ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ҳисор 30 км роҳҳои мошингард таҷдид мегарданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор низ корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд. Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ беш аз 30 км роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Ҳисор соли равон таъмиру таҷдид ва навсозӣ мегарданд.
Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Ҳисор Шодӣ Ахмедов, таъмиру таҷдиди 10 км роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳр аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва 20 км аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша сурат мегирад. Мавсуф афзуд, ки масофаи умумии роҳҳои мошингард дар шаҳри Ҳисор 246 км –ро ташкил медиҳад. Соли равон таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингарди шаҳраки Ҳисор, Шарора, Ҷамоати деҳоти Навобод, Дурбат, Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ оғоз гардида, то охири сол ба анҷом расонида мешаванд.
Сардори идораи роҳҳои шаҳри Ҳисор афзуд, ки барои таъмиру таҷдид ва мумфарш намудани роҳҳои ҳудуди шаҳраку деҳот беш аз 180 тонна муми моеъ ва дигар маводи зарурӣ захира карда шудааст.
Ҳамзамон тибқи нақша, дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор, Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ шаш кӯпрук навсозӣ гардида, алҳол таҷдиди кӯпрук барои бартараф кардани селроҳа дар деҳаи баландкӯҳи Тахт, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ босуръат идома дорад. Ҳамзамон бо дахли муҳимияти роҳҳо дар ҳаёти аҳолии деҳот Шодӣ Ахмедов зикр кард, ки соли гузашта беш аз 115 км роҳҳои дохилии деҳаҳо дар ҳамкорӣ бо ҷамоати деҳот ва шаҳраку маҳаллаҳо бо қувваи сокинон шағалпӯш гардид. Инчунин дар байни аҳолӣ бо мақсади ба тартиб овардан ва васеъ кардани роҳу пайроҳаҳое, ки аз миёни деҳаҳо мегузаранд, дар самти ободонии роҳҳо корҳои тарғиботӣ бурда мешаванд.
Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон дар роҳҳои мошингард дар мавсими зимистон аз ҷониби идораи роҳҳои шаҳри Ҳисор 850 метри мукааб маводи зиддилағзиш, ки аз регу намак иборат аст, захира гардида, ҳамзамон беш аз даҳ адад мошинҳои барфрӯбӣ ва дигар техникаҳои зарурӣ ба мавсими зимистон омодаанд.
Мусаллам аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари мамлакат корҳои бунёдкорию созандагӣ босуръат идома дошта, он ба ҷабҳаи бузурги ободонӣ дар мамлакат табдил гардидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд






