Конститутсияи Тоҷикистон роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро барои садсолаҳо муайян кардааст

Ноябрь 6, 2018 08:44

ДУШАНБЕ, 06.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуқӯъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун рӯзи қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

Тибқи Конститутсия, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, ба татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, асос гузошт.

Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати омўзиши масъалаҳои амнияти минтақавии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло ХОҶАЕВ иброз дошт, ин санади таърихӣ-Конститутсия  воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон тақдирсоз буда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва роҳи рушду пешрафти  давлати  тоҷиконро  барои  садсолаҳо  муайян кардааст.

Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсияи мо чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии  мо хоҳад  буд».

«Дар тўли ин солҳо Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва  ҳамкорӣ дар Аврупо  номбар  гардидааст»,-баён дошт Ҳикматулло Хоҷаев.

Бояд зикр кард, ки дар робита ба ин Пешвои миллатамон чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».

Бо  мурури замон ва вобаста  ба  тақозои  ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба  ин санад се маротиба  тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016).

Ба зикри номбурда, дар асоси ин санади таърихсоз нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис  дода  шуд,  ки пайваста  дар такмили қонунгузории кишвар  нақш  мебозад.

«Бинобар ин, моро мебояд, ки ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намоем ва меъёрҳои онро, ки барои  рушду  суботи  кишвар  равона  шудааст, риоя  намоем»,- гуфт Ҳ. Хоҷаев.

Чунончи, дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам  меорад».

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, зиндагии имрўза  нишон медиҳад, ки халқи  тоҷик воқеан ҳам кишвари демокративу  ҳуқуқбунёд ва дунявӣ барпо намуда, дар талоши  ҳифзи  манфиатҳои  худ  мебошад  ва  дар  ин  ҷода  ба  муваффақиятҳои  беназир  ноил  гардидааст.

«Пеш  аз  ҳама,  дар  кишвар  волоияти  қонун, яъне  озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида,  дар  маҷмўъ ҷомеаи  навини  адолатпарвар барқарор  карда шудааст. Имрўз  аз он  бедодгариҳои  солҳои  1992 – 1997  нишоне  боқӣ  намондааст»,- баён дошт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо аз кирдору амалҳои баъзе аз бадхоҳону ҳасудони давлати  тоҷик  изҳори нигаронӣ намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баён дошт, ки  чунин  тоифа  дар талоши  онанд, ки  аз  тариқи  расонаҳои  гуногуни  чопӣ  ва  интернетӣ  тамоми музаффариятҳои ба туфайли Конститутсия ба  дастовардаи  халқи  тоҷикро  бадном  созанд.  Вале, бо  боварии комил  метавон гуфт,  ки  мардуми  шарифи  тоҷик    ҳеҷ  гоҳ фирефтаи  онҳо  намешавад.

«Дар  чунин  ҳолат,  мо,  ҷавонон  бояд  бо  ҳар  роҳ  кўшиш  кунем, ки  тамоми  дастовардҳои  сиёсӣ, иқтисодию  иҷтимоӣ ва илмию техникии  ноилгардидаро  ҳифз  намоем»,- гуфт номбурда.

Ба андешаи Ҳикматулло Хоҷаев, барои расидан ба ин ҳадаф, ҷавонон бояд  қабл  аз  ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллиашонро  баланд  бардошта, қишри боқимондаи  ҷомеаро ба ин роҳ  ҳидоят  намоянд.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 6, 2018 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст