Профессор Равшан Раҳмонӣ: «Суннати афсонагӯӣ, қиссагӯӣ, таъриххонӣ ва шоҳномахонӣ дар кӯчаву бозорҳои Осиёи Миёна вуҷуд доштааст»
ДУШАНБЕ, 04.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Доктори илмҳои филология, профессор Равшан Раҳмонӣ солҳост, ки бо гирдоварӣ, нашр ва таҳқиқи осори фолклорӣ машғул аст. Чанде қабл китоби нави ӯ «Шоҳнома» дар байни тоҷикон» зери назари академикҳо А.Раҳмонзода ва М.Имомзода чоп шуд.
Китоб аз ду бахш иборат аст. Ин бахш иборат аст аз фаслҳои ««Шоҳнома»-и Вораси Бухороӣ», «Искандаркӯл, Золи Зард ва Сӯҳроб (соли1870)», «Шоҳнома» дар адабиёт ва фарҳанги тоҷикон», «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар байни мардум», «Шоҳномахонӣ ва нақли он дар Пасурхӣ», «Сиёвуш дар гуфтори ровиён», «Дар бораи ровиён», «Ишорате дар бораи лаҳҷаи Пасурхӣ», «Китобнома». Устод дар бахши аввал дар бораи он сухан рондааст, ки «Шоҳнома» дар байни мардуми тоҷикон ва форсизабонон чӣ шуҳрате дорад.
Бахши дуюми китоб иборат аз матнҳо, ки бо забон гуфтугӯии мардум оварда шудааст. Дар ин бахш ҳикояти гӯяндагон Муллошариф Файзуллоев (1888-1972) «Қиссагӯӣ ва шоҳномахонӣ», «Арҷосиб писари Лаҳросиб», Барзу»; Раҳим Шарифов (1925-), «Китобҳои Муллошариф», «Гуфтугӯ дар бораи шоҳномахонӣ», «Гӯяндагони «Шоҳнома» дар Пасурхӣ», «Шоҳномахонии Муллошариф дар Бухоро», «Барзу писари Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб (варианти-1)», «Зиёрати қабри Рустам», «Рустам ва Сӯҳроб (варианти-2)», «Барзу, Сом, Зол, Исфандиёр, Искандар», «Шоҳномахонӣ ва қиссагӯӣ, қаландарӣ», «Исфандиёру Рустам ва Золу Симурғ», «Кушта шудани Рустам», «Кова ва Заҳҳок», «Дахмаи шоҳон»; Ҳомид Шарифов (1937-) «Шабнишиниҳои шоҳномахонӣ», «Барзуи Деҳқон»; Воҳид Шарифов (1941-) «Китобҳои Муллошариф», «Эрон ва Тӯрон»; Раҳмонов Қаҳҳор (1931-2005) «Қиссаи Сиёвуш», «Рустам ва Исфандиёр», «Таваллуди Рустам ва шарҳи ровӣ», «Ҷамшеду Заҳҳоку Кова», «Гуфтугӯ дар бораи шоҳномахонӣ», «Искандар ва подшоҳи Ҳиндустон», «Нӯширавон ва Бузургмеҳр»; Камолов Ҷӯра (1921-1997) «Нақл дар бораи Фирдавсӣ», «Хоки мурдаи Сомро овардани Рустам», «Достони Сиёвуши Валӣ», «Достони Барзу», Камолов Равшан (1955-) «Рустам ва Сӯҳроб», «Достони Барзуи Деҳқон», «Баргардондани Рустама ба дарбор», «Марги Рустам», «Золизар ва Рустам», «Рустам ва ҳазрати Алӣ»; Қосимов Халил (1929-), «Сом, Золи зард, Рустам (мухтасар)», «Ҷанги Рустам бо писараш Барзуи Деҳқон», «Мусибати модар дар марги Рустам»; Ҷабборов Ато (1934-2013) «Рустам ва Барзу», «Рустам ва Сиёвуш», «Рустам ва Исфандиёр», «Кушта шудани Рустам» ва ғайра ҷо дода шудааст. Дар охири китоб дар бахши «Луғатнома» калимаҳои омиёна шарҳ ёфтаанд. Ҳамчунин суратҳои гӯяндагон низ оварда шудаанд.
Раҳмонӣ дар муқаддимаи китоб ишорат кардааст, ки «мутолиаҳо, мушоҳидаҳо ва пурсишҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Кӯлоб, Панҷакент, Тоҷикобод, Рашт, Ҳисор, Айнӣ, Варзоб ва минтақаҳои дигар ҳамеша «Шоҳнома» вирди забони мардуми Осиёи Миёна будааст. Яке аз мисолҳои барҷаста ин ишорати Абӯбакр Муҳаммад Бинни Ҷаъфар Наршахӣ дар китоби «Таърихи Бухоро» мебошад, ки ӯ дар асари худ роҷеъ ба шахсиятҳое, ба монанди Афросиёб ва Сиёвуш, ки дар «Шоҳнома» ҷойгоҳи махсус доранд, ишорат кардааст».
Тавре ки устод ёдовар мешавад: «достонҳои «Шоҳнома»-ро на танҳо нақл мекарданд, балки ровиёну наққолон ва ошиқони «Шоҳнома» гуфторҳои хешро ба шакли китоб медароварданд.
Баъдан Р.Раҳмонӣ ишорат бар он менамояд, ки суннати афсонагӯӣ, қиссагӯӣ, таъриххонӣ ва шоҳномахонӣ дар кӯчаву бозорҳои манотиқи гуногуни Осиёи Миёна вуҷуд доштааст. Мувофиқи таҳқиқи Р.Раҳмонӣ, «дар Бухоро, дар ҳазор соли пешин ва бахусус садаҳои 16-19 мелодӣ, «Шоҳнома» ҳамчун асари паҳлавонӣ ва таърихи шоҳони қадим дар канори асарҳои ҳамосии паҳлавонӣ ва динӣ, ба монанди «Абӯмуслимнома», «Искандарнома», «Ҳамзанома», «Доробнома», «Замчинома», «Рустамнома», «Қаҳрамоннома», «Ҷамшеднома», «Самаки Айёр» нақл мешудааст ва даст ба даст аз ҷониби ровиён ва котибон нусхабардорӣ мегардидааст.
Устод дар давоми гуфтаҳои худ ёдовар мешавад, ки «Шоҳнома»-ро дар Бухоро ва манотиқи тобеи он барои мардуми одӣ, ки хондан ва навиштанро ёд надоштанд, баъзе аз шахсони босавод мехонданд ва ба забони оммафаҳм нақл мекарданд. Аз ин тариқ дар байни онҳо бархе аз достонҳои «Шоҳнома» даҳон ба даҳон баён мешуд. Гоҳе чунин мешуд, ки шабҳои дуру дароз шоҳномахонӣ мекарданд, мазмуни онро ташреҳ намуда, байтҳои ҷудогонаашро мавриди таҳлил қарор медоданд. Дар маҳфилҳо хондан, нақл кардани «Шоҳнома» боиси он мегардид, ки баъзе аз шахсони босаводу аз навиштан огоҳ бахше аз достонҳои онро дар баёзҳо ва дафтарҳои шахсӣ менавиштанд. Аз ин тариқ нусхаҳои навиштории «Шоҳнома»-и мансур ба вуҷуд меомад. Ин гуна «Шоҳнома»-ҳои мансур ду навъ буданд: навъи аввали онҳо ба забони адабии меъёрии китобӣ таълиф мешуд ва навъи дигари он ба забони оммаи мардум наздик буд».
Ба гуфти Р.Раҳмонӣ, «маҳфилҳои қиссахонӣ ва шоҳномахонӣ дар байни форсизабонони Осиёи Миёна зиёд буда, то авоили садаи бистум шуҳрат доштанд. Масалан, адиби донишманди тоҷик Аҳмади Дониш, ки дар садаи 19 зиндагӣ кардааст, дар китоби худ «Наводир-ул-вақоеъ» дар бораи ин гуна ҷамъомадҳо, ки худаш низ дар хурдсолӣ дар он ширкат намудааст, ёдовар шудааст».
Р.Раҳмонӣ ёдовар мешавад, ки «Аҳмади Дониш таҳти таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қарор гирифтааст. Дар ин асар ӯ ҳангоми баёни андешаҳои худ гаҳ-гоҳе байтҳое аз «Шоҳнома»-ро меорад ва ҳатто дар яке аз бахшҳои китоби худ, ки «Дар боби ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон» унвон дорад, ёдовар мешавад, ки як тан мусофири бухороӣ дар Пешовар меҳмони як фармонфармои фарангӣ мегардад. Ин сайёҳи бухороӣ хати зебое доштааст. Пас аз суҳбатҳо фармонфармои фарангӣ аз вай хоҳиш менамояд, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсиро китобат намояд».
Ҳамчунин Р.Раҳмонӣ бар он ишорат намудааст, ки А.Мустаҷир дар «Сафарномаи Искандаркӯл» бар он ишорат менамояд, ки дар байни мардуми Зарафшон достонҳо ва қаҳрамонҳои «Шоҳнома» машҳур будаанд. Тибқи маълумоти рӯзи 17 июни соли 1870, Абдураҳмони Мустаҷир дар бораи Искандаркӯл ривоятеро меорад, ки дар он қаҳрамонҳои Шоҳнома Зол, Рустам, Сӯҳроб ёд шудаанд.
Ба гуфти Р.Раҳмонӣ, «дар садаи Х1Х ва аввалҳои садаи ХХ дар байни мардуми тоҷик «Шоҳнома» шуҳрати зиёд дошт. Шахсони махсусе буданд, ки дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Бадахшон, Кӯлоб, Истаравшан, Ҳисор, Панҷакент, Тоҷикобод, Ғарм ва манотиқи дигар шоҳномахонӣ ва шоҳномагӯӣ мекарданд. Ҳатто дар хонаводаҳо ва дар маҳфилҳои хусусӣ дар паҳлуи китобҳои дигар ба «Шоҳнома» рӯ меоварданд».
Р.Раҳмонӣ мегӯяд, ки «Дар миёни тоҷикони Осиёи Миёна шоҳномахонӣ ва нақли достонҳои «Шоҳнома» хеле зиёд буд. Таъсири онро дар миёни қавму миллатҳои дигар, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, метавон мушоҳида кард. Донишманди фарзона академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ борҳо бароям гуфта буданд, ки дар солҳои сиюм дар Бухоро шоҳномахонӣ на фақат дар байни мардҳо, балки дар байни занҳо низ буд».
Ба гуфти Р.Раҳмонӣ падари шоири номдори тоҷик Рустам Ваҳҳобзода, Илёс Ваҳҳобови 91-сола ҳоло ҳам достонҳои зиёди «Шоҳнома»-ро аз ёд медонад ва барои мардум ҳикоят мекунад.
Устод ёдовар мешавад, ки «то охири садаи бист дар баъзе минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна шоҳномахонӣ ва нақлҳое аз «Шоҳнома» дар бораи «Сом», «Золи Зард», «Рустами Достон», «Рустам ва Сӯҳроб», «Сиёвуш», «Рустам ва Исфандиёр», «Афсонаи Афросиёб», «Камони Рустам», «Рустам ва Искандар» ва амсоли ин роиҷ будааст. Достони «Рустам ва Барзу» («Барзуи деҳқон ва Рустами Достон», «Барзу ва Рустам») агарчӣ аз Фирдавсӣ нест, вале дар байни тоҷикони баъзе минатқаҳо (Бойсун, Панҷакент, Ҳисор, Турсунзода, Варзоб, Айнӣ) ҳамчун достони «Шоҳнома» то ба имрӯз дар зеҳни мардум боқӣ мондааст».
Аз гуфтаи Р.Раҳмонӣ маълум мешавад, ки ӯ матнҳои ин китобро дар тӯли солҳои дуру дароз аз маҳфилҳо ва маҷлисҳо шунида, сабту забт кардааст. Маводи бойгонии ӯ иборат аст аз 1). Сабт дар дафтар; 2). Забти овоз; 3). Забти тасвири видео; 4). Суратҳои ровиён ва лаҳзаҳои нақл.
Ин матнҳо аз деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни кишвари Ӯзбекистон сабт шуда аст. Ба гуфти Р.Раҳмонӣ дар деҳа фақат тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Дар он ҷо достонҳои «Шоҳнома» ба ҳукми суннат даромада буд. Касоне будаанд, ки дар панҷоҳ соли аввали садаи бист достонҳои «Шоҳнома»-ро зиёд нақл мекарданд.
Аз ин деҳа шахсоне, ба монанди Қурбонов Муллоқосим Охунд (1879-1964), Муллоумар Охунд (1885-1974), Муллоабӯнаср (1889-1972), Муллошариф (1888-1972) шоҳномахон буданд. Баъдҳо пайравони онҳо Ҷӯра Камолов (1921-1997), Қаҳҳор Раҳмонов (1931-2005), Ато Ҷабборов (1934-2013), Раҳим Шарифов (мутаваллиди 1925), Халил Қосимов (мутаваллиди 1929), Ҳомид Шарифов (мутаваллиди 1937), Воҳид Шарифов (мутаваллиди 1941), Равшан Камолов (мутаваллиди 1955) то солҳои наздик достонҳои «Шоҳнома»-ро нақл мекарданд. Он шахсоне, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд, ҳоло ҳам барои фарзандонашон аз шунидаҳои худ ҳикоят мекунанд.