«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон таҳти ин унвон барномаи фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар ростои ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият қабул гардидани «Чакан»-и тоҷикон ва ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти унвони «Сад ранги чакан» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА иттилоъ медиҳад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе созмондиҳандаи ин барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ буда, эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот ба эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҳадафҳои асосии барномаи фарҳангӣ –фароғатӣ ба шумор меравад.
Қабл аз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ намоиши ҳунари чакандӯзони чирадаст – ҳунармандони чаҳор ноҳияи пойтахт ва марказҳои ҳунарии шаҳри Душанбе пешкаши иштирокдорони ин маросими фарҳангӣ гардонида шуд. Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, аз қабили либосу лавозимоти рӯзгор-курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хӯрҷин, ки бо нақшҳои гуногун оро дода шуда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Маҳорати дастони чакандӯзҳо таҷассуми зиндагӣ ва ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонпарварона ва миллии тоҷикон буда, аз фарҳанги бои мардумамон шаҳодат медиҳад.
Дар барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Сад ранги чакан» муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода доир ба таърих ва ҷойгоҳи ҳунари гулдӯзии тоҷикон- чакан сухан карданд. Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон-чакан аз зумраи онҳо мебошад.
Мавриди зикр аст, ки чакан навъе аз ҳунари қадимии тоҷикон буда, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва ҷаҳони маънавии миллати тоҷик иртиботи қавӣ дорад.
Бояд тазаккур дод, ки 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид /ЮНЕСКО/, ки дар шаҳри Порт –Луиси Маврикий доир гардид, чакани тоҷикон ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Зимни муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «чакан як нав гулдӯзии миллӣ дар матои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик рушд намудааст». Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, эътироф шудани «чакан» ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шаҳодати эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва дорои таъриху фарҳанги бостонӣ мебошад.
Дар доираи намоиши ҳунари гулдӯзии чакан- «Сад ранги чакан» барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин иборат буд, дар иҷрои ҳунармандони шинохта пешкаши аҳли толор гардонида шуд. Ҳамзамон намунаҳои либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, ки бо завқи баланди эҷодкорӣ ва ороиши чакандӯзӣ омода гардида буданд, намоиш дода шуданд. Он аз завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик ва ҳунари чакандӯзони чирадаст шаҳодат медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








































Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






