарҷ наёфтааст. Соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ имкон дод, ки бисёре аз фарзандони донишманди тоҷик, аз ҷумла Тӯрақул Зеҳнӣ ба халқи тоҷик муаррифӣ шаванд ва асарҳои онҳо рӯйи чоп ояд.

Профессори ДМТ Мунира Шаҳидӣ таъкид дошт, ки Тӯрақул Зеҳнӣ аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони кишвар ба ҳисоб рафта, таълифоташ то кунун қимати илмии худро гум накардаанд. Бахусус, асари ӯ «Санъати сухан» ҳоло ҳам барои муассисаҳои олии кишвар чун китоби дарсӣ тадрис мешавад. Аз ин сабаб, имрӯз мо бояд аз фурсат истифода карда, ҳарчи бештар осори мондагори донишмандони тоҷик, аз қабили устод Зеҳниро маҳқиқу ташвиқ намоем.

«Имрӯз ба осори Тӯрақул Зеҳнӣ бояд бештар таваҷҷуҳ кард. Устод тӯли фаъолияти пурсамари худ ба масъалаҳои гуногуни замони хеш таваҷҷуҳ карда, андешаҳои ҷолибу пурарзиш пешниҳод кардаанд. Махсусан, масъалаҳои забон ва хат дар осори илмии устод ба таври равшан ва густурда инъикос ёфтаанд»,-зикр намуд Мунира Шаҳидӣ.

Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова бо зикри хизматҳои арзандаи Тӯрақул Зеҳнӣ дар эҳёву рушди забони тоҷикӣ ба мероси аз худ боқӣ гузоштаи ӯ таваҷҷуҳ намуда, гуфт: «Тӯрақул Зеҳнӣ дар баробари олиму муҳаққиқ ва шоиру маорифпарвар будан, инчунин фарзандону наберагони соҳибмаърифат ва идомадиҳандаи кори худро низ тарбия намудааст. Имрӯз пайвандони устод кору роҳи Тӯрақул Зеҳниро бо сари баланд идома дода истодаанд».

Инчунин дар ҷараёни конференсия ба ҳозирин филми мустанади «Чароғи роҳи маърифат», ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Тӯрақул Зеҳнӣ сабт шудааст, намоиш дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки Тӯрақул Зеҳнӣ аз зумраи адибоне мебошад, ки ибтидои солҳои 20-ум ба майдони адабиёт бо шеъри «Нидо ба авлоди Ватан» ворид шуда, минбаъд дар ҳаёти фарҳангии тоҷикон хизмати беназир кардааст. Зеҳнӣ дар қатори устод С.Айнӣ, А.Муҳиддинов, Фитрат, Б.Икромӣ, Семёнов, Лоҳутӣ, Мунзим, Сухарева ва даҳҳо дигарон бо мақолаҳои илмӣ дар масъалаҳои забон ва алифбо баромад намудааст.

Устод Т.Зеҳнӣ яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна ба шумор меравад. Ӯ доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва советии тоҷик, роҷеъ ба илмҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва забоншиносӣ зиёда аз 200 мақолаи илмӣ навиштааст.

Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1983 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 2007 бо ташаббуси духтари олим Фарруха Зеҳнӣ китоби хотираҳои дӯстон дар бораи олими барӯманд бо номи «Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон» чоп шуд, ки ба 115-солагии ӯ бахшида шуда буд.

Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти химия озмоишгоҳи маводи ба коррозия устувор бо асбобу технологияҳои муосир ифтитоҳ гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд
Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
Президенти Тоҷикистон: «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»
Дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бояд як мактаби мусиқӣ бунёд карда шавад
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст