Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ӯзбекии ноҳияи Спитамен намоиши нави «Ситораи танҳо»-ро манзури тамошобинон мегардонад

Ноябрь 1, 2018 08:52

ХУҶАНД, 01.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Ситораи танҳо»  намоиши навест, ки  ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен ният доранд 7 ноябр дар Рӯзи театри  тоҷик манзури тамошобинон гардонанд. 

Дар намоиши мазкур 8 нафар актёрони театр нақш мебозанд. Мавзӯи асосии намоиш- ин инъикоси зиндагии чор нафар занони танҳоест, ки дар дарёфти маблағ ва пешбурди зиндагии оилаашон ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд…

Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар миқёси ҷумҳурӣ ягона театри ӯзбекзабон ба ҳисоб рафта, соли оянда ба таъсиси он 85 сол пур мешавад. Дар ин замина, вобаста ба паҳлуҳои фаъолият, мушкилот ва нақшаҳои оянда директори театри мазкур Абдуҷаббор НУРАЛИЕВ зимни суҳбат бо хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» андешаҳои худро чунин баён дошт:

— Соли 2019 Муассисаи давлатии Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен 85-сола мешавад. Театр соли 1934 бо ибтикори шахси санъатдӯст, ҳофизи номвар Ғанӣ-қорӣ ташкил гардида, солҳои минбаъда дар рушди он ҳунармандон Мирзо Пардаев, Усмонҷон Сиддиқов, Исмоил Бобоев, Бердимурод Турдимуродов, Аҳмадҷон Салимов, Пулодҷон Элмуродов, Тоҷиниссо Ниёзова, Мунаввара Қосимохунова саҳми арзанда гузоштаанд. Нисфи ин ҳунармандону санъаткорон аз  театрҳои Ӯзбекистон буданд, ки солҳои аввали ташкили театр баҳри рушди ин санъати зебо дар ин боргоҳи ҳунар фаъолият мекарданд.

Имрӯз ҳайати театр аз 44 нафар кормандони эҷодиву техникӣ иборат буда, аз 12 нафар актёрон 5 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Синни бештари кормандон миёна буда, 6 нафарашон ҷавонанд.

Ҳунармандони театр давоми сол 3-4 намоиш омода менамоянд.

Ҳоло дар назди театр ансамбли рақсӣ, иборат аз 25 нафар наврасон бо роҳбарии мутахассиси ҷавон Анора Абдураҳмонова ва ансамбли ҳофизон-мақомхонон бо теъдоди 8 нафар хатмкунандагони мактаби санъати шаҳри Хуҷанд фаъолият дошта, онҳо иштирокчии фаъоли бештари чорабиниҳои ноҳиявӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар назди театр баъзе мушкилот  низ ҷой доранд.

Аз ҷумла, имрӯз театр ба актёрони касбии ӯзбекзабон ниёзи бештар дорад. Зеро аз сабаби ноҳияи ӯзбекнишин будан ҳамаи спектаклҳо бо забони ӯзбекӣ ба саҳна гузошта мешаванд. Инчунин бо сабаби надоштани саррассом имрӯз ин вазифаро собиқадори театр Дадоҷон Маҳкамов ба уҳда дорад.

Мушкилии дигаре, ки пеши театр истодааст- ин набудани саркоргардон мебошад. Имрӯз масъулияти ин вазифа бар дӯши боз як собиқадори соҳа, актёри касбӣ Тоҳир Маликов вогузор гардидааст.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳли ҳунар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Дар ин замина, аҳли кормандони театри ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен низ ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат кӯшиш доранд бо ба саҳна гузоштани намоишҳои инъикоскунандаи доғи рӯз дар самти тарбияи насли наврас ва тарғиби ҳаёти солим саҳм гузоранд.

Аз ин лиҳоз, аҳли театр имрӯз паи ҷустуҷӯ ва ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод мебошанд. Аз ҷумла, зикр бояд кард, ки ба наздикӣ ба театр чор нафар ҷавонон, хатмкардагони Мактаби санъати маркази вилоят ба кор қабул карда шуданд. Чанд рӯз қабл бо иштироки онҳо як намоиши нав ба саҳна гузошта шуд, ки писанди тамошобинон ва соҳиби баҳои баланд гардид.

Намоиши нав  “Азроил ҳаммолӣ” (“Ҳаммоли Азроил”) ном дошта, бо ибтикори аҳли театр дар ҳамдастӣ бо шуъбаи фарҳанги ноҳия аз рӯи асари драматург Урунбой Усмонов ба саҳна гузошта шуд. Он ба масъалаи доғи рӯз- мубориза бар зидди нашъамандӣ ва терроризм равона гардидааст. Роҳбарияти театр ният доранд, ки соли оянда ин намоишро мукаммалтар карда, ба Фестивали ҷумҳуриявии “Парасту” манзур намоянд.

Дар айни замон ду нафар зодагони ноҳияи Спитамен, хатмкардагони Мактаби санъати шаҳри Хуҷанд- Тоҳир Қозибоев ва Барно Баракаева бо тавсияи маъмурияти театр дар шаҳри Душанбе  дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таҳсил дошта, баъди хатм ба театри мазкур ба кор меоянд. Аҳли театр умед доранд, ки давоми чанд соли наздик масъалаи норасоии кадрҳо ҳалли худро меёбад.

Маъмурияти театр бо мақсади дарёфти чеҳра ва истеъдодҳои нав аз ҷумлаи наврасони ӯзбекзабон ва дар оянда ба Донишгоҳи театрии шаҳри Тошканд барои таҳсил равон намудани онҳо аз 20 ноябр дар се давр миёни хонандагони синфҳои 9 ва 11-и мактабҳои миёнаи ноҳия бо номи “Истеъдодҳои наврас” озмун баргузор менамояд.

Ҳамчунин баҳри ҳамкорӣ  ва ивази таҷриба маъмурияти театр азм дорад бо маъмурияти Театри давлатии мусиқии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ ва Театри драмавӣ-мусиқии шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи Бобур шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад. Бо ин мақсад чанде пеш намояндагони  театрҳои мазкур аз ин боргоҳи ҳунар дидан намуда буданд.

Ба иттилои директори театр Абдуҷаббор Нуралиев, маъмурият нақша дорад, ки ба ифтихори 85-солагии театр осорхона ва бо ҷалби собиқадороне, ки дар рушди ин санъати муҳим саҳми босазо гузоштаанд, ансамбли фолклорӣ таъсис диҳад.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Ноябрь 1, 2018 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Брюссел дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба аъзои беҳтарини Лигаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид
Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд