ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш дар ободию шукуфоии як гӯшаи Ватан саҳми арзанда мегузоранд

Декабрь 4, 2018 17:47

РАШТ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ босуръат ҷараён доранд. Дар баробари ин амалҳои нек  соҳибкорони маҳаллии ноҳияи Рашт дар самти шукуфоии Ватани хеш саҳми назаррас мегузоранд.

Муҳиб Бобоҷонов аз зумраи соҳибкорони муваффақест, ки корномаи ӯ ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт ба дуриҳои дур расидааст.

Асфалтпӯш намудани 12 километр роҳи деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он ба маблағи 160 ҳазор доллар, кишидани хати баландшиддати барқ дар масофаи 3,5 км бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 18 ҳазор доллар, кандани чоҳи амудӣ ба маблағи  34 ҳазор доллар, бунёди канал дар масофаи 3 киллометр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ, пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 15 ҳазор доллар, хати оби нӯшокӣ тавасути қубури 50 дар масофаи 10 километр бо маблағи 35 ҳазор доллар, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Баҳодуробод бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат бо маблағи 106 ҳазор доллар, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маблағи 100 ҳазор доллар, асфалтпӯш намудани роҳи байналмилалӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ ва дар роҳи байни шаҳракҳои Ғарм — Навобод бо харҷи 250 ҳазор доллар, инчунин асфалтпӯш намудани роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод аз ҷумлаи ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш дар соли ҷорӣ ба анҷом расондаанд.

Ҳамчунин ин соҳибкори саховатпеша дар оянда низ барои  пурра таъмин намудани сокинони маҳал бо оби нӯшокӣ кандани боз ду чоҳи амудии дигар аз тарафи рости дарёи Сорбоғ ва асфалтпӯш намудани роҳи дараи Камароб то деҳаи Сангималикиро ба нақша гирифтааст.

Ногуфта намонад, ки дар қатори Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандони бонангу номусаш дигар соҳибкорони саховатпеша, аз қабили Ёрибек, Ҷонибек ва Маҳмадсафо Лоиқовҳо, Резвоншо, Асомиддин, Раҳматшо, Сироҷиддин ва Садриддин Шоевҳо, Ғаюр Ҷурабеков, Ватан Фарозов, Сияршо Ҷабборов, Қамар Идиев ва чандеи дигар бо ҳисси баланди ватадӯстӣ ва  ҷавонмардию саховатмандӣ дар ободонии диёр ва ҳалли мушкилоти сокинони ноҳия саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Декабрь 4, 2018 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд