АНДАЛЕБОН ДАР ЧАМАНИСТОН. Раиси Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов дар бораи сабқати ҳунармандон ва дарёфти чеҳраҳои нав

Декабрь 10, 2018 11:23

ДУШАНБЕ, 10.12.2018./АМИТТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, соли 2019 дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» гузаронида мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Озмун бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва адабиёт, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти  ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав,  таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона баргузор ва 16 ноябр дар Душанбе ҷамъбаст мегардад.    

Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаҳои адабиёт ва фарҳанги кишварамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад бо амру дастури Сарвари давлат чандин озмуну ҷашнвораҳо доир карда шуданд ва чеҳраҳои наву соҳибистеъдодро рӯи саҳна оварданд. Яке аз онҳо  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» мебошад.

Раиси Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарояндаи маъруф Ҷамшед ИСМОИЛОВ солҳои 90-ум муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва бевосита ин дастури Пешвои миллатро амалӣ сохта буд. Ӯ дар ин бора дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ёдовар шуд:

Қабл аз он, ки дар бораи нақш ва аҳамияти чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» дар камолоти маънавии мардум сухан ронем, месазад, ки назаре ба таърихи на он қадар дури он афканем.

Ёдовар бояд шуд, ки «Андалеб» падидаи солҳои навадуми қарни ХХ буда, аз он давра инҷониб на танҳо дар тарбияи истеъдодҳо нақши муассир гузошт, балки  ҳамчунин ба сарҷамъию муттафиқии мардумони сарзамин, таҳкими сулҳу осоиши кишвар ва таъмини якпарчагии Тоҷикистони маҳбуб такони тоза бахшид. Худи ҳамон рӯзҳо      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи пешазинтихоботии худ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз ҷумла изҳор дошта буданд: «Имрӯз мо ба созандагӣ ва бунёдкорӣ ниёз дорем. Халқ аз ихтилофот, муқобили якдигар гузоштани ноҳияҳо, ба якдигар айбмониҳо, ки аз тарафи доираҳои муайян эҷод мегарданд, сахт монда шудааст…». Бешак, яке аз тадбирҳои аз хастагиҳо берун кашидани мардум баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-тарбиявӣ, амсоли «Андалеб» ба шумор мерафт ва дар ин ҷода қабл аз ҳама мо- аҳли зиёи кишвар масъулияти бузурге бар душ доштем. Шояд он рӯзҳо ба ривоҷу равнақи фестивал-озмун он қадар камари ҳиммат намебастем, агар чунин суханони  хирадмандона ва ҳидоятгари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамунсози фаъолияти мо намегаштанд: «Зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд… Ман ҳар фарди зиёиро чун зарраи хуршед медонам, ки бо худафрӯзӣ, худфарсоӣ ва талошҳои пайгиронааш оламеро равшан мекунад, дили инсонҳоро ба фардои нек гарм месозад, шуълаи умедро меафрӯзад, масъалаҳои умумимиллиро ба миён мегузорад  ва ҳамзамон худро ба корҳои созандагӣ ба нафъи миллату Ватани хеш ва тамоми аҳли башар ҳидоят менамояд. Ин аст рисолати асосӣ ва ҳамешагии зиёиёни ҳақиқӣ дар назди миллати хеш…».

Дар баробари ин мо ҳамеша сипосгузорем, ки  дар он рӯзҳои аввали ташкилёбиии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб»  аҳли зиё ва Вазорати фарҳанг мунтазам аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёфтанд.

