«РОҒУН». Ба шарафи ба кор оғоз намудани агрегати аввали иншооти бузури аср
ДУШАНБЕ, 07.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо шоирону нависандагон, адибону рӯзноманигорон ва намояндагони касбу кор ва синну соли гуногун оид ба мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба АМИТ «Ховар» навиштаҳои худро дар шакли нома, шеър, манзума, қиссаву ривоят ва назару мулоҳизоти инфиродии худ пешниҳод менамоянд.
Яке онро объекти таърихӣ, дигаре иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ва сеюмӣ махзани нур номидаву дар бораи он дар қолаби жанрҳои гуногун мавод навиштаанд.
Инак, шеъри тозаэҷоди шоири шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Нозир ЁДГОРИРО манзури хонандагон мегардонем.
Гашт имрӯз олам огоҳ,
Як сайёра одам огоҳ,
Дар масири кишвари мо
Кохи нуре гашт пайдо.
Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нав бино шуд ин ҷо!
Дар мадори Тоҷикистон,
Ахтари нав партавафшон!
Ахтари нав — Кохи «Роғун»,
Ахтари нав — Кохи нур аст,
Нури рахшон,
Нури Раҳмон.
Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!
Бо талоши Сарвари мо,
Ахтари нав гашт пайдо.
Ахтари нав кашфиёт аст,
Дар замин аз коинот аст,
Ахтари нурофарин,
Нур пошад аз замин.
Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!
Ахтари нав дар замин аст,
Балки он рахшандафар,
Дар қатори офтоб,
Ҳаст офтоби дигар;
Офтоби нури рахшон,
Офтоби нури Раҳмон,
Офтоби Тоҷикистон!
Дасти ҳақ боло шуд ин ҷо,
Кохи нур бино шуд ин ҷо!








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд






