Чаро масъулини филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода соли 2018 ба ягон ҳунарманд қарзи имтиёзнок надодаанд?

Январь 5, 2019 12:45

ТУРСУНЗОДА, 05.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2018  Нозироти андози шаҳри Турсунзода тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 44 нафар ҳунармандон, аз қабили дӯзанда,  бофанда, рассом, адрасбоф, кандакор, дуредгар, гулдӯз ва кулолгаронро  аз пардохти андоз озод намуд. 

Сардори Нозироти андози шаҳри Турсунзода Дилшод Ҳакимзода мегӯяд, ки «бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли 2018 атласбофию адрасбофӣ, қолинбофӣ, намадмолӣ, ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, попурзанӣ, дар маҷмӯъ 104 номгӯй  касб  аз  пардохти андоз озод шуданд.

Тибқи ин қарор ҳунармандон аз гирифтани патент ва ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ озод мебошанд.  Дар ин асос 104 номгӯй ҳунарҳои миллиро, ки аз пардохти андоз озод мебошанд, барои огоҳ  гардидани сокинони шаҳр дар назди бинои Нозироти андоз насб намудем. Соли 2018 ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ такони бузург бахшид. Дар оянда ҳунармандон аз ин имкониятҳо истифода бурда, дар деҳот корхонаҳои хурд таъсис медиҳанд ва  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд менамоянд».

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳавасманд гардонидани аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор 24 нафар, Шаҳринав 4 нафар, Ваҳдат 4 нафар, Рашт 11 нафар ҳунармандон  аз пардохти андоз озод гардиданд.

Ҳамчунин барои рушди ҳунарҳои миллӣ ва таъсиси  коргоҳҳои дӯзандагию кулолгарӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  аз тарафи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор ба 13 нафар ҳунарманд 77 184 сомонӣ, дар ноҳияи Шаҳринав ба 27 нафар сад ҳазор сомонӣ ва дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ба ҳунармандон қарзҳои имтиёзнок дода шуданд. Ин маблағҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ин соҳа мусоидат менамоянд.

Вале новобаста ба додани қарзҳои имтиёзнок ба ҳунармандон, ки он бо супориши махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи баъзе филиалҳои «Амонатбонк»-и ноҳияҳо хунукназарӣ ба мушоҳида мерасад.

Мисол, масъулини филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода соли 2018  ҳатто ба як ҳунарманд ҳам қарзи имтиёзнок надодаанд. Онҳо дар ин самт барои ҷалби ҳунармандон баҳри гирифтани қарзҳои имтиёзнок бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва воситаҳои ахбори маҳаллии шаҳр ҳамкорӣ накардаанд.  Масъулини филиали бонки мазкур дар ин маврид аз додани иттилоъ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» худдорӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Дар ин давра дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишини мамлакат бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммомҳои замонавӣ, пулҳо ва роҳҳои дохилӣ, ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагиву ресандагӣ, косибӣ ва дар маҷмӯъ, рушди ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода мешавад.

Субҳониддини МАХМУД,
   АМИТ «Ховар»

Январь 5, 2019 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд