ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат меёбад
ХУҶАНД, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободу сарсабз гардонидани маҳалҳо оғоз гардида, сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Аз ҷумла, чунин як ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд, давоми солҳои охир ташкил ва баргузории чунин ҳашарҳои умумӣ ба анъанаи нек даромада, сокинони шаҳру ноҳияҳо бо иштироки дастаҷамъона дар ободонии маҳали зисти худ саҳми арзанда мегузоранд.
Зимни иштирок дар ҳашар Раҷаббой Аҳмадзода маъракаи дарахтшинониро амали нек арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар вақти шинонидани ниҳол ва сабзиши он бояд маслиҳати мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба инобат гирифта шуда, ба риояи қоидаи агротехникии он аҳамияти хосса дода шавад, то ниҳолҳо хушк нашаванд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар шафати роҳи мошингарди Хуҷанд – Ашт беш аз ҳазор бех дарахтони сафедор ва садҳо бех ниҳоли санавбар шинонида шуданд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд






