Профессори Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия дар доираи сафари корӣ рақсҳои тоҷикиро мавриди омӯзиш қарор дод

Декабрь 3, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия  (шаҳри Барнаул)  профессори кафедраи хореографияи донишгоҳи мазкур Сингач Николай бо сафари корӣ ба  Душанбе  омад.

Тавре профессор, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов ба АМИТ «Ховар»   хабар дод, профессор  Сингач Николай  дар доираи сафари худ бо донишҷӯён дарсҳои маҳорати хореографӣ ва бо омӯзгорони кафедраи донишкада курси такмили ихтисос баргузор намуд. Инчунин номбурда аз Ансамбли давлатии рақсии «Лола» ва Ансамбли «Гулрез»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан кард. Ӯ рақсҳои тоҷикиро мавриди омӯзиш қарор дод ва тасмим гирифт, ки бо балетмейстерҳои ин ансамблҳо суҳбатҳои корӣ анҷом дода, методикаи саҳнавӣ намудани рақсҳои миллии мардуми русро муаррифӣ намояд.

Тибқи иттилои Сафаралӣ Қурбонов, дар назар аст, ки  аз ҷониби Сингач Николай ҳаракатҳои рақси русӣ ва  асарҳои хореографӣ дар ансамбли «Бунафша»-и донишкада ба саҳна гузошта шаванд.

Ёдовар мешавем,  ки моҳи октябри соли равон мудири кафедраи хореографияи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи М. Турсунзода Музаффар Искандаров ба Донишкадаи давлатии фарҳанги кишвари Олтойи Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дода,  бо иштироки ҳайати Ансамбли рақсии «Сибир»-и ин донишкада рақсҳои ҷолиби тоҷикӣ, аз ҷумла рақси «Кабӯтар», рақси «Бадахшонӣ», рақс — дуэти «Ҷавонони кӯҳистон» ва сюитаи «Базми Хатлон»-ро ба саҳна гузошт. Омӯзгори тоҷик ба ин восита рақси мардуми тоҷикро ба онҳо муаррифӣ намуд.

Декабрь 3, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид