Чемпионати Осиё: имрӯз бозиҳои гурӯҳӣ ҷамъбаст мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои гурӯҳии Чемпионати 17-уми Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷамъбаст мешаванд. Шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ мавзӯъро шарҳ медиҳад.
Имрӯз охирин бозиҳои гурӯҳии Чемпионати Осиё бо баргузор шудани чор вохӯрӣ бо ширкати дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ бо Қатар, Лубнон бо Кореяи Шимолӣ дар гурӯҳи «Е» ва Япония бо Ӯзбекистон ва Уммон бо Туркманистон дар гурӯҳи «F» ба нуқтаи ниҳоии худ мерасанд. Новобаста ба натиҷаи бозиҳои даври сеюм дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Япония, Қатар ва Арабистони Саудӣ аллакай ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифтаанд, аммо кадом даста аз кадом мавқеъ муборизаро идома медиҳад, норӯшан аст.
Дар бозиҳои шоми дирӯз дар гурӯҳи «С» дастаи мунтахаби Қирғизистон ба аввалин ғалабааш дар Чемпионати Осиё даст ёфт ва дастаи мунтахаби Филиппинро бо натиҷаи 3:1 шикаст дод. Ин се имтиёз ба футболбозони қирғиз имкон дод, ки ба бозиҳои минбаъда роҳхат гиранд.
Дар ин гурӯҳ футболбозони Кореяи Ҷанубӣ бар Чин бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд ва бо 9 холи имконпазир зинаи аввалро соҳиб шуданд.
Дар гурӯҳи «Д» дастаи мунтахаби Эрон вохӯриашро бо дастаи мунтахаби Ироқ бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст кард ва дар гурӯҳ соҳиби ҷои аввал гардид. Эрон ва Ироқ муборизаро барои Ҷоми миллатҳои Осиё идома медиҳанд.
Аммо дастаи мунтахаби Ветнам баъди пирӯзӣ бар Яман бо ҳисоби 2:0 барои роҳхат ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ интизори натиҷаи бозиҳои гурӯҳҳои дигар хоҳад шуд.










БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






