Пешвои миллат: «Соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари дӯсти Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд»

Декабрь 26, 2018 14:14

ДУШАНБЕ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. “Мо ба густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем”, — изҳор доштанд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.   

Пешвои миллат  зикр намуданд, ки густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои зиёди Осиёи Марказӣ чун анъанаи неки дӯстиву эҳтиром, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд  ба роҳ монда шуда, он ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо ва рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст.

Президенти мамлакат бо изҳори хушнудӣ иброз доштанд, ки баъди ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб гардидани муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар раванди рушди шарикии гуногунҷабҳаи минтақавӣ тамоюлҳои мусбат вусъат гирифта, ғояи он мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб намуд.

«Бо қаноатмандӣ хотирнишон месозам, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд. Тамоми масъалаҳои ҳалталабе, ки тайи зиёда аз 20 соли охир байни ду кишвар ба миён омада буданд, пурра ҳал гардиданд ва  мо ҳамкориямонро дар самти шарикии стратегӣ ба роҳ мондем»,- изҳор намуданд Сарвари давлат.

Декабрь 26, 2018 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид