РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ «БАЛҶУВОН-САРИ ХОСОР». Бунёди он дар рушди сайёҳии мамлакат қадами муассир хоҳад буд

Декабрь 31, 2018 12:56

ДУШАНБЕ, 31.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сари Хосор», ки сохтмонаш босуръат  идома дорад, дар рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз аҳамияти калон  бархӯрдор мебошад. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳандиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло ДАВЛАТОВ баён дошт.

Бояд тазаккур дод, ки сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон –Сари Хосор»-ро, ки дарозии умумиаш 33 км –ро ташкил медиҳад, Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ оғоз намуда, аз соли 2017 инҷониб онро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба ҳайси фармоишгар идома медиҳад. КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёт корҳои лоиҳакашии марҳилаи якумро дар ин иншооти ҳаётан муҳим ба анҷом расонидааст. Бояд зикр намуд, ки роҳ душворгузар арзёбӣ гардида, дар зиёда аз 2 километри он гузаронидани корҳои таркишӣ ва дар 14 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба назар гирифта шудаанд.

Пудратчиёни сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон-Сари Хосор» Ҷамъияти  дорои масъулияташ маҳдуди /ҶДММ/ «Сохтмон-Роҳ 2017» дар км 0 то км 9 ва ҶДММ «Паймонкори роҳ» аз км 13 то км 21,9 буда,  бо 16 адад техникаҳои муосир дар иҷрои корҳо машғул мебошанд. Аз 33 км дарозии умумии роҳи автомобилгарди «Балҷувон-Сари Хосор» дар 21,9 км роҳ, ки  харҷи лоиҳавии беш аз 84 миллион сомонӣ арзёбӣ гардидааст, иҷрои корҳо то ин муддат 16 миллион сомониро ташкил намуда, дар 11 километри марҳилаи дуюми роҳи мазкур корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.

Абдулло Давлатов афзуд, ки дар марҳилаи аввали сохтмони роҳ аз 50 адад иншооти сунъии ба нақша гирифташуда, аз қабили  такядеворҳо,  қубурҳои обпарто, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, иншооти обгардон 13 ададаш ба истифода дода шудаанд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 13 370 метрро дар бар мегиранд.

То ҷое мусаллам аст,  роҳи автомобилгарди «Балҷувон- Сари Хосор»  аз самти рости Шӯробдарё, ки болооби дарёи Қизилсуи Ҷанубӣ  мебошад, мегузарад. Дар айни замон дар мавзеи сохтмон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ босуръат  идома дорад.

Муҳандиси  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ зикр кард, ки паҳнои умумии роҳи «Балҷувон –Сари Хосор»  8 метрро ташкил дода,  қисмати мошингузар   6 метр мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бунёди роҳи автомобилгарди «Балҷувон –Сари Хосор» хусусан дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ,  рушди  сайёҳӣ дар ин минтақаи баландкӯҳи кишвар, ки дорои табиати нотакрор ва назаррабо, олами бои набототу ҳайвонот, шаршараю рӯдҳои хурӯшон, чашмаҳои шифобахш ва  ёдгориҳои таърихӣ мебошад, заминаи устувор мегузорад.

Бояд тазаккур дод, ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Балҷувон минтақаи сайёҳӣ эълон гардидааст, аз ин рӯ сохтмони роҳҳои автомобилгарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ  ба муаррифии захираи иқтидорҳои  сайёҳии Балҷувон, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию  хориҷӣ ба ин минтақаи баландкӯҳи кишвар мусоидат менамояд, зеро солҳои 2019-2021 бо ташаббуси Пешвои миллат  дар Тоҷикистон  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаанд.

Бунёди роҳи автомобилгарди «Балҷувон- Сари Хосор» дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат аз амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мужда расонида, зикр намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон  беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд.

                                                   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2018 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид