Ҳунармандони мо дар хориҷи мамлакат низ тамошобини худро доранд. Ба Рӯзи театри тоҷик бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 07.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, бори аввал дар ин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд. Соли 1929 ба театри мазкур унвони академӣ дода шуд. Яъне соли равон аз таъсиси театри тоҷик 89 сол сипарӣ гардид ва дар ин муддат соҳаи мазкур таҳаввулоти бузургеро паси сар намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба ин мавзӯъ ва бурду бохти театри тоҷик тайи ин муддат бо корманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Суҳроб Ҷанҷолов ҳамсуҳбат шуд, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Театри тоҷик дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардид?
Суҳроб Ҷанҷолов: Мояи ифтихор ва сарбаландии мо, мардуми тоҷик ва ҳунармандон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар кишварҳо бо забони ноби тоҷикии хеш намоишҳои худро манзур мекунем. Театри тоҷик воқеан дар замони Истиқлолият хеле пеш рафтааст. Театрҳо қаблан аз ҷиҳати техникӣ ва шароит вазъи хуб надоштанд. Ҳоло онҳо аз ин ҷиҳат рушд мекунанд. Дар баробари ин, театрҳои нав бунёд меёбанд. Масалан, театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт аз ҷумлаи театрҳое мебошанд, ки солҳои охир бунёд шудаанд. Дар пойтахти мамлакат ҳоло сохтмони Театри миллӣ идома дорад. Умедворем, ки он яке аз театрҳои бузургтарини Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Имрӯз кормандони театри тоҷик бо барномаҳои ҳунарӣ ба давлатҳои гуногун сафар карда, намоишҳои худро рӯи саҳна меоранд. Яъне ҳунармандони театрҳои мамлакат дар дигар кишварҳо низ мақоми хос ва бинандаи худро доранд. Онҳо дар озмуну фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Як ҷиҳати хуби дар дигар кишварҳо намоиш додани спектаклҳои театрҳои тоҷик дар он аст, ки бо пешниҳоди он ҳамзамон санъату ҳунари миллӣ, либосҳо, анъанаҳо ва дигар хусусиятҳои мардумиамон манзур мешаванд.
Дар қатори дигар ҳунармандони собиқадори соҳаи театр саҳми эҷодии ҳунарманди маъруфи кишвар Фаррухи Қосим дар инкишофи театри тоҷик ва нашъунамои ин соҳа бағоят калон аст.
Фаррух Қосимов шахсияти саҳна, ҳунарманди варзида, бунёдгузори театри “Аҳорун” мебошад. Ӯ тамоми ҳастиашро ба саҳна ва тамошобин бахшида буд. Аз тамошобинон даъват мекард, ки ба театр эҳтиром дошта бошанд, то ҳунармандон тавонанд беҳтарин намоишҳоро барои онҳо таҳия кунанд.
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон, ки он замон «Аҳорун» ном дошт, бо ташаббуси ин шахсияти маъруф аз январи соли 1990 ба фаъолият шурӯъ кард. Намоишҳои Фаррухи Қосим ва театри «Аҳорун» тавассути шева, мусиқӣ ва фалсафаи тоза дар роҳи таъсиси театри миллии Тоҷикистон ҷараёни нав ворид карданд.
Тӯли ин муддат ҳунармандони театри мазкур барои иштирок дар намоишҳои зиёде дар таҳияи Фаррухи Қосим, аз ҷумла «Қиссаи ишқ», «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…», «Даҷҷол», «Исфандиёр», «Шайх Санъон», «Шоҳ Фаридун» ва «Шоҳ Лир» барандаи ҷоизаҳои бисёре дар фестивалҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ шуданд.
Худи Фаррухи Қосим «Барои дастовардҳои фавқулода дар арсаи ҳунар ва рушд» барандаи яке аз даҳ ҷоизаи байналмилалии Сандуқи Шоҳзода Клаус (Голландия) дар соли 2004 гардид.
Дар Рӯзи театри тоҷик метавон аз муваффақиятҳои Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов сухан гуфт. Он соли 1971 дари худро барои мухлисонаш боз намуда, то кунун хеле пешравиҳоро сазовор гардидааст. Аз ҷумла, тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардид.
Дар Фестивали байналмилалии театрҳои миллӣ зери унвони «Саҳна-бидуни сарҳад» ки дар шаҳри Владикавкази Федератсияи Россия баргузор гардид, ҳунармандони театр сазовори баҳои баланд ва диплому ҷоизаҳо гардиданд, Аз ҷумла, Нозим Меликов ҳамчун беҳтарин коргардон, Абдумуъмин Шарифӣ ҳамчун беҳтарин бозингари мард ва Моҳпайкар Ёрова барои бозидани беҳтарин нақши зан соҳиби диплом гардиданд.
Инчунин намоиши «Шабе дур аз Ватан» -и Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта шудааст. Аз ҷумла, он дар Фестивали байналмилалиии театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо номи «Қазоқистон- қалби Авру Осиё» намоиш дода шуда, сазовори баҳои баланди мухлисон гардид. Ҳунармандон Абдумуъмин Шарифӣ ва Моҳпайкар Ёрова барандаи беҳтарин нақши мард ва зан гардиданд, ки асоситарин ҷоизаҳо ба шумор мераванд. Аҳли эҷоди театри ҷавонон ҳамеша бо намоишҳои наву ҷолиб кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тавассути ҳунари воло фарҳангу тамаддуни миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз таваҷҷуҳи мардум нисбат ба солҳои қаблӣ ба театр чӣ гуна аст?
Хушбахтона, солҳои охир шумораи тамошобинону мухлисони театр зиёд гардидааст, ки мо инро ҳамарӯза дар толори театрҳо мебинем. Имрӯзҳо ҳам хурдсолону наврасон ва ҳам ҷавонону калонсолон гурӯҳ- гурӯҳ ба театр омада, спектаклҳои писанди дили худро фармоиш медиҳанд. Мо, кормандони театр кӯшиш мекунем, ки бо ҳунари худ табъи тамошобинонро болида гардонида, диққати онҳоро ба тамошои спектаклҳо бештар ҷалб намоем.
Баъзан пеш аз оғози спектакл, вақти дар паси парда будани ҳунармандон хомӯшии толорро эҳсос карда, фикр мекунем, ки касе ба тамошои спектакл наомадааст. Вале вақте ба толор ворид мешавем, мебинем толор пур аз мухлисон аст ва ончунон хомӯш аст, ки пашша пар намезанад. Аз ин ҳолат хотири ҳунармандон болида гардида, дар саҳна бо эҳсоси баланд нақш меофаранд ва тамоми ҳунари худро сарф намуда, лаҳзаҳоро рангинтар мегардонанд. Ба андешаи ман, барои он ки мардум ба театр майлу рағбат пайдо намоянд, онҳо бояд пайваста ба мутолиаи китоб машғул бошанд, зеро театр аз китоб сарчашма мегирад, он чизеро, ки китоб ба хонанда медиҳад, театр низ онро барои бинандаи худ инъикос мекунад.
АМИТ «Ховар»: Ҳангоми ба саҳна гузоштани намоишҳо шумо бештар ба кадом ҷанбаи он аҳамият медиҳед?
Суҳроб Ҷанҷолов: Асарҳо ахлоқӣ, психологӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ мешаванд. Мо аҳли эҷодии театри ҷавонон кӯшиш менамоем он мавзӯъҳоеро пайгирӣ намоем, ки хусусияти тарбиявию ахлоқӣ дошта бошанд. Мавзӯъҳои ватандӯстӣ, мубориза бар зидди терроризму ифтротгароиро бештар ба саҳна мегузорем. Барои як намоишро ба саҳна гузоштан моҳҳо рӯи он кор кардан зарур меояд, то он ба бинандагон писанд ояд. Зеро ҳар як намоиш мақсаду мароми худро дорад.
АМИТ «Ховар»: Ба кадрҳои ҷавони театри тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед? Оё онҳо метавонанд мисли устодони санъати театр дар рушди ин соҳа саҳмгузор бошанд?
Суҳроб Ҷанҷолов: Чуноне ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фармудаанд:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Донишҷӯёни имрӯза вақте ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, назарияи фаъолияти ҳунармандиро меомӯзанд. Пас аз хатми донишгоҳ онҳо ба саҳнаи театр ва ё фаъолияти театрӣ ворид шуда, зина ба зина нозукиҳои ин касбро аз худ мекунанд. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба театр ва ҳунарнамоӣ дар он бештару беҳтар гардидааст. Яъне бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони имрӯза метавонанд мисли устодони намоёни санъат дар рушди ҳунари театрӣ саҳмгузор бошанд. Мояи хурсандию сарфарозист, ки имрӯзҳо ҷавонон дар тамоми театрҳои мамлакат фаъолияти хуб доранд.
