ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Ҳисор кӯчати 60 ҳазор қаламчаи гули садбарг муташаккилона идома дорад

Январь 12, 2019 09:44

ҲИСОР, 12.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд. Бо ин мақсад аз ҳавои мусоид истифода бурда, рӯзҳои шанбею якшанбеи ҳар ҳафта дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву идораҳо ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ  бо иштироки доираи васеи аҳолӣ ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида мешаванд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Ҳисор Насрулло Маҳмадализода, то имрӯз  дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор зиёда аз 3000 бех дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд. Барои гулпӯш намудани  канори роҳу гулгаштҳои шаҳр зиёда аз 60 ҳазор қаламчаи  гули садбарг  омода шуда, кӯчати он низ муташаккилона идома дорад. Ҳамчунин ҳашарчиён шурӯъ аз маркази шаҳр то беморхонаи марказӣ дар ду канори роҳ дарахт шинонида, бехи гулу буттаҳои ороиширо нарм кардаанд.

Масъулини шаҳри Ҳисор мегӯянд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи санитарию экологии маҳаллаҳо ва соҳили дарёву каналҳои асосии шаҳр бо қарори раиси шаҳр  аксияҳои  «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» эълон гардиданд.

Аксияҳои мазкур то охири соли 2019 идома ёфта, дар ҷамъбасти онҳо   ҷамоатҳои фаъол сазовори туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои раиси шаҳр мегарданд.

Январь 12, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар назди бинои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарахтони навъи магнолия шинонида шуданд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
«ЯК ҶАВОН – ЯК ДАРАХТ». Дар Душанбе иқдоми ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Соли 2026 дар шаҳри Панҷакент дар ҳазор гектар боғ бунёд карда мешавад
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид