МАГАР ВОЛОНТЁРӢ ОР АСТ? Он барои аз худ намудани таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои бузург замина мегузорад

Декабрь 5, 2018 15:42

ДУШАНБЕ, 05.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Табиати як идда инсонҳо аҷиб аст. Ин «бузургон» хайрхоҳӣ, дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманд, анҷом додани фаъолияти ройгон ба нафъи ҷомеаро амри муҳиму саривақтӣ медонанду аксар маврид мақомоти давлатӣ ва масъулинро ба нокифоягии ибтикороти дар ин ҷода амалишуда гунаҳгор меҳисобанд. Ҳамрадиф бо ин, бобати амалӣ намудани иқдомоте, ки кайҳо ҷомаи амал пўшидааст, «варсоқӣ» мехонанд, ки ба масали «аз пайи сайде, ки дигарҳо онро пухта хўрдаанд» монанд аст»,  менависад рӯзноманигори шинохта,  муовини Сармуҳаррири «Садои мардум» Далер МЕРГАНОВ дар як нигориши худ, ки онро ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бахшида, ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Ӯ навиштааст:

Банда дар ин матлаб вобаста ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» кўшиши қадри тавон бозгўйӣ намудани муҳимияти волонтёрӣ (ихтиёрӣ)-ро дорам. Зиёд мушоҳида менамоям, ки як идда, хосса ҷавонон мунтазам лофи ватандорӣ, меҳандўстӣ, худшиносӣ ва ғайра мезананду ба гуфти худашон омодаанд, ки барои Ватан ҷон фидо кунанд. Бигзор бошад! Ҳарчанд ки бо суханпардозӣ наметавон кореро анҷом дод. Дар робита ба ин масъала андешае беҳтар аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо накардам, ки фармудаанд: «Барои анҷом додани  корҳои нек завқ доштан ва Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дўст доштан лозим аст». Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки накӯкорӣ ва анҷоми амалҳои хайр ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигарӣ, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва муттаҳидӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад, ки яке аз шаклҳои паҳнгардидаи он фаъолияти волонтёрӣ мебошад.

Волонтёрӣ фаъолияти гуногунҷабҳаи ихтиёрие мебошад, ки аз тарафи шахсони воқеӣ дар шакли кору хизматрасонӣ ба манфиати ҷомеа бемузд анҷом дода мешавад ва он барои ҳалли мушкилоти муҳим ва муосири ҷомеа кумак менамояд. Ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омўхтани таҷрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад.

Садҳо мисол мавҷуд аст, ки бо истифода аз волонтёрҳо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор намудаву ин омил дар он давлатҳо раванди муттасил гардидааст. Шоҳиди он будем, ки дар Бозиҳои олимпии Пекин — 2008 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олимпиадаи тобис­тонаи Лондон — 2012 дар Британияи Кабир маҳз волонтёрҳо неруи асосӣ маҳсуб шуда, хеле фаъол буданд. Вале дар мо ҷалби ҷавонон ва он низ дар заминаи пешниҳоди имтиёзҳо, аз қабили таъмин намудан бо нақлиёт, пардохти маблағи муайян, бо ҷои хоб таъмин намудан ва ғайра сабаби  нороҳатӣ мегардад. Омили мазкур дар баробари ҷиҳатҳои дигар собит намуд, ки баъзе шаҳрвандон аз қонунҳои мавриди амал ва моҳияти онҳо, амсоли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ва моҳияти волонтёрӣ умуман огоҳӣ надошта, танҳо ба сафсатаҳои як иддаи «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» гўш медиҳанд.

Шояд бисёриҳо надонанд, ки оид ба ин фаъолият панҷ сол пеш мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мукаммалро қабул ва ҷонибдорӣ намуда буд ва соли гузашта ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардид. Муносибати қисмате аз волидон дар робита ба ҷалби фарзандон ба барномаҳои театрикунонидашуда (маршировка) аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо аз моҳияти волонтёрӣ комилан бехабаранд. Мушоҳида менамоем, ки баъзеҳо бо фатвои нимчамуллое барои корҳои аслан нолозим неру ва маблағ харҷ менамоянду дар ин масъала иддаои беасосро, монанди ба илмомўзии фарзандон монеа будани маршировка пеш меоранд. Намедонанд, ки фаъолияти волонтёрӣ дар тафовут аз фаъолияти меҳнатӣ на бо мақсади гирифтани даромад ва ё таъмини ниёзмандиҳои табиии инсон, ба мисли ғизо, либос, манзил ва ғайра равона шудааст, балки амалӣ намудани хизмати ихтиёрӣ ва ройгонро ба манфиати ҷомеа тақозо менамояд. Бо ҳамин далел фаъолияти волонтёрӣ чун мактаби тарбияи инсони оянда арзёбӣ гардида, майдони оғози рушди касбии шаҳрвандон мебошад, ки он ба тавсеаи робитаи иҷтимоии онҳо нигаронида шуда, барои аз худ намудани таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги дорои хусусияти иҷтимоӣ замина мегузорад.

Аз ҷониби дигар, фаъолияти волонтёрӣ- ин майдони оғози рушди касбии ҷавонон аст, ки робитаи ҷамъиятиашонро тавсеа медиҳад ва барои аз худ намудани таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои бузург замина мегузорад. Агар тавассути далелу арқоми мавҷуда ба таърихи пурғановати халқамон назар афканем, дар он бо корҳои ихтиёрӣ зиёд  рӯ ба рӯ мегардем. Дар гузашта миёни мардуми мо шаклҳои ҳаракати волонтёрӣ, ба мисли ҳашар вуҷуд дошт. Кумак расонидан ва иҷрои корҳои ҷамъиятӣ аз қадим ба нафъи мардум буд, ки тавассути ин фаъолиятҳо бо ҳашар хона месохтанд, пулҳо бунёд менамуданд, дасти ҳамдигар мегирифтанд ва дигар мушкилоти худро бартараф мекарданд. Аҳамияти ин амалҳо дар он буд, ки кореро, ки як нафар наметавонад дар танҳоӣ анҷом диҳад, мардум дастҷамъона бо роҳи ҳашар дар муддати хеле кӯтоҳ иҷро мекарданд. Барои мисол, солҳои 1940-1942 Канали калони Ҳисор – яке аз иншоотҳои бузурги гидротехники шуравӣ дар Осиёи Миёна, ки то имрӯз барои обёрии заминҳои Тоҷикистон хизмат мекунад,  маҳз бо роҳи ҳашар ва ширкати садҳо нафар одамони касбу кори гуногун  бунёд  шуда буд.

Пас, биёед волонтёриро ор надонем ва ба ин восита дар пешрафти мамлакат ба қадри имкон саҳмгузор бошем.

Декабрь 5, 2018 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Аз имзои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» 12 сол сипарӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ ҷорӣ гардид
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Бахшида ба он «Телевизиони Сафина» озмуни «Беҳтарин филми мустанад» доир намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон дар Тоҷикистон кай ба тасвиб мерасад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 6 корманди телевизион ва радио дар Туркия такмили ихтисос намуд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тарбияи солим ягона роҳи пешгирии хурофоту тундгароӣ аст
ЛИМӮ-БРЕНДИ ТОҶИКИСТОН. Як дарахти лимӯ то 1500 дона мева медиҳад
САТҲИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ НИГАРОНКУНАНДА АСТ. То соли 2027 дар Тоҷикистон низоми ягонаи биллингӣ таъсис меёбад
Дар Душанбе «Маҳфили ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд» баргузор гардид
ШАҲОДАТНОМАИ ТАВАЛЛУД. Ҳар шахс дар мавриди бақайдгирии давлатии таваллуд ба насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтон дар рӯзҳои сард зиёновар аст
НОМИ НАКӮ-НИСФИ ҲУСН. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мардуми моро бо ному насаби миллӣ ба оламиён муаррифӣ менамояд