АРЧАИ ДУШАНБЕ АЗ АРЧАИ МОСКВА ДАРОЗТАР! Арчаи солинавии пойтахти Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин дар ИДМ шомил шуд
ДУШАНБЕ, 03.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Арчаи солинавӣ дар шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарини кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шомил гардид. Агентии таҳлилии «ТурСтат» раддабандии арчаҳои солинавии ИДМ-ро дар ҷашни солинавии 2019 дар натиҷаи таҳлил аз рӯи баландии арчаҳои асосии пойтахтҳои давлатҳои ИДМ пешниҳод намуд.
Бино ба маълумоти «ТурСтат», арчаи солинавии Душанбе бо зебоӣ ва баландии 28 метр аз арчаҳои ҷашнии Москва (27 м), Остона (25 м), Бишкек (25 м) ва Тбилиси (25 м) пешсаф аст.
Арчаи солинавии майдони Кремли Москва беҳтарин арчаи сабзи солинавии кишварҳои ИДМ дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи Соли нав дар шаҳри Душанбе баландтарин арча дар таърихи шаҳр қомат афрохт. Баландии арча 28 метр ва паҳнои он 14 метр мебошад. Арчаи имсола нисбат ба арчаи соли гузашта 2 метр баландтар ва паҳнтар аст.








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