Бояд гуфт, ки бо чунин муҳтаво ва матлаб пештар бо номи «Бӯстон» сабқатҳо доир карда шуда буданд. Аммо «Андалеб» бо ду хусусияти худ аз онҳо тафовут дорад. Аввал ин ки ҳайати доварон аз ду гурӯҳ иборат буда, гурӯҳи аввал дар даври якуми сабқат – озмун дар маҳалҳо ҳолату фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ: қасру хонаҳои фарҳанг, клубу китобхона, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, дастаю маҳфилҳои ҳунарӣ, маданияти зисти аҳолӣ, кӯчаю маҳаллаҳо ва боғу майдонҳоро мавриди озмоиш ва муқоиса қарор медиҳад. Сипас, дар даврҳои дуюм ва сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо ва пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, ҳунарпешагони шаҳру навоҳӣ – ғолибони даври якум ҳам барномаи консертӣ, ҳам спектакл ё намоиши театрӣ ва ҳам маҳсули дасти ҳунармандони халқии маҳали худро ба қазовати доварон пешкаш менамоянд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, мабдаи асосии баргузории «Андалеб» қувваозмоӣ дар бахши суруду мусиқист. Дар он солҳои аввали ташкилёбии «Андалеб» беҳтарин суруду мусиқӣ ва рақсҳои дилошӯб дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт ( 5-уми сентябри соли 1996), дар Кохи Борбад (8-уми сентябр) дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ( 9-уми сентябр)  бахшида ба 5-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анҷумани сеюми тоҷикони ҷаҳон ва 675 –солагии Камоли Хуҷандӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши ҳаводорони санъат гардонида шуданд, ки ба покизагиҳои фазои фарҳангӣ хеле хуб мусоидат намуданд.

Албатта дар он солҳои бесарусомониҳо на фақат ташкил кардани чунин як чорабинии фарогири миқёси ҷумҳурӣ, балки сухан рондан дар ин мавзӯъ кори саҳл набуд. Зеро на ҳар кас ҷуръат дошт, ки ба деҳот рафта, бо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва мардум, бахусус силоҳбадастон  суҳбат орояд. Ташкили даврҳои озмун дар ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, дар баробари харҷи маблағҳои қариб мавҷуднабуда заҳмати сангини фикриро талаб мекард. На ҳамаи ҳунарпешагон ва ҳаваскорони санъат розӣ мешуданд  ва ҷуръат доштанд, ки дуртар аз маҳалли истиқомати худ бираванд. Бар замми ин, буданд чунин роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, ки пешниҳодоти мо — созмондиҳандагони фестивал-озмунро нобоварона қабул мекарданд. Албатта, маҳз онҳое ба дурнамои ин озмун боварӣ доштанд, ки таъсир ва нақши боризи сухан, оҳангу суруд ва мусиқиро амиқ дарк мекарданд. Онҳо дарк мекарданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ қабл аз ҳама андешаи миллӣ доштан зарур. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон  хеле хуб фармудаанд: «Андешаи миллӣ барои таҳкими ваҳдати комил ва рушди устувори давлатдорӣ нақши басо муассир мебозад. Сулолаҳо, шоҳону лашкаркашон меоянду мераванд, низомҳои сиёсиву иҷтимоӣ дигаргун мешаванд, аммо андешаи миллӣ ҳамчун ганҷи бебаҳо дар масири ин таҳаввулот торафт сайқал ёфта, боз ҳам пурмазмун ва пурҷилову тобнок мешавад».

Табиист, ки андешаи миллӣ аз фарҳанги миллии мардумӣ сабз мешавад. Шеъру суруд ва созу наво қодиранд ҳама гуна пардаи торики ҷаҳолатро пора кунанд, дар дили мардум ба имрӯзу фардои зиндагӣ шӯълаи умед барафрӯзанд, сарҷамъии одамонро таъмин намоянд, мафҳумҳои дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, ваҳдату якдигарфаҳмиро дар нигоҳи онҳо бармало таҷаллӣ созанд,  халқро ба роҳи созандагию бунёдгариҳо ҳидоят кунанд.

Мисоли равшани падидаҳои «Андалеб»  фаъолияти эҷодии хоҳари азизи мо  Нигина Амонқулова аст, ки имрӯз бо истеъдоди нотакрори худ дили мухлисонашро ба шӯр оварда, ба қавле, дар хирмани сӯхта аланга бармехезонад. Дар робита, суоле ба миён меояд, ки Нигина Амонқулова кай ва дар куҷо ба саҳнаи шуҳрат қадам ниҳод? Кӣ ӯро овозадор кард? Кӣ ӯро ба мардум шиносонид? Албатта, «Андалеб». То он рӯзе, ки вай ҳамчун иштирокчиии Озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» ба пойтахт омаду бо маҳорати фавқулодааш  ғолиби озмун гашт, ба ҷуз аз зодгоҳи худ дар ҷумҳурӣ шуҳрати казоие надошт. Кӣ медонад, шояд оташи истеъдоди ӯ ба зудӣ хомӯш мегашт, шояд овозаи ӯ ба ҳайси як ҳунарпешаи номӣ аз кунҷаки зодгоҳаш берун намебаромад, агар «Андалеб» намебуд…

Он рӯзҳое, ки мо дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб»-ро ташкил мекардем, ман фақат дар ҳамин мавзӯъҳо фикр мекардам: бояд ин озмун ба дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат намояд. Бояд онҳоеро, ки дар роҳи санъат ҳунари худодод доранд, бедор кунад. Бояд ба шарофати «Андалеб»  сафи сарояндагон, мутрибон, актёрон, гурӯҳҳои ҳунарии кишвар рӯз аз рӯз, сол аз сол афзун шавад, ҳунарҳои мардумӣ пайваста нашъунамо ёбанд ва маҳалҳои зисти аҳолӣ ва таври шинохташаванда зебою рангин ва дилнишину дилрабо гарданд.

Дар он рӯзҳои мушкил  ба ҳайати доварон устодони маъруфи соҳаи санъат, амсоли профессор Раҷабмад Амиров, доктори илмҳои санъатшиносӣ Аскаралӣ Раҷабов, доктори илмҳои филологӣ Баҳром Шермуҳаммадов, шоир Низом Қосим, устоди рақс  М. Қобилов ва дигарон ҷалб карда шуданд, ки хизматҳои онҳоро фаромӯш кардан нашояд. Онҳо ҳар дафъа, қабл аз оғози чорабиниҳо, бо иштирокдорони фестивал-озмун дар доираи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таҳкими дӯстӣ, таъмини сулҳу осоиш, сарҷамъӣ, якдилию якдигарфаҳмии мардумони кишвар суҳбатҳо ороста, даъват ба амал меоварданд, ки ба хотири фардои дурахшони Ватани ҷоноҷонамон тамоми дониш, маҳорату истеъдод ва неруи ташкилотчигиамонро сафарбар намоем. Дар ҷараёни баҳогузорӣ устодони номбурда, ҳамчун доварон бо истифода аз хираду таҷрибаи худ, ҳам ба маъниву муҳтавои суруду рақсҳо, ҳам ба шаклу шеваи басаҳнагузорӣ, ҳам ба тарзи иҷрои бахшҳои ҳунарӣ диққат дода, бо дарки баланди миллӣ  мутаваҷҷеҳ бар он буданд, ки дар ин суруду рақсҳо бештар сару либоси миллӣ, ҳаракот ва созҳои мусиқии аҷдодӣ истифода бурда шаванд.

Имрӯз низ фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» таҳти роҳбарии беҳтарин устодони санъат хизмати арзандаи худро барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, чеҳраҳои нави санъати миллӣ, баланд бардоштани дарки худшиносию меҳанпарастӣ, эҳёи расму ойин ва суннатҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, хушгуфторию хушрафторӣ, ростиву ростқавлӣ, ваҳдату ягонагии халқҳои сарзаминамон идома мебахшад. Ин боиси ифтихори бепоёни ҳамаи мо-Тоҷикистониҳост.

Соли ҷорӣ ба шарафи 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Андалеб» моҳи октябр  дар шаҳру ноҳияҳои кишвар оғоз ёфт ва 25 ноябрҷамъбаст карда шуд.

Имрӯз Тоҷикистони озоду обод ба чаманистони хурраме табдил ёфтааст ва табиист, ки дар он андалебони хушнаво ва хушовоз кам нестанд. Вазифаи  мо – дарёфт  ва ба мардуми шарифи худ муаррифӣ кардани онҳост.

Ҷамшед ИСМОИЛОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
раиси Иттифоқи арбобони санъати Тоҷикистон

Декабрь 10, 2018 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад