Дар Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 10.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми мамлакатҳои олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Франсия аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи умумии ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки соли равон аз ин сана 70 сол сипарӣ гардид.
Мақсад аз таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон — ин ба ҷомеа ва ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад. «Азбаски Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро эътироф кардааст, мо низ тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯзро бо баргузор намудани конфронсу семинарҳои махсус ва дигар барномаҳои алоҳида ҷашн мегирем»,- иброз дошт дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Солиев.
Бояд гуфт, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад. Он соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишиён—шоҳ Куруш қабул гардидааст. Ба андешаи таърихшиносон, Эъломияи мазкур, ки матнаш бо забони аккадӣ то ин замон расидааст, бо номи «Силиндри Куруш» низ маълум ва машҳур буда, дар шакли гилнавишти силиндрмонанд тартиб дода шудааст.
Аз ин хотир,- мегӯяд Азиз Солиев, — Эъломияи умумии ҳуқуқи башар яке аз санадҳои муҳими байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар партави Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва аз ҷониби СММ қабул карда шудааст.
Ба андешаи номбурда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат маданияти сиёсии шаҳрвандон боло рафта, онҳо бо истифода аз ҳуқуқ ва уҳдадории худ дар чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи Президентӣ, Парлумонӣ ва раъйпурсиҳои умумихалқӣ фаъолона иштирок намуданд.
«Бояд гуфт, ки дар ин солҳо принсипҳои муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў, пайравӣ ба принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ва рушди муносибатҳои байналмилалии ин соҳа ташаккул ёфтанд»,- илова намуд Азиз Солиев.
Мавриди зикр аст, ки бо раванди ҷаҳонишавӣ ҳар давлат Конститутсияи худро қабул менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул карда, 3 маротиба- 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи моддаи 5-уми Конститутсия, дар Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Ба андешаи иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.
«Агар онро бо санадҳои байналмилалӣ, махсусан Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон муқоиса намоем, Конститутсияи мамлакати мо тамоми ҳуқуқу озодиҳоеро, ки ин санади байналмилалӣ кафолат додааст, фаро мегирад. Ғайр аз ин, дар Конститутсия танҳо принсип ва самтҳои асосии сиёсати ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Аз ин рў, оид ба ҳар як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ вобаста ба зарурат санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул мегарданд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон аз зумраи онҳоянд. Паҳлӯҳои алоҳида ва ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон ва шаҳрвандро қонунҳои алоҳида мустаҳкам мекунанд, ки қонунгузорӣ оид ба интихобот ва раъйпурсӣ, қонунгузорӣ оид ба оила, маориф, тандурустӣ, мудофиаи гражданӣ, манзил, замин, дар бораи судҳо, дар бораи амният ва мақомоти алоҳидаи давлатӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд»,-илова намуд Ҷаҳонгир Саъдизода.
Ба гуфтаи номбурда, мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳанд.
Албатта,- гуфт Ҷаҳонгир Саъдизода, — имрўз дар сатҳи ҷаҳонӣ санадҳои зиёди ҳуқуқии байналмилалӣ қабул гардидаанд, ки дар доираи ин ё он созмони байналмилалӣ амал менамоянд.
«Дар ин миён дар доираи Созмони Милали Муттаҳид доираи васеи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие қабул гардидаанд, ки ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд дахл доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашаванда ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қисми зиёди ин санадҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, онҳоро ба тасвиб расонидааст. Вобаста ба ин мамлакати мо ҳамасола давра ба давра дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадориҳоеро, ки аз ин санадҳо бармеоянд, сари вақт иҷро намуда, ба мақомоти алоҳидаи СММ гузоришҳо пешниҳод менамояд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бояд зикр намуд, ки Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо, Конвенсияҳои алоҳида дар доираи Ташкилоти байналмилалии меҳнат аз зумраи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие мебошанд, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари сулҳпарвару ғамхори худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла шахсони маъюб диққати махсус зоҳир намуда, ҳуқуқ ва озодии онҳоро арзиши олӣ эътироф кард ва барои онҳо тамоми шароитро фароҳам овард.
Барои тақвияти ин гуфта, ҳамсуҳбати мо Азиз Солиев аз он ёдовар шуд, ки моҳи марти соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан ҳукми қонунӣ гирифт. Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 — 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳукми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.
Дар маводе, ки сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба ин рӯз нашр шуд, омадааст, Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳуқуқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар мегирад. Ин санади байналхалқӣ яке аз ҳуҷҷатҳое мебошад, ки нисбат ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ бештар тарҷума гардидааст. Имрӯз он ба зиёда аз 500 забони дунё тарҷума ва нашр шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» шомил гардидааст.
Соли 1966 ҷоизаи СММ дар самти ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки барои корҳои дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон анҷомдодашуда ба як нафар ё ин ки ба як ширкат дода мешавад. Ин ҷоиза дар панҷ сол як маротиба супорида мешавад ва аввалин маротиба он ба муносибати 20-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли 1968 тақдим карда шудааст.
Бо ифтихор метавон ёдовар шуд, ки матни пурраи эъломия бо забони тоҷикӣ дар сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир карда шудааст.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»