АМИТ «Ховар»: Мусаллам аст, ки майли ҷавонони имрӯза нисбат ба солҳои қаблӣ ба театр бештар гардидааст. Ба андешаи Шумо ҷалби онҳо ба ин макони маърифат сабаби рушди зеҳнии онҳо буда метавонад?
Суҳроб Ҷанҷолов: Албатта, театр ҷои муқаддас аст ва инсонро ба дунёи пур аз маънӣ раҳнамоӣ мекунад. Он маконест, ки кас худро дар дунёи пур аз фалсафа ва ахлоқу накӯӣ эҳсос мекунад. Дар саҳнаи театр паҳлуҳои муҳими ҳаёт ва воқеаҳои рӯзгори воқеии мардум бо забони бадеияту образҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Маҳз бо ҳамин восита зиндагӣ рангомезиҳои худро таҷаллӣ мекунад ва бо ин роҳ дили инсонҳо ба зиндагӣ боз ҳам гармтар мешавад. Аз ин лиҳоз театр дар рушди зеҳнӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳм мегузорад ва онҳоро ба сулҳу дӯстӣ ва ваҳдат даъват менамояд.
АМИТ «Ховар»: Одобу рафтори тамошобини театр дар кадом сатҳ қарор дорад?
Суҳроб Ҷанҷолов: Аслан, тамошобинон бояд панҷ дақиқа пеш аз шурӯи намоиш вориди толор гарданд. Ҳамин ки чароғ хомӯш шуд, намоиш бояд оғоз ёбад ва дигар касе садо набарорад. То анҷоми намоиш касе ҳаққи вориди толор шудан низ бояд надошта бошад, зеро театр ҳамин гуна рафтори шоистаро тақозо менамояд. Як рафтори ноҷои бинандагон метавонад монеи дарки филму спектакл шавад. Имрӯзҳо маърифати бинандагон низ дар сатҳи баланд қарор дорад.
АМИТ «Ховар»: Барои он ки намоишҳои театрҳои тоҷик ҷолиб бароянд, бояд чӣ гуна асарҳо таҳия ва пешниҳод шаванд-пйессаҳои классикон ва ё асарҳои имрӯзаи драматургон?
Суҳроб Ҷанҷолов: «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳое мебошад, ки дар он тамоми паҳлӯҳои ҳаёт дарҷ гардидааст. Мавзӯъҳоеро ин китоб дар бар мегирад, ки ҷавобгӯи талаботи ҳамаи давру замонанд. Имрўзҳо асарҳои драматургони муосир низ бештар ба саҳна роҳ меёбанд. Яъне таълифи чунин асарҳо зиёд шудааст. Ҳунарманди маъруфи кишвар Шодӣ Солеҳ аз ҷавонӣ ба навиштани асарҳои драматургӣ машғул аст ва вақтҳои охир асарҳои эҷоднамудаи ӯ бештар рӯйи саҳна бароварда мешаванд. Хулоса, барои ҷолиб омадани намоиш аввал бояд асари хуб интихоб карда шавад, баъдан коргардон онро танзим намуда, манзури тамошобинон гардонад. Яъне асареро интихоб намудан мебояд, ки мувофиқи талаби тамошобинон бошад ва онҳо онро қабул намоянд.
АМИТ «Ховар»: Зимни сафарҳо намояндагони миллатҳои дигар илму фарҳанги моро чӣ гуна мепазиранд?
Суҳроб Ҷанҷолов: Таваҷҷуҳи мардуми олам ба фарҳанги мо, ки воқеан бисёр қадимиву бой ва рангин аст, хеле зиёд мебошад. Пеш аз ҳама, ба адабиёти ғанӣ, либосҳои миллӣ, санъати баланди мусиқӣ, театр, шашмақому фалак ва рақсҳои бисёр зебоямон таваҷҷуҳи беандоза доранд.
Бояд зикр намуд, ки театри тоҷик дар ҳоли пешрафту тараққӣ буда, миёни ҳунармандони он имрӯзҳо рақобати солим ҷой дорад, то яке аз дигаре беҳтар нақш офарад.
Танҳо ҳунари баланд ва намоишҳои ҷолибу таъсирбахш метавонанд бинандагонро ба сӯи театр баранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»