Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкории зич ба роҳ мемонанд

Ноябрь 21, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 21.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб  дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки аз 18 то 21 ноябр доир гардид,  иштирок намуд.

20 ноябри соли равон дар доираи ҷаласаи мазкур Рамазон Раҳимзода бо муовини аввали Вазири корҳои дохилии Аморати Муттаҳидаи Араб Сайф Абдулло Ал-Шафар мулоқот кард.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, муқобилият бар таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати беҳтару пурзӯртар намудани ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур иброз доштанд.

Мавриди зикр аст, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иштирок дар ҷаласаи мазкур як зумра вохӯриҳо доир намуда, аз талошҳои пайвастаи Тоҷиктистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб сухан кард.

Ноябрь 21, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид