«МЕРАВЕМ, МЕХӮРЕМ!» — ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷон Уоррени британӣ аз кӯҳҳои Фон ба ваҷд меояд, пахта мечинад, аз ангурзор дидан мекунад ва бо зебосанамҳои тоҷик шинос мешавад
ДУШАНБЕ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Барандаи барномаи маъруфи шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия «Меравем, мехӯрем!» («Поедем, поедим!») Ҷон Уоррен аз Тоҷикистон дидан кард.
Барномаи «Меравем, мехӯрем!» дар бораи ошпазӣ ва сайру саёҳат буда, дар шабакаи телевизиони «НТВ» намоиш дода мешавад.
Зимни таҳияи барнома дар Тоҷикистон Уоррен аз кӯҳҳои Фон ва меҳмоннавозии мардуми деҳаи кӯҳистон ба ваҷд омад. Ӯ ҳамчунин дар пахтазор меҳнат карда, аз ангурзор дидан намуд ва танӯр-кабоби тоҷикиро чашид.
Илова бар ин, Ҷон Уоррен дар Искандаркӯл шино карда, бо дунёи мӯди миллӣ ва зебосанамҳои тоҷик шинос шуд.
Дар охир ин барандаи барномаи маъруф ҳамчун ошпази маҳаллӣ таоми лазиз — мастоба омода кард. Тааҷҷубовар ин аст, ки ба назари Уоррен ин хӯрок ба палави обакӣ монанд мебошад, на ба чизи дигар.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар шабакаи дигари телевизиони Россия- «Пятница» барномаи «Орел и решка», ки ба Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе бахшида шуда буд, намоиш дода шуд. Баъди таҳияи барнома барандагони он зикр карданд, ки онҳо аз ин кишвари офтобӣ ва меҳмоннавоз беҳтарин таассурот гирифтанд. Ва, чун анъана, дар интиҳои саёҳати худ шишаеро бо 100 доллари ИМА пинҳон карда, барои дар куҷо пайдо кардани он луқма доданд.
Имрӯз барномаҳои сайёҳӣ, мисли саёҳат хеле маъмул мебошанд, зеро ба кишварҳо ва шаҳрҳои гуногуни олам сафар кардан, аз манзараҳои зебою нотакрори ин ё он давлат ҳаловат бурдан ва аз анъанаву ҷойҳои таърихӣ, фарҳангу оини одамон бохабар шудан бисёр шавқовар ва таъсирбахш аст. Ҳар як инсон хӯроки лазиз хӯрданро дӯст медорад, аз ин рӯ барои ҳама донистани он, ки дар гӯшаҳои гуногуни дунё чӣ гуна хӯрокҳо омода мекунанд, хеле шавқангез аст.
«Аз ҳар лаҳзаи саёҳат ҳаловат баред. Хӯрокҳои навро бичашед, нӯшокиҳои маҳаллиро бинӯшед, забони бегонаро омӯзед, кӯшиш намоед, ки ба фарҳанг ҳамроҳ шавед», — мегӯяд Ҷон Уоррен, барандаи барномаи «Меравем, мехӯрем!».
Бояд гуфт, ки Ҷон Уоррен дар Майами таваллуд шуда, дар Британия ба воя расидааст, вале аз хурдсолӣ ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шавқ дошт. Дар 12-солагӣ ӯ аллакай бо забони русӣ озодона суҳбат мекард, китобҳои нависандагону шоирони Шӯравиро мутолиа менамуд ва ба хӯрокҳои мардумони мо рағбат дошт.
Баъди таҳсил дар донишгоҳ Ҷон ба Москва кӯчид ва муддати бист сол дар Россия зиндагӣ кард. Ӯ ҳатто дар вилояти Москва корхонаи хусусии истеҳсоли маҳсулоти гӯштии худро ифтитоҳ кард. Акнун ӯ имкон дорад, ки ба саросари ҷаҳон сафар намояд ва бо анъанаҳои ошхонаҳои ин ё он кишвар шинос гардад. Уоррен тадқиқотро аз Россия оғоз кард ва қариб ба ҳамаи шаҳрҳои он ҳамроҳ бо гурӯҳи наворбардорон сафар намуд. Ӯ аллакай дар Эрон, Чин, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон буд ва акнун дар Тоҷикистони офтобӣ аст.
Нашри барномаи ошпазии «Меравем, мехӯрем!»-ро дар бораи Тоҷикистон метавон рӯзи шанбе, 24 ноябр, соати 15:05 ба вақти Душанбе (13:05 ба вақти Москва) дар шабакаи телевизиони «НТВ»-и Россия тамошо кард.










САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид






