«ШАҲРИ ОРЗУҲО». Имрӯз дар он қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди Душанбе иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ барои хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҳудуди шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри орзуҳо» барномаи рангини консертӣ доир гардид.
Хурсандии кӯдакон ҳадду канор надошт, хабар дод чанд лаҳза пеш хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории тантанаи идона, зеро дар баробари тамошои барномаи рангини консертӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунармандони Сирки давлатӣ ба онҳо аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.
Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни ифтитоҳи барномаи консертӣ паёми табрикии Раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодӣ ба самъи иштирокчиён расонид, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Бачагони азиз, соли равон бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Шумо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон бунёд карда шуданд. Шумо, кӯдакони даврони Истиқлолият, ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳи он бебаҳра нахоҳед монд».
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сар карда, то қонунҳои алоҳида ва барномаҳои махсуси давлатӣ ба ҳифз, ғамхорӣ ва нигоҳубини кӯдакон, аз ҷумла хонандагону тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо равона карда шудаанд. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Ёдовар мешавем, ки дар барномаи фарҳангии мазкур қариб 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва оилаҳои камбизоати он иштирок намуданд.













Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд






