Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Осиё соҳиби медали тилло гардид!

Ноябрь 5, 2018 11:11

ДУШАНБЕ, 5.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои  3-4 ноябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми Осиё оид ба дзюдо баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори ду медал гардиданд.

Тавре аз  Федератсияи дзюдои Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, паҳлавони шинохтаи тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни -100 кг сазовори медали тилло шуд. Саидҷалол мусобиқаро аз даври нимфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Алман Калиев ғалаба кард. Ӯ дар финал намояндаи дигари кишвари мизбон Жассулан Муҳаметхановро шикаст дод.

Паҳлавони дигари тоҷик Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард. Хайёмиддин дар даври чорякфинал бар варзишгари мизбон Еркебулан Аманкос ғалаба карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр бар намояндаи дигари кишвари мизбон Нурлан Аразалин дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Юнон Ҷорҷиос Азоидис шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки  дар мусобиқаи мазкур 76 варзишгар (56 мард, 20 зан) аз 7 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо як медали тилло ва як нуқра баъд аз Қазоқистон ва Юнон ҷои сеюмро ишғол намуд.

 

Ноябрь 5, 2018 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд