Маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавононро бояд баланд бардошт, то ба гурӯҳҳои ифротӣ напайванданд

Декабрь 21, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 21.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон неруи бузурги пешбаранди ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, нақши онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ хеле назаррас аст. Мо саҳми ҷавононро дар рушди бунёдкорӣ дар симои Раиси шаҳри Душанбе   мебинем, ки новобаста ба ҷавонии худ дар зарфи ду соли охир пойтахти кишварамонро ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам, обод ва муосиру дунявӣ табдил дод. Оростани Арчаи асосӣ ва бунёди шаҳраки афсонавӣ   ба ифтихори Соли нави мелодии 2019 дар майдони марказии Душанбе, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ беназир аст, далели ин гуфтаҳост». Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худобердӣ Холиқназар дар  ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Ҷойгоҳи  ҷавонон дар  таҳкими  давлатдории миллӣ» доир гардид, баён дошт.

Тибқи иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА, дар ҳамоиш  намояндагони ҷавони вазорату идораҳои мамлакат ва коршиносон иштирок намуда, доир ба ҷойгоҳи ҷавонони мамлакат дар тақвияти  давлатдории  миллӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ, соҳаи тандурустӣ,  суботи ҷомеа, маърифатнокӣ, илму маориф ва таъсири абзорҳои нави иттилоотӣ  ба тафаккури ҷавонон  дар раванди таҳкими  давлатдории миллӣ ибрози назар намуданд.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонони  дастгоҳи марказии Кумитаи кор ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шаҳзод Раҳимзода зикр кард, ки “ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бо дахли ҷойгоҳи ҷавонон дар тақвияти давлатдории миллӣ Шаҳзод Раҳимзода иброз дошт, ки  саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ  ва рушди босуботи созандагӣ ва бунёдкории мамлакат  муҳим арзёбӣ мегардад. Мавқеи ҷавонон дар самти иҷтимоии давлат пазируфта шуда, дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон аз ҷониби  Пешвои миллат ҳамарӯза ба таври амалӣ мушоҳида мегардад.

Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   шаҳодати ғамхорӣ ва пуштибонии ҷавонон аз сӯи Сарвари давлат аст.  Таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ ҷойгоҳи ҷавонон  дар таҳкими  давлатдории миллӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад, зеро онҳо насли ояндасози Тоҷикистони муосир мебошанд. Ҷавонони кишвар барои рушди босубот ва ҳифзи марзу буми ин сарзамин, пос доштани обу хоки ватанамон,  ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани  нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ саъю талош карда,  нақши муассир мегузоранд ва ин мояи ифтихор аст”.

Зикр гардид, ки қисмати бештари аҳолии нуҳмиллионнафараи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, масъулияти ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ  дар шароити муосир бояд баланд бардошта шавад.

Таъкид шуд, ки дар замони муосир, махсусан дар раванди ҷаҳонишавӣ барои аз хатарҳои ҷаҳонӣ  эмин мондан баланд бардоштани тафаккур ва нақши ҷавонон хеле муҳим аст, зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ  дар дунё шабакаи интернет назоратнашаванда боқӣ мемонад. Бархе аз иттилоъҳое,  ки дар шабакаи интернет пахш мегарданд,  саҳеҳ набуда, барои ҷавонон хатар эҷод мекунанд. Гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар шароити замони муосир ба таври густурда аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намуда, андешаҳои худро тавассути  шабакаҳои иҷтимоӣ таҳвил мекунанд, то ба ҷавонон таъсир расонанд.

Аз ин рӯ, барои  нагаравидани ҷавонон ба иттиҳоду гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тамоми мақомот ва аҳли ҷомеа бояд масъулият  дошта бошанд. Дар ин росто бо мақсади таҳкими давлатдории миллӣ ва напайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон бояд баланд бардошта шавад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон дигар паҳлуҳои марбут ба нақши ҷавонон дар раванди бунёдкорию созандагии ҷомеаи  муосири Тоҷикистон матраҳ гардид.

Декабрь 21, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд