Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандони ноҳияи Лахш қарзҳои имтиёзнок дода шуданд
ЛАХШ, 14.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш 4 нафар ҳунармандон аз пардохти андоз озод гардидаанд. Тибқи иттилои иқтисодчии филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Лахш Шукрулло Аҳмадов, имсол бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандони ноҳия ба маблағи 500 000 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.
Ҳамчунин бахшида ба ин сол бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш 200 нафар бонувону ҷавонони бешуғл бо ҳунарҳои дӯзандагӣ, намадбофӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ, кафшергари барқӣ ва ғайра фаро гирифта шуда, бо шаҳодатномаҳои касбомӯзӣ таъмин гардиданд.
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш Шамсулло Ҳанафияев мегӯяд, ки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба 24 нафар ҳунармандони бекоре, ки дар қайди шуъбаи агентӣ буданд, аз ҳисоби маблағҳои шуъбаи агентӣ ба маблағи 66 300 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Лахш дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва дигар маросим зиёда аз 20 маротиба намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ доир гардидааст. Ба ин восита чеварони номӣ, оҳангарон, кадбонуҳои моҳир, кандакорон, табақу қошуқсозон ва нақшофарон дар чӯб намунаи маҳсули дастони худро ба меҳмонону сокинони ноҳия пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки ду мардуми бо ҳам дӯсти ноҳияи Лахш-тоҷикон ва қирғизҳо маҳсули дастони мӯъҷизаофари хешро пешкаши ҳаводорон менамоянд. Унсурҳои маданияти ҳарду мардум дар ин ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтаанд. Мақсад аз баргузории намоишҳои маҳсулоти ҳунармандӣ бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ ва ҳувияти миллӣ дар замири насли созандаву бунёдкор, ташвиқу тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва аз нав рушд додани анъанаҳои қадимии халқи тоҷик мебошад.
Воқеан ҳунар зодаи меҳру муҳаббати ҳунарманд аст. Маҳз муҳаббати ҳунарманд барои такмили ҳунар ва талоши пайвастаи ӯ барои тавлиди навгониҳои тоза ба тоза восита мегардад. Шахси ҳунарманд бо завқу салиқа ва ҳунари асилаш метавонад ба дастовардҳои бузург муваффақ гардида, соҳибҳунар будани худро муаррифӣ намояд ва бо офаридаҳои ҷолиби хеш дилҳои инсониро мафтун гардонад.
Вақте ки сайёҳ ба ин ё он кишвар сафар мекунад, сараввал аз мавзеъҳои таърихиву ҷойҳои фарҳангӣ ва табиати дилфиреби он дидан менамояд. Ноҳияи Лахш, ки сарзамини дилфиребу биҳиштосост, метавонад дилхоҳ сайёҳро бо обу ҳавои форам ва насими ҷонбахшу рӯду чашмаҳои зебояш мафтун гардонад. Аз ин хотир барои ҷалби диққати сайёҳон ба маҳсулоти миллӣ дар маркази ноҳия нуқтаҳои фурӯши маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, аз қабили ҷӯробу рӯймолҳо, куртаҳои гулдӯзиву чакан, кулоҳу ҳунарҳои гулдӯзиву бофандагӣ, ҷузвдон ва ғайраҳоро ба фурӯш гузоштаанд, ки ба ин восита сатҳи зиндагонии ҳунармандон беҳтар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши зиёда аз 100 намуди ҳунарҳои мардумӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод гардид, ки ин амал ба ҳар як ҳунарманд рӯҳу илҳоми тоза бахшид.












«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






