ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: барои бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯшон зиёда аз 100 миллион сомонӣ сарф шудааст

Декабрь 21, 2018 13:57

ХОРУҒ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар — аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳалҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳим бунёд карда мешаванд.

Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ин соҳаи калидӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир мегардад.

Соле нест, ки дар ин ё он ноҳияи вилоят як муассисаи таълимии муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирад. Дар ноҳияи Рӯшон давоми 8 соли охир 13 бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуданд. Тавре мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия Худоназар Мирзоҳаётов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, бештари биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар деҳоти дурдасти водии Бартанг сохта шудаанд. Зеро аксари биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ дар ин водӣ бо усули ҳашар сохта шуда, ба талаботи одитарини таълиму тарбия ҷавобгӯ набуданд. Ҳамзамон таҳсил дар чунин иншоот барои хонандагон хатарнок шуморида мешуд.

Аз ин рӯ бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал барои хонандагони ин гуна муассисаҳо  биноҳои нави мактаб бунёд гардиданд. Ҳоло аксарияти хонандагон дар биноҳои замонавӣ таҳсил мекунанд.

Дар айни замон дар маркази ноҳия бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши харҷномавии 17 миллион сомонӣ сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми рақами 9  босуръат идома дорад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия гуфт, ки бунёди бинои мазкурро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Еврострой-Т» бар уҳда дорад. Ин бино аз 32 синфхона, утоқҳои омӯзгорон, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, китобхонаи электронию ошхона иборат аст. Бинои мазкур барои таҳсили 640 хонанда пешбинӣ шуда, соли 2020 ба ихтиёри хонандагону омӯзгорон гузошта мешавад.

Соли равон барои кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Рӯшон  хотирмон ба шумор меравад. Зеро ду моҳ пеш хишти аввали бинои маъмурии шуъбаи маориф гузошта шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои сохтмони ин бино 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.   Мутобиқи нақша, он тирамоҳи соли оянда мавриди истифода қарор мегирад. Ба гуфтаи Худоназар Мирзоҳаётов, қаблан кормандони шуъбаи маориф дар як бинои кӯҳна ва фарсуда, ки ҳамагӣ 4 утоқи корӣ дошт, фаъолият доштанд. Бинои нав аз 22 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат аст.

Хонандагону омӯзгорони яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳия- деҳаи Баррӯшон низ солҳои дароз дар бинои садамавӣ таҳсил мекарданд. Хушбахтона, соли равон бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёди бинои нав шурӯъ гардид.

Ҳоло дар ин иншоот аз нисф бештари корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ба ин деҳа як гурӯҳ мутахассисони ороишгар аз шаҳри Кӯлоб барои пардози бино омадаанд. Қаблан нақшу нигорҳоро дар шакли тайёр аз шаҳри Душанбе оварда, насб менамуданд, ки ин ба сифати маҳсулот таъсири манфӣ расонида, маблағи зиёд сарф мешуд. Ҳоло мутахассисон дар ҷараёни бунёди бино ин нақшу нигорро бо истифода аз қолабҳои махсус истеҳсол карда, дар деворҳо насб мекунанд.

Ба гуфти мудири маорифи ноҳия Худоназар Мирзоҳаётов, «ҳарчанд ҳанӯз сохтмон нотамом аст, хонандагону омӯзгорон баъди дарс назди ҳунармандон омада, нақшу нигори онро тамошо мекунанд. Чунин шеваи кор на танҳо сатҳи сифати таълимро боло мебарад, балки ба завқи эстетикии хонандагон низ асари мусбат мегузорад».

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯшон зиёда аз 100 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Декабрь 21, 2018 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд