ДАРАХТ БИНШОН! Хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Б. Ғафуров дар мавсими имсола беш аз 20 ҳазор ниҳол ба фурӯш мебарорад
ДУШАНБЕ, 05.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ нимаи дуюми моҳи январи соли равон дар ҷумҳурӣ намоиш-фурӯши ниҳолҳо баргузор мешавад. Вобаста ба баргузории намоиши мазкур ва омодагии хоҷагиҳои ниҳолпарвар ба он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Розиқов ҳамсуҳбат шуд.
Тавре номбурда иброз дошт, ниҳолпарварӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, ин раванд дар қаламрави мамлакат бовусъат идома дорад. Зеро шинондани дарахт амри хайр буда, сабаби боз ҳам сарсабзу обод гардидани сарзамини Тоҷикистон мегардад.
«Бо ин мақсад Хоҷагии давлатии нихолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамасола дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзии мамлакат зиёда аз 300 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда ба фурӯш омода менамояд. Дар ин ҷода хоҷагии мо тасмим гирифтааст, ки дар намоиш – фурӯши ниҳолҳо зиёда аз 20 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда, аз ҷумла зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, нок, биҳӣ, бодом, чормағз, анор, анҷир ва ғайраро пешкаши харидорон гардонад»,- гуфт Далер Розиқов.
Ба зикри номбурда, ҳамчунин аз тарафи хоҷагӣ зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ, гулу буттаҳо, аз ҷумла арчаи сӯзанбарг, можавелника, туя, кипарис, сафедор ва гули садбарг омода гардидаанд, ки ҳамаи ин барои ҳусни дубора бахшидан ба кӯчаю хиёбон ва шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд. Ниҳолҳое, ки ҳоло барои фурӯш омода гардидаанд, аз санҷиши давлатӣ гузашта, дорои сертификат мебошанд.
Ҳоло кормандони Хоҷагии давлатии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидов кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар якҷоягӣ бо олимон ва мутахассисони соҳа беҳтарин ниҳолҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро истеҳсол намоянд. Онҳо ба он мекӯшанд, ки бо ин амали хайрашон дар зиёдшавии боғу токзор ва пешрафти амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Имсол хоҷагӣ тасмим гирифтааст, ки дар мавсими шинонидани ниҳол зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳолҳои худро ба фурӯш барорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар манотиқи ҷумҳурӣ 14 хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарвар фаъолият доранд. Ҳар яки ин хоҷагиҳо тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2020» амал менамоянд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






