Парчам нишони сарфарозиҳои мардум, далели шуҳрату иқболи баланд, баёнгари ормонҳои миллат мебошад

Ноябрь 23, 2018 13:20

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат» ҳамоиш  доир гардид.

Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Абдуҷаббор Қодирзода зикр кард, ки Парчам рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор  ва нангу  номус буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлати миллӣ рисолати бузург ба анҷом меравонад. Дар ин маврид суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон гардиданд, ки гуфта буданд: «Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад. Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад».

Зикр гардид, ки Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Дар ҳамоиш судяи Суди Олии иқтисодӣ Нуриддини Нурулло дар мавзӯи «Эҳтироми Парчам вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандист», раиси Суди  иқтисодии шаҳри Душанбе Зебониссо Абдуллозода дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – муаррифи миллат», мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии қонунгузории Суди Олии иқтисодӣ Насиба Исломова дар мавзӯи «Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллӣ» маърӯза ва доир ба мавзӯъҳои матраҳгардида мубоҳиса намуданд.

 

 

Ноябрь 23, 2018 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид