Кишоварзони Ҳисор имсол ба хориҷи мамлакат қариб 7,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуданд

Декабрь 15, 2018 12:32

ҲИСОР, 15.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 8 адад сардхонаҳои замонавӣ бо ғунҷоиши 2200 тонна  ба истифода дода мешаванд, ки дар оянда барои бо ҳаҷми зиёд захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд. Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар натиҷаи заҳматҳои зиёд ва мувофиқ омадани боду ҳаво соли равон  аз  майдони умумии 3544 гектар боғи ангур, ки аз он 2890 гектараш ҳосилдеҳ мебошад, 19 557 тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳамчунин аз майдони умумии  2142 гектар боғҳои меваҳои гуногуни ҳосилдеҳ, ки иборат аз гелосу олу,  шафтолую зардолу ва дигар  навъҳои меваҳо мебошад,  9455 тонна ҳосил ба даст овардаанд.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор Ҷаббор  Носирзода мегӯяд, ки соли ҷорӣ  деҳқонони шаҳр  кӯшишу заҳмати зиёд намуда, дар баробари ҳосили хуби боғҳои ангуру дигар намуди меваҷот, аз  майдони  кишти сабзавот  ҳосили фаровон рӯёниданд.  Деҳқонони шаҳр имсол дар майдони 670 гектар сабзавоти  гуногун ва 320 гектар картошка кишт намуданд, ки аз он 26424 тонна  маҳсулоти ҳушсифат ҷамъоварӣ карданд.

Хушбахтона, соли 2018 кишоварзони шаҳри Ҳисор аз ҳосили ба дастовардаи сабзавоту меваҷоташон ба бозорҳои ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркия зиёда аз 7453 тонна  маҳсулоти кишоварзӣ  содирот намудаанд.  Аз ҷумла, 1039 тонна ангур, 165 тонна зардолу, 385 тонна олу,  233 тонна пиёз, 39 тонна сабзӣ, 17 тонна сирпиёз, 22 тонна лаблабу ва 13 тонна карам ба Ҷумҳурии Қирғизистон содирот шудааст.

Тибқи маълумоти  Ҷаббор Носирзода, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор  9 адад сардхона  бо ғунҷоиши 5855 тонна мавҷуд аст, ки соли равон  соҳибкорону кишоварзони шаҳр  дар ин сардхонаҳои замонавӣ 530 тонна сабзавот, 1085 тонна мева ва 3730 тонна ангур захира намудаанд.

Декабрь 15, 2018 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд