Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим» наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки филм ба омӯзиш ва муаррифии таърихи минтақаи Хатлон, ки дар сарчашмаҳо бо номҳои «Хутал», «Хуталон», «Хатлон» ва «Кӯлоб» оварда шудааст, равона гардидааст. Дар он давраҳои гуногуни таърихӣ- аз аҳди бостон то асрҳои миёна бо такя ба сарчашмаҳои илмӣ инъикос мешаванд.
Дар филми мустанад инчунин ба ёдгориҳои таърихӣ, санъату ҳунар ва суннатҳои мардуми минтақа таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Филм дар чанд қисмат таҳия гардида, давомнокии ҳар қисми он 50 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар он андешаҳои таърихшиносони маъруф, аз ҷумла Юсуфшоҳ Яъқубов, Ҷонибек Асрориён ва Фароғат Азизӣ пешниҳод мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 Хутали Қадим бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш) ва шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






