ДАРАХТ БИНШОН! Исматуллои Зубайдулло: «5 ҳазор қаламчаи гули садбарги «заринка» барои фурӯш омода шудааст»
ДУШАНБЕ, 09.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Якшанбеи дуюми моҳи январ бахшида ба ҷашни Сада дар ҷумҳурӣ намоиш – фурӯши ниҳолҳо ва тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.
Тавре сардори Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии ниҳолпарвари шаҳри Турсунзода Исматуллои Зубайдулло ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, баргузории чунин намоиш – фурӯш барои хоҷагидорон маъракаи хуб буда, онҳо метавонанд зимни он ниҳолҳои парваридаи худро пешкаши деҳқонон гардонанд.
«Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии ниҳолпарвари шаҳри Турсунзода ҳамасола дар баргузории ярмаркаҳои ниҳол ширкат меварзад. Соли гузашта дар ярмарка — фурӯши ниҳолҳо, ки дар шаҳри Душанбе ва Турсунзода баргузор гардид, хоҷагии мо зиёда аз 2 ҳазору 900 бех ниҳолҳоро ба фурӯш баровард. Бештари онҳоро ниҳолҳои ангур, дарахтони сафедори аз 1 то 6-сола ва инчунин дарахтони мевадиҳанда ташкил доданд. Имсол низ мо дар нақша дорем, ки дар намоиш- фурӯши ниҳолҳо шумораи зиёди қаламчаҳои худро ба фурӯш барорем»,- мегӯяд Исматуллои Зубайдулло.
Ба иловаи номбурда, ҳарчанд ки самти хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Турсунзода ба парвариши ниҳол нигаронида шудааст, дар баробари ин онҳо боз ба кишти ғалладонагӣ, пахта ва дигар зироати кишоварзӣ ва гулу буттаҳои ороишӣ машғул мебошанд. Имсол дар хоҷагии мазкур қариб 5 ҳазор қаламчаи гули садбарги «заринка» парвариш ёфта, ба фурӯш омода шудааст. Инчунин дар хоҷагӣ зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳолҳои ҳархела парвариш меёбанд, ки беш аз 9 ҳазор бехи онро ангури яксолаи ҳусайнии сафед ва сиёҳ, зиёда аз 3 ҳазор бехро сафедори калифорниягӣ ва дарахтони мевадиҳандаи анор, шафтолу, зардолу ва санҷид ташкил медиҳанд.
«Мо дар оянда нақша дорем, ки сифати ниҳолҳоро боз ҳам беҳтар намуда, ба пайванди ниҳол ва нашъу намои онҳо аҳамияти бештар диҳем, то дар бозор рақобатпазир бошем. Тавре маълум аст, имрӯз дар ҷумҳурӣ ба парвариши ниҳолҳо на танҳо хоҷагиҳои давлатӣ машғул ҳастанд, балки якчанд хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва аз ҷониби аҳолӣ низ парвариши ниҳолҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки ба сифати ниҳол диққати ҷиддӣ дода, маҳсулоти ба талаботи бозор ҷавобгӯй парвариш намоем.
Ҳоло талаботи аҳолӣ ба ниҳолҳои себ, зардолу ва анор бештар буда, харидорони ин навъ ниҳолҳо зиёд шудаанд. Ба деҳқонон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми шинонидани ниҳол бояд ба солимии дарахт диққати ҷиддӣ диҳанд. Инчунин кӯшиш намоянд, ки решаи дарахт дар хок озод ҷойгир шавад ва зери он рехтани поруҳои органикӣ ба манфиати кор аст»,- зикр намуд сардори Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии ниҳолпарвари шаҳри Турсунзода Исматуллои Зубайдулло.
Ёдовар мешавем, ки Хоҷагии ниҳолпарвари шаҳри Турсунзода 26 июни соли 2008 таъсис дода шуда, масоҳати умумии замини корами обии он 36 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 2 ҳазору 155 гектари он парваришгоҳи ниҳол ҷойгир мебошад.








ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Дар заминҳои бекорхобидаи теппаҳои деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб боғи намунавӣ бунёд карда шуд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
«ШАҲРИ САБЗ». Дар ҳудуди Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои пойтахт 3,6 ҳазор бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст






