То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши савдои байни ду давлат 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Чунин иттилоъ дода шуд 13 март зимни вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарони ду давлатро барои расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба то соли 2030 ба 2 миллиард доллари амрикоӣ таъкид намуданд.
Дар ҷараёнӣ вохӯрӣ мусоҳибон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду давлатро баррасӣ намуданд.
Фарҳодшоҳ Раҳмонализода масъалаи фаъол гардонидани Шурои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистонро муҳим арзёбӣ намуда, доир ба омодагии Тоҷикистон барои баргузор намудани ҷаласаи чоруми Шурои соҳибкорӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки баргузории Шурои соҳибкорӣ соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин намояндагони тиҷоратии Қазоқистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ, ки моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват карда шуданд.
Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ ва густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ иброз намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